Чанд рӯзи ахир дар шабкаҳои иҷтимоӣ акси гӯё Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба “Крокус сити Ҳолл”-и Маскав, ки зоҳиран дар шароити берун аз маҳбас аст, паҳн (бойгонӣ) шудааст. Дар акс дида мешавад, ки номбурда бо риши дароз ва дар тан либоси низомӣ дорад. Дар матни зери акс навишта шудааст, ки “Муҳаммадсобир Файзове, ки дар таркиши “Крокус” ширкат дошт, шартнома баста дар ҳайати гурӯҳи “Аҳмат” ба ҷанг меравад”.
Бо ҳадафи муайянсозии воқеият доштан ё надоштани ин хабар, акси мазкурро мавриди санҷиш қарор додем.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Агар ба акси мазкур, ки дар он чеҳраи Муҳаммадсобир Файзов дида мешавад, таваҷҷӯҳ кунем, номувофиқатӣ дар баъзе аз ҷузъиёт дида мешавад, ки он далели сохта будани акси мазкур аст. Масалан, дар пеши акс дар рӯйи миз смартфон ба чашм мерасад. Ба рӯйи экрани смартфон таваҷҷуҳ кунед, дар он чеҳраи нафареро мебинед, ки дар сар сарпӯш надорад, ва ранги пӯсташ каме сиёҳтар аст. Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадсобир Файзов дар сар сарпӯш дорад, шакли абрӯвонаш ҳам аз Муҳаммадсобир Файзов тамоман фарқ мекунад.

Ҷузъияти дигари шубҳабарнгез дар акси мазкур ин аст, ки дар тарафи чапи рӯйи Муҳаммадсобир Файзов рахи монанде ба натиҷаи захм мушоҳида мешавад. Аммо дар ҳамин ҳол дар аксҳое, ки расонаҳои Русия моҳи августи соли 2024 нашр (бойгонӣ) намуданд, дар тарафи чапи рӯйи Файзов пайи захм ё рахе дида намешавад.

Як нуктаи дигари номувофиқ дар акси мавриди санҷиши мо бо аксҳои кӯҳнаи Муҳаммадсобир Файзов ранги риши ӯст. Дар ҳамаи аксҳои куҳнаи ӯ ранги ришаш сиёҳ аст, вале бар хилофи ин дар акси мавриди санҷиши мо ранги риши ӯ дигар аст.
Акси мавриди санҷиши мо дар канали телеграмии “Adamyan & Nazarian Live” (бойгонӣ) 18 январ нашр шудааст. Сипас, дар каналҳои дигари ин пойгоҳ ҳам (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ) паҳн гардидааст.
Ҷустуҷӯи акси мазкур нишон дод, ки он дар якчанд саҳифаҳои шабакаи Х (пешина Twitter) низ нашр (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ) шудааст. Минҷумла, акси мазкурро дар шабакаи Х саҳифае бо "vaala" номи пайдо (бойгонӣ) кардем.
Аз тафтиши саҳифаи мазкур аён гардид, ки ин саҳифа акси сохтаи гумонбари дигари ҳамла ба “Крокус сити Ҳолл” Фаридуни Шамсиддинро низ нашр (бойгонӣ) кардааст, ки дар назди ду кӯдаки мактабхоне дида мешавад.
Ин дар ҳолест, ки шакли оригиналии акси мазкур (инҷо (бойгонӣ), инҷо (бойгонӣ), инҷо (бойгонӣ) нашр шудааст ва аз натиҷаи вохӯрии иштирочиёни ҷанги Русия дар Украина бо хонандагони мактабе дар Тюмен бардошта шудааст.
Ягон расонаҳои расмии Русия, ки ҳоло Муҳаммадсобир Файзов дар боздоштгоҳи онҷо қарор дорад, то ба шоми 17-уми феврал, соати 18:30 дар бораи бо артиши Русия шартнома бастани вай хабар нашр накардааст.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории Русия, шахсоне, ки дар боздоштанд ва алайҳашон парванда боз гардида, дар тафтиш қарор дорад, ҳуқуқи бастани шартнома бо Вазорати дифои ин кишварро надоранд.
Хулоса
Аксе, ки гӯиё дар он Муҳаммадсобир Файзов бо либоси ҳарбӣ дида мешавад ва дар он гуфта мешавад, ки шартнома имзо карда, дар ҳайати гурӯҳи “Аҳмат” ба ҷанг меравад, воқеият надорад. Ҳамчунин, акси гумонбари дигари ҳамла ба “Крокус” Фариддуни Шамсиддин, ки гӯиё дар иҳотаи хонандагон мактаб аст, сохта аст ва асоси воқеӣ надорад.
Ҳамла ба "Крокус" ва боздошти баҳсбарангези 4 шаҳрванди Тоҷикистон
Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав рӯзи 22-уюми марти соли гузашта рух дод. Ҳамлагарон ба сӯйи ғайринизомиён дар бино оташ кушода, толори мусиқиро оташ заданд ва фирор карданд. Бар асари ин ҳамла беш аз 140 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
Ин ҳамла яке аз бузургтарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи Русия аст, ки масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" - Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт.
Чаҳор шаҳрванди Точикистон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридун Шамсидин ҳамчун гумонбари бевоситаи ҳамла ва чанд нафари дигар ҳамчун шарик ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. Чанд маротиба муҳлати ҳабси онҳо дароз карда шуд.
Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд.
Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.
Баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро дар ин пайванд хонед.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста