ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1938 – Нахустин намоишномаи миллии театри мусиқии тоҷик – “Лола” намоиш дода шуд.
Соли 1965 – Ноҳияҳои Вахш ва Комсомолобод (феълан Нуробод) ташкил шуданд.
Соли 2006 – Аз колонияи ислоҳӣ ва меҳнатии №19-и шаҳри Хуҷанд ду маҳбус фирор карданд.
Соли 2010 – Дар Тоҷикистон маъракаи оммавии фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО-и Роғун” оғоз гардид.
Соли 2014 – ҶСК “Спитамен Бонк” таъсис ёфт.
Соли 2019 – Ҳукумат Вазорати молияро вазифадор кард, ки дар сомонаи расмии худ ҳар семоҳа маълумот дар бораи иҷрои буҷети давлатиро нашр кунад.
Соли 2021 – Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) намунаи санади суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии моликони воситаҳои нақлиётро тасдиқ кард.
Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” фармон имзо кард.
Соли 2022 – Вазорати корҳои хориҷии кишвар гуфт, Тоҷикистон дар амалиёти СААД дар Қазоқистон иштирок мекунад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1883 – Зодрӯзи Ҷуброн Халил Ҷуброн, яке аз нависандагони овозадори араб.
Ӯ соли 1883 дар Лубнон ба дунё омад. Ҷуброн Халил чун сарояндаи назму наср ба забонҳои арабиву англисӣ шинохта шуда, асарҳои ӯ, аз ҷумла “Арӯсҳои марғзор”, “Ошӯбгарон”, “Болҳои шикаста”, “Ҳайрат ва муҷиза”, “Исо - зодаи одам” дар ҷаҳон маъруф гардидаанд.
Соли 1931 бар асари бемории сил дар авҷи камолоти эҷодӣ аз олам даргузашт.
Соли 1929 – Мавлуди Неъматулло Усмонов, академики тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

Ӯ солҳо дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №1 шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) фаъолият карда, баъдан дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мудири кафедраи ҷарроҳӣ ва профессори ин донишгоҳ буд.
Неъматулло Усмонов муаллифи беш аз 410 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 8 монография, 13 дастури таълимию методӣ аст.
Ӯ 7 декабри соли 2012 дар Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1937 – Зодрӯзи Мукаррама Камолова, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Мукаррама Камолова духтари дирижёр Аъзам Камолов буда, бо иҷрои нақши Зайнаб дар филми “Ҳасани аробакаш” маъруф гардидааст. Ӯ инчунин дар филми “Ситораи Улуғбек”-и “Ӯзбекфилм” нақши Нисоро иҷро кардааст.
Ӯ хатмкардаи студияи миллии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) буда, Ҳунарпешаи театри мазҳакаи мусикии ба номи А. С. Пушкини ш. Ленинобод ва ҳунарпешаи Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутӣ аст.
Беҳтарин нақшҳои офаридаи ҳунарпеша дар саҳнаи театр Любов Гордеевна дар “Камбағалӣ айб нест”, Клариче дар “Шоҳ гавазн”, Гулнор дар “Дохунда”, Гурдофарид дар “Рустам ва Суҳроб”, Садорат “Хатро ман навишта будам” аст.
Дар синамо бошад дар филми “Ҳасани аробакаш” нақши Зайнаб ва “Ситораи Улуғбек”-и “Ӯзбекфилм” нақши Нисоро иҷро кардааст.
Ӯ соли 1994 дар синни 57 даргузашт.
Соли 1945 – Зодрӯзи Раҳматҷон Охунов, кимиёдон, доктори илмҳои химия.
Соли 1962 – Зодрӯзи Шермуҳаммади Шоҳиён, муовини раиси парлумон, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Шермуҳаммади Шоҳиён аз мансабдорони саршиноси кишвар буда, солҳо дар вазифаҳои баланди идорӣ ва сохторҳои қудратӣ фаъолият дошт. Ӯ ҳоло вакили парлумон ва муовини раиси Маҷлиси намояндагони кишвар аст ва пеш аз ин ду панҷсола Додгоҳи олии кишварро роҳбарӣ кардааст.
Ӯ фаъолияти худро соли 1984 ҳамчун муфаттиш оғоз карда, додраси шаҳру навоҳии Ёвону Норак ва вилояти Хатлон буд. Сипас аз соли 1994 муддате муовини вазири адлияи Тоҷикистон ва аз соли 2000 то 2006 мушовири давлатии президенти Тоҷикистон буд.
Бояд гуфт, ӯ солҳои 1997-2000 узви Комиссияи оштии миллӣ будааст. Аз соли 2006 то 2010 раиси Шўрои адлияи Тоҷикистон буд. Ниҳоде, ки дертар барҳам хӯрд.
Шермуҳаммади Шоҳиён соли 2010 вориди парлумон шуд ва муддати кутоҳе раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният ва солҳои 2011-2015 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.
Соли 2015 ӯ раиси Додгоҳи олии кишвар таъин шуда, ду панҷсола ин маснадро нигоҳ дошт ва ахиран моҳи январи соли 2025 аз ин вазифа бозхонд шуд. Аз моҳи марти соли 2025 муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон аст.
Бар иловаи фаъолият дар идороти давлатӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён ҳамчунин, ба парвариш ва нигоҳубинӣ асп рағбат дорад ва аспҳои ӯ дар мусобиқаҳои аспдавонӣ ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд. Аз ҷумла, соли 2020 аспи Шоҳиён дар мусобиқаи бузкашӣ дар Панҷакент ғолиб омада, ҷойизаи асосӣ - мошинро соҳиб шуда буд.
Соли 1966 – Мавлуди Шарифи Мисайзод, рӯзноманигор, муҷрии барномаҳои радиоӣ, шоир ва нависандаи тоҷик.

Шарифи Мисайзод дар давраи пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба майдони журналистика қадам ниҳод ва яке аз масъулин ва ровиёни барномаи маъруфи “Хоки Ватан” буд. Бо таъсиси радиои “Садои Душанбе” дар соли 1999 то вопасин лаҳзаҳои умр, соли 2016 дар ҳамин радио фаъолият кардааст.
Ӯ аввалин рӯзноманигор аст, ки дар радио гузориши мустақими телефониро ба роҳ монд. Ҳамчунин аз даврони донишҷӯӣ бо тахаллуси “Шайдо” шеър менавишт. Ҳамзамон аз ӯ хушгӯиҳои зиёде ҳам ба ёдгор мондаанд.
Шарифи Мисайзод худ хатмкардаи шӯъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1990 буда, фаъолияташро соли 1992 аз идораи ахбори Радиои Тоҷикистон шурӯъ кардааст.
Ӯ субҳи 16-уми июни соли 2016 дар синни 50 бар асари бемории қалб даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1838 ихтироъкори амрикоӣ Самуэл Морзе бори аввал дастгоҳи телеграфии худро ба маърази тамошои умум гузошт.

Ин рӯйдод дар шаҳри Морристауни иёлати Ню Ҷерсии ИМА сурат гирифт. Ихтирои Морзе қадами бузург дар пешрафти иртиботот буд, ки тавонист паёмҳоро дар масофаҳои дароз бо истифода аз сигналҳои барқӣ интиқол диҳад.
Имрӯз ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии кӯдакони дар ҷанг ятимшуда таҷлил мегардад. Ин рӯз бо ибтикори созмони башардӯстонаи фаронсавии "SOS Enfants en Detresse" муқаррар гардидааст.

Тибқи гузориши "Ҷанг бар зидди кӯдакон"аз тарафи созмони "Save the Children" (Кӯдаконро ҳифз кунед) ҳар шашум кӯдак дар ҷаҳон дар минтақаи низоъҳои мусаллаҳона зиндагӣ мекунад.
Мақсади ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масоил аст. Даҳҳо ҳазор духтарон ва писарон дар кишварҳои ҷангзада қурбон шуда, аз тарафи гурӯҳҳои мусаллаҳ барои истифода ҳамчун сарбоз рабуда мешаванд. Савдои кӯдакон барои интиқол ба ғуломии ҷинсӣ, гирифтани узвҳои дохилӣ барои трансплантатсия аз воқеиятҳои сахти ҳар як ҷанг мебошанд.
Ҳамсоал, 6-уми январ Рӯзи дарахти себ таҷлил мегардад. Ин сана бо ҷашнҳои Соли нав ва Мавлуди Исо рост меояд.

Дарахти мевадиҳандаи себ 8500 сол инҷониб аз тарафи инсонҳо парвариш меёбад. Яке аз афсонаҳои маъруфи Юнони қадим, супоридани себи тиллоӣ ба худои Афродита бо навиштаҷоти “Зеботарин” мебошад. Ин рӯйдод сабаби оғози ҷанги Троя шуда буд. Ибораи “себи ихтилоф”, ки таърихнигори римӣ - Юстин истифода бурдааст, ишора ба чизи ночиз ё рӯйдодест, ки метавонад оқибатҳои бузург ва харобиовар дошта бошад.
Имрӯз масеҳиён шаби арафаи Мавлуди Исои Масеро ҷашн мегиранд. Дар ин шаб кулчаҳои махсуси ҷашнӣ аз донаҳои гандум ё ҷави дар об таршуда омода мекарданд, ки ба он шираи донаи офтобпараст, хардал ва чормағз меафзуданд. Навъи дигари кулчаҳо чун чашмак сӯрохӣ дошта, барои пешгӯӣ кардан кор бурда мешуданд.

Бо фаро расидани ин шаб рӯзаи бузурги Мавлуди Исо барои пайравонаш ба поён мерасид. Рӯза то ибодати шомгоҳӣ идома меёфт. Истеъмоли ғизо бо зуҳури ситораи аввал, ситораи Вифлеҳем, ки таваллуди Исо Масеҳро ба чӯпонҳо башорат дода буд, оғоз мешуд
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона -3+2º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 6+11º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 1+6º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 14-16º сард, рӯзона -4+1º.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят шабона 22-27º сард, дар баъзе минтақаҳо то 47-49º сард, рӯзона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона 1+3º гарм.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста