Аз охири соли 2025 то аввали соли 2026 чанд тағйири калидӣ дар сафи мансабдорони воломақоми Украина сурат гирифт. Ба иттилои расонаҳо, қисме аз мансабдорон курсиро тарк карда, вазифаҳои нав гирифтанд, бархеи дигар аз сиёсат рафтанд.
Барканории роҳбарони Хадамоти амният ва дастгоҳи раисҷумҳур
Ба иттилои ВВС, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дирӯз, 6-уми январи соли 2026 роҳбари Хадамоти амният (ХАУ) Васил Малюкро аз вазифа барканор кард.
Ба навиштаи манбаъ, Малюк, ки бо амалиётҳои алайҳи Русия, аз ҷумла ҳамлаҳои бесарнишин ба қаламрави Русия машҳур буд, аз курсӣ меравад, аммо ба ӯ мансаби дигар медиҳанд.
“Ман дар низоми Хадамоти амнияти Украина мемонам, то амалиётҳои махсуси фаромутаносиби сатҳи ҷаҳониро пиёда кунам. Мутмаинам, ки хадамоти махсуси қавӣ ва муосир - кафили амнияти давлати мо мебошад”, - гуфта мешавад дар изҳороти Малюк, ки дар саҳифаи Хадамоти махсуси Украина дар телеграм нашр шудааст.
Зеленский бо фармони дигар Евгений Хмара, роҳбари воҳиди вижаи “Алфа”‑и Хадамоти амниятро иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ХАУ таъйин карда, барои тасдиқ ба порлумон фиристодааст.
Ба гуфтаи ВВС, иваз шудани роҳбари ХАУ ҳамчунин як қисми кӯшиши Зеленский барои мутобиқ кардани сохторҳои қудратӣ ба марҳилаи навтари ҷанг ва тақвияти амалиётҳо ба шумор меравад.

Кирил Буданов ба ҷои Андрий Ермак
Як рӯз пеш, 5-уми январ, “Украинская правда” хабар дод, ки Зеленский Кирил Буданов, роҳбари Истихбороти ҳарбиро барканор ва ҳамзамон ӯро ба вазифаи раиси дастгоҳи раисҷумҳур таъйин кард. Ӯ ҷойгузини Андрий Ермак, ки баъди олуда шудани номаш ба парвандаи марбут ба ришватхӯрии Бюрои миллии зиддифасоди Украина ошкоркарда зикр шуд, таъин шуд. То ҳол Ермак ба вазифаи дигаре таъйин нашудааст.
Ба навиштаи хабаргузории украинӣ, Буданов ҳамчун “генерали ҷабҳа” ва шахси боэътимод барои Вашингтон шинохта мешуд ва ба ӯ барои идора кардани низоми сиёсӣ ва музокироти сулҳ миёни Русия ва Украина такя мекарданд.
Барканории вазирони энерживу адлия
Охири соли гузашта ҳам чанд мансабдори баландпояи Украина аз вазифа барканор ва боз чанде аз онҳо ба курсии дигаре таъйин шуданд. Аз ҷумла, 19-уми ноябри соли 2025 вазири энержии Украина Свитлана Гринчук аз вазифа рафт. Ҳамзамон бо Гринчук, вазири адлия Герман Галушенко низ истеъфо доданд.

Ҳарду вазир пас аз он аз вазифа рафтанд, ки Бюрои миллии зиддифасоди Украина парвандаи ришвахӯрии онҳо ба маблағи 100 миллион долларро ошкор кард.

Ройтерз дар таҳлили рӯзи 12 декабри 2025 навишт, ки то миёнаи декабр ҳеҷ як номзади ниҳоӣ барои курсиҳои вазирони энержӣ ва адлия тасдиқ нашудаанд. Адами “шахси арзанда”-ро ин расона ба ҷанги Русияву Украина рабт додааст. Ҳарду курсӣ то кунун холӣ мондааст ва корҳои идории онҳоро муовинон пеш мебаранд.
Ба ин тартиб, ба иттилои ВВС, DW, Ройтерз ва “Украинская правда”, дар охир соли 2025 ва аввали соли 2026 бештар сухан аз иваз кардани чеҳраҳои калидӣ дар доираи ҳамон элитаи атрофи Зеленский меравад - ҳайати ҳукумат на он қадар “нав” шудааст, балки қисман “ҷойгузини ҳам” шудаанд.




Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста