Агентии ИМА оид ба расонаҳои глобалӣ (USAGM) сармоягузории “Радиои Озодӣ”-ро муваққатан барқарор кард. Дар ин бора "Медуза" хабар медиҳад.

Барқарор шудани маблағгузорӣ бар асоси қарори Додгоҳи федералии ҳавзавӣ дар Вашингтон, ки рӯзи 26 март аз “Радиои Озодӣ” ҷонибдорӣ намуд, сурат гириф. Ин расона аз болои қарори қатъи сармоягузорӣ аз сӯи USAGM шикоят карда буд.  

Аз ҷумла, бо қарори додгоҳ, то моҳиятан баррасӣ шудани даъво, ки ҳафтаҳои наздик доир мегардад, USAGM бояд аз чорабиниҳое, ки ба қатъи кори “Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL)” равона шудаанд, худдорӣ кунад.

“Раҳбарияти USAGM бидуни асос наметавонад RFE/RL-ро ба қатъи кор  маҷбур созад, ҳатто агар президент чунин дастур дода бошад”, - ишора намудааст додрас.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 14 март супориш дода буд, ки фаъолият ва басти воҳидҳои корӣ (штат) дар ҳафт агентиҳои федералӣ ба таври назаррас коҳиш дода шавад.

Миёни онҳо Агентии ИМА оид ба расонаҳои глобалӣ (USAGM) ҳаст, ки якчанд корпоратсияи бузруги расонаҳои ИМА, аз ҷумла “Садои Амрико” (Голос Америки) ва “Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ”-ро маблағгузорӣ мекунад.

Пас аз ин “Садои Амрико” корро боздошт ва ҳамаи ҳайати кормандони радио ба рухсатии маҷбурӣ фиристод.

“Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ” ба кори худ идома дод. Рӯзи 18-уми март корпоратсияи расонаҳо аз болои USAGM шикоят бурд, то қарор дар бораи сармоягузории RFE/RL-ро бекор кунад.      

RFE/RL аз соли 1950 фаъолият дошта, аз ҳисоби маблағҳои аз ҷониби Конгресси ИМА ҷудошуда тавассути Агентӣ оид ба расонаҳои глобалӣ маблағгузорӣ мешавад. Корпоратсияи расонаҳо нахуст дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва аз соли 1953 дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба фаъолият пардохт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.