Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 27-уми март, ба хабаргузории давлатии ИРНА гуфтааст, кишвараш ба мактуби фиристодаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико посухи расмӣ гардонидааст ва тавассути давлати Уммон ирсол намудааст.
“Ин посухи расмӣ шомили номае аст, ки дар он нуқтаи назари мо дар робита ба вазъи феълӣ ва номаи Трамп ба таври комил шарҳ дода шуда ва ба маълумоти тарафи муқобил расонида шудааст”, - гуфтааст Аббос Ароқчӣ.
Сомонаи иттилоотии "Axios" бо истинод ба манобеи худ навишт, ки мақомҳои Умон дар бораи посухе, ки аз Эрон гирифтаанд, Амрикоро огоҳ кардаанд ва дар "рӯзҳои оянда" номаи ҷавобиро ба Кохи Сафед мерасонанд.
Аммо муҳтавои номаи ҷавобии Эрон маълум нест.
Бояд гуфт, Доналд Трамп оғози моҳи март дар гуфтугӯ бо шабакаи "Fox News" зикр кард, ки ба Саид Алии Хоманаӣ, пешвои исломии Эрон нома фиристода, пешниҳоди гуфтугӯҳои мустақим кардааст.
Номаи Трампро Анвар Қарқош, мушовири раиси Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар умури сиёсати хориҷӣ, дар Теҳрон бо Аббос Ароқчӣ супурд.
Баъзе аз расона бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки дар номаи худ Трамп аз Эрон хостааст вориди музокирот шавад ва бо ИМА созиш бандад. Барои ин ду моҳ муҳлат додааст.
Мақомҳои Эрон, аз ҷумла Хоманаӣ ва Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури ин кишвар дар шарҳҳои алоҳида муҳтавои мактуби Трампро “зӯргӯӣ” номида, таъкид карданд, ки ба ин шева наметавон Эронро маҷбур ба гуфтугӯ кард.
Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд, аммо Трамп соли 2018 қарори хуруҷи Амрико аз ин созишро имзо кард.
Амрико даҳсолаҳо ин ҷониб даъво дорад, ки Эрон мехоҳад ба яроқи ҳастаӣ даст ёбад ва аз ин лиҳоз, нисбати ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ кардааст. Эрон мегӯяд, барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.




Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста