Дар Тоҷикистон Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шудааст. Дар ин хусус қарори ҳукумат рӯзи 28-уми феврали соли 2025 содир шудааст, ки нусхаи онро пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлия нашр кардааст.
Дар ин қарор омадааст, ки Шӯро мақоми машваратӣ дошта вазифааш ҳамоҳанг сохтани кори идораҳои давлатӣ дар масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила мебошад.
Ҳамчунин, Шӯро муаззаф гардидааст, ки кори созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар робита ба пешгирии зӯроварӣ дар хонаводаҳо ҳамоҳанг кунад. Шӯро ба таҳияи пешниҳодҳо дар самти амаликунонии сиёсати давлатӣ дар бахши пешгирии зӯроварӣ дар оила, гузарондани мониторинг ва муайянкунии ҳолати ҷабрдидагон ва кӯмак ба онҳо низ вазифадор шудааст.
Ҳайати Шӯро аз раис, муовини раис, котиб ва аъзои Шӯро иборат будааст. Дилрабо Мансурӣ, муовини нахуствазири Тоҷикистон раиси Шӯрои пешгирии зӯроварӣ дар оила таъин шудааст. Бунафша Файзиддинзода,раиси Кумитаи кор бо занон ва оила муовини ӯ таъин гардидааст ва раисони вилоятҳо ва муовинонашон аъзои Шӯро мебошанд.
Дар қарор зикр шудааст, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ба ҷаласаҳои Шӯро даъват шуда, пешниҳодҳояшон дар масъалаи пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ шунида мешавад. Вале аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба узвияти Шӯро шомил нашудаанд.
Тибқи қарор Шӯро дар як сол на камтар аз ду маротиба бояд ҷаласа гузаронад, вале дар ҳолатҳои зарурӣ имкон дорад ҷаласаҳои ғайринавбатӣ баргузор кунад.
Зӯроварӣ дар оила, ки ба он бештар занон ҷабр мебинанд, яке аз мушкилоти хонаводаҳои Тоҷикистон гуфта мешавад.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои зӯроварӣ дар оила танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Мушаххасан, барои хушунати хонаводагӣ то 5 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда - 75 сомонӣ), яъне то 375 сомонӣ ҷарима ё ҳабс ба муҳлати то 15 шабонарӯз пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон давоми соли 2024-ум дар маҷмуъ, 3 ҳазору 200 арзу шикоят дар робита ба зуроварӣ ба ин ниҳод ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо соли 2023-юм 148 ҳолат зиёд аст. Аз ин ҳисоб 2 ҳазору 652 шикоят аз сӯи занон аз болои мардон барои хушунат ва зӯроварӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 84 ҳолат бештар аст. Ҳамчунин беш аз 550 мард барои хушунат ва зӯроварӣ нисбаташон ба кумита шикоят кардаанд, ки нисбат ба соли 2023-юм 61 ҳолат зиёд будааст.
Коршиносон мегӯянд, ки зӯроварӣ нисбат ба занон дар баробари он, ки боиси пошхӯрии оилаҳо ва фоҷиаҳои инсонӣ мешаванд, ҳамчунин ба рӯҳияи кӯдакон таъсири ҷиддӣ мерасонад.





Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста