Ташнагӣ – аломати табиии эҳтиёҷи бадан ба об аст. Интихоби нӯшокии дуруст на танҳо ташнагиро мешиканад, балки шахсро рӯҳбаланд мекунад, ба ӯ нерӯ ва завқи тоза мебахшад. Нӯшокиҳои «АРК Саноат» ҳамаи ин хусусиятҳоро доро буда, метавонанд дар ҳар вазъият ҳамроҳи шумо бошанд.

Чанде пеш дар бозори ватанӣ нӯшокиҳои нави чой ва газдор ба фурӯш баромаданд: Nice Tea, Pantera, Sunrise ва Bora Bora. Дар муддати кӯтоҳ ин нӯшокиҳо тамға (бренд)-и «АРК Саноат»-ро ба яке аз тамғаҳои шинохта дар Тоҷикистон табдил доданд. Ин тааҷҷубовар нест, зеро ҳамаи маҳсулоти ширкат тибқи меъёрҳои мутобиқати давлатӣ истеҳсол шуда, ба гувоҳномаи байналмилалии Hazard Analysis and Critical Control Points (HACCP - консепсияи муайянсозии доимӣ, арзёбӣ ва идоракунии омилҳои хатарноке, ки ба бехатарии маҳсулот таъсири назаррас мерасонанд) мутобиқ мебошад.

Чойи кабуди Nice Tea бо пудина миёни дӯстдорони тарзи ҳаёти фаъол бештар аз ҳама маъмул мебошад. Он шахсро рӯҳбаланд мекунад, ба ҷисм нерӯ мебахшад ва дар сафару тамринҳо ташнагиро мешиканад.

 

Чойи хунукшудаи Nice Tea

Ширкати АРК “Саноат” ду навъи чои сиёҳ - бо маззаи шафтолу ва буттамева, инчунин як навъи чои кабуд (бо пудина) истеҳсол мекунад. Дар онҳо танҳо маҳсулоти табиӣ - оби тозашуда, шакар, ҷавҳари чойи сиёҳ ва кабуд, хушбӯйкунандаҳои табиӣ ва меваҳо истифода шудааст.

Аз ин рӯ, онҳо на танҳо болаззат, балки муфид ҳам ҳастанд ва зарфи қулайи онҳо имкон медиҳад, ки онҳоро ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо худ бигиред: кор, сафар, толори варзишӣ, мактаб ё донишгоҳ.

 


Нӯшокиҳои газдор

Нӯшокиҳои газдори «АРК Саноат»-ро дар рафҳои фурӯш метавон дар зарфҳои ҷилодор бо номҳои Pantera, Sunrise ва Bora Bora пайдо кард.

Pantera – нӯшокии тавонбахш, ки тамоми рӯз ба шахс нерӯ медиҳад.

Bora Bora – нӯшокии газдор бо маззаҳои гуногун: олуча, анор, мохитои классикӣ, мохитои қулфинай, «тутти-фрутти» ва ғайра.

Sunrise – нӯшокии газдор бо иловаи шарбати табиии: анор, лимончелло, мохито классика и мохито кулфинай ё анор (вобаста ба навъ).

Ҳар як нӯшокӣ хурӯше аз мазза ва мушки нотакрор аст, ки аз ҷуръаи аввал кайфияту ҳаловат мебахшад. Ин нӯшокиҳо метавонанд ҳар хони зиёфатро оро диҳад, дар саёҳат ташнагиро шикананд ва ҳатто кӯдакони инҷиқу нооромро ҳангоми сайругашт ором намоянд.

 

Аз куҷо харидан мумкин аст?

Нӯшокиҳои «АРК Саноат» дар марказҳои савдои бузург, мисли Ashan, Tim, Paikar, Rudaki Plaza, инчунин дар мағозаҳои хурди назди маҳалҳои истиқоматӣ фурӯхта мешаванд. Ҳамчунин чой ва нӯшокиҳои газдорро дар тарабхонаву қаҳвахона ва меҳмонхонаҳо низ пайдо кардан мумкин аст.

Фурсати чашидани маззаи чойи хунукшуда ва нӯшокиҳои газдорро аз “АРК Саноат” аз даст надиҳед! Ба дунёи маззаву таъми тару тоза дохил шуда, аз ҳар ҷуръа лаззат бареду фоида бинед.

Қобили зикр аст, ки ширкат бо харидорон, ки ба интиқоли маҳсулот ба нуқтаҳои гуногуни савдо машғуланд, фаъолона ҳамкорӣ дошта, дархост барои фармоиши яклухтро қабул мекунад.

 

Дар бораи истеҳсолкунанда

Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои тароватбахши «АРК Саноат» 29 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе тибқи франшизаи амрикоӣ ифтитоҳ шудааст. Он бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, мувофиқи меъёрҳои баланди сифат кор мекунад.

“Мо франшизаи амрикоиро интихоб кардем, зеро ширкатҳои амрикоӣ ба туфайли меъёрҳои баландтарини сифат ва таҳияи дастурҳо дар бозори нӯшокиҳо пешсафанд. Онҳо ҳамчунин дар таҳияву коркард ва ба бозор баровардани тамғаҳои нави савдо  таҷрибаи ғанӣ дошта, шарики мо “BQ product” имрӯз яке аз намояндагони барҷастаи бозори нӯшокиҳои Амрико мебошад”, – зикр мекунанд истеҳсолкунандагон.

Ояндаи наздик «АРК Саноат» ният дорад, ки номгӯи маҳсулоти худро васеъ намуда, ба бозорҳои содиротӣ роҳ ёбад. Айни ҳол ширкат шарики расмии чорабиниҳои бузург, мусобиқаҳои варзишӣ ва ҷашнвораҳо мебошад ва ҳамчунин ташаббусҳои хайрияро дастгирӣ мекунад.

Дар омади гап, ҳар нафаре метавонад мазаи маҳсулотро комилан бепул чашад, дар мизи чашидани мазза дар нуқтаҳои фурӯш маззаашро чашед ва аз ин лаҳза лаззат бурда, таъми дӯстдоштаи худро интихоб кунед!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.