Дирӯз, 17-уми феврал дар Душанбе беҳтаринҳои соҳаи варзиш дар соли гузашта, аз ҷумла варзишгарон, мураббиён, дастаҳо ва муассисаҳои варзишӣ эълон ва қадрдонӣ гардиданд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иттилоъ медиҳад.
Варзишгарони беҳтарини сол онҳое эълон шуданд, ки дар Бозиҳои олимпӣ ва чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё ҷоиза ба даст оварданд.
Варзишгарони беҳтарини сол дар байни калонсолон дар варзиши навъҳои олимпӣ:
Сомон Маҳмадбеков – беҳтарин варзишгар (ҷудо, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024, Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё).
Темур Раҳимов – беҳтарин варзишгар (ҷудо, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024 ва Чемпионати Осиё).
Давлат Болтаев – беҳтарин варзишгар (бокс, медали биринҷии Олимпиадаи Париж-2024).
Лоиқ Қудбиддинов беҳтарин варзишгар дар байни ҷавонон аз рӯи навъҳои варзаши олипмӣ (ҷудо, медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон) эълон шуд.
Дар байни бонувони варзишгари навъҳои олимпӣ Абдуллоева Фариноз беҳтарин варзишгар (бокс, медали тиллои Чемпионати Осиё) ва миёни бонувони варзишгари навъҳои ғайриолимпӣ Ясмина Ан-Нимр беҳтарин (бодибилдинг, чемпиони дукаратаи ҷаҳон) донгиста шуд.
Беҳтарин даста, мураббӣ ва муассисаҳои варзишӣ
Тими миллии футзали Тоҷикистон беҳтарин дастаи варзишӣ эълон гардид.
Ҳамчунин, Суҳроб Абдураҳмонов (гӯштини ҷудо), Маҳмадбеков Фотеҳ ва Бабаҳҷонов Алӣ беҳтарин муррабӣ дониста шуданд.
Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе беҳтарин иншооти варзишӣ, Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ва Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 (бокс) беҳтарин мактабҳои варзишӣ эълон шуданд.
Шаҳри Душанбе беҳтарин шаҳри варзишии сол дониста шуд.
Дигар беҳтаринҳои солро дар ин пайванд бубинед.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз ҳамчунин, ҷоизаҳои пулии президенти Тоҷикистон ба варзишагроне, ки соли гузашта дар мусобиқаҳои байналмилалӣ нишондоди беҳтаринро доштанд, тақдим гардид, ки метавонед дар ин пайванд хонед.
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста