Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА/FIFA) феҳристи расмии доваронеро, ки дар соли ҷорӣ бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд, нашр кардааст.
Ба ин рӯйхат 18 довари тоҷик ворид гардидаанд - 7 довари ФИФА, 8 ёвари довари ФИФА ва 2 довари футзали ФИФА. Ҳамчунин, 4 довари тоҷик, ки дар рӯйхати мазкур қарор доранд, ҳаққи ҳакамӣ кардани бозиҳои байнлмилалиро ҳамчун довари навор ё VAR пайдо кардаанд.
Теъдоди доварони тоҷик дар ин рӯйхат нисбат ба соли гузашта 1 кас афзоиш ёфта, аз 17 нафар ба 18 кас расидааст.
Феҳристи доварон аз Тоҷикистон, ки дар соли 2026 бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд, ба таври зайл аст:
Доварони ФИФА:
Гулмуроди Саъдулло (Душанбе);
Насрулло Кабиров (Норак);
Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе);
Абдулло Давлатов (Шаҳринав);
Амирҷон Хоркашев (Душанбе);
Нодира Мирзоева (Душанбе);
Наталя Сотникова (Душанбе);
Ёварони доварони ФИФА:
Акмал Буриев (Турсунзода);
Хусрави Сиддиқзод (Душанбе);
Ҳасан Каримов (Норак);
Фарҳод Қуралов (Душанбе);
Вафо Қараев (Шаҳринав);
Исмоил Нуралиев (Норак);
Ғайрат Рӯзибоев (Шаҳринав);
Дилшода Раҳмонова (Душанбе);

Доварони футзали ФИФА:
Суҳроб Сатторов (Турсунзода);
Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе);
Доварони видео (VAR):
Гулмуроди Саъдулло (Душанбе);
Абдулло Давлатов (Шаҳринав);
Амирҷон Хоркашев (Душанбе);
Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе).
Қаблан ФФТ хабар дода буд, ки Гулмуроди Саъдулло, ки довари ФИФА аз Тоҷикистон аст, бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад.
Ӯ якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, сардовар таъин шудааст.





Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста