Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба “Крокус сити Ҳолл”-и Маскав, ки як моҳ пас 20-сола мешавад, дар оилаи зиёӣ таваллуду бузург шудааст.

Ӯ пеш аз боздошташ дар яке аз сартарошхонаҳои шаҳри Ивановои Русия ба ҳайси сартарош кор мекард. Бархе аз муштариён маҳз барои хидмати ӯ ба ин сартарошхона меомадаанд.

Муҳаммадсобир рӯзи 23-юми март бо се тан аз гумонбарони дигари ҳамали террористӣ ба “Крокус”, ки беш аз 140 кас куштаву садҳо захмӣ ба ҷой гузошт, боздошт ва то моҳи май ба ҳабс гирифта шуд.

Ӯро ба толори Додгоҳи ноҳияи Басманний бо аробача ва либоси тиббӣ оварданд. Пеш аз он дар шуъбаи эҳё буд ва ба суоли аввали муфаттиш дар бозпурсӣ бо ёрии тарҷумон посух дод, ки "ман чӣ кор кардаам?"

Бино ба иттилои нашршуда, Муҳаммадсобир ҳангоми амалиёти боздошт гуё муқовимат карда, як чашмаш сахт осеб дидааст. Вақте дар додгоҳ пайдо шуд, дар сару рӯяш осори зарбу лат намудор буд.

Наздикону пайвандон, ҳамсояҳо ва омӯзгорони ӯ бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир ҳамалаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

 

Худдории модар аз суҳбат бо рӯзноманигорон

Хабарнигорони “Азия-Плюс” рӯзи 8-уми апрел ба хонаи Файзовҳо ба деҳаи Муҳаммадшои поёни ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ рафтанд.

Иттифоқан шоми 7-уми апрел навори марбут ба Хадамоти федералии амният (ФСБ) бо бозпурсии Файзов ва дигар гумонбарони ин ҳодиса дар Шабакаи аввали телевизион (Первый канал)-и Русия намоиш дода шуд ва онҳо аз Сайфулло ном шахсе ном бурданд, ки ҳамчун ҳамоҳангсоз буда, барои иҷрои ин кор ба онҳо 1 млн рубл ваъда кардааст.

Дарвозаи хонаи Муҳаммадсобир Файзов

Субҳи 8-уми апрел мақомоти Тоҷикистон Сайрам Файзова, модари Муҳаммадсобирро барои бозпурсӣ даъват карда, қарибиҳои нисфирӯзӣ ҷавоб доданд. Маълум нест, ки бозпурсии модар ба навори охире, ки пахш шуд ва писараш низ  дар он суҳбат кард, рабт дошт ё не. Вале Сайрам Файзова баъди бозпурсӣ розӣ нашуд, бо журналистон суҳбат кунад ва дарро ба рӯйи онҳо баст. Ҳатто нагузошт, ки ҳавлиашонро акс гирем.

 

“Мо вақтро интизорем”

Танҳо Наимҷон Файзов, яке аз бародарони Муҳаммадсобир, ки модарро ҳамроҳӣ мекард, кутоҳ гуфт, “ягон ҳарфи гуфтание надорем. Ҳар чизе буд, мо тариқи қонунӣ гуфтем, дархост кардем. Ҳама чиз аён аст, мо дигар чизе гуфта наметавонем”. Маълум нест, ки “ҳама чиз айён аст” гуфтани Наимҷон чӣ маъно дорад. Ӯ нахост шарҳ диҳад.

Наимҷон бо такрори он ки “мо вақтро интизорем, дуогӯем, бинем вақт чӣ мегӯяд” дигар нахост суҳбат кунад ва ҳамин тариқ, нагуфт, ки дар мақомот аз модараш чӣ пурсиданд. Танҳо гуфт, аз оилаи онҳо мақомот касеро боздошт накардааст ва баъди чанд рӯзи бозпурсӣ ҳамаи онҳоро ҷавоб доданд.

Сафар ба Русия барои ҳалли мушкили иқтисодии оила

Тоҷиниссо Файзоваи 76-сола, бибии Муҳаммадсобир дар як суҳбати кӯтоҳ гуфт, бовар надорад, ки наберааш ба чунин кор даст зада бошад, чунки “бачаи хуби хубамон буд, бомаънӣ буд, калимаи “не”-ро намедонист, мактабро хуб мехонад, омӯзгорон шикоят надоштанд”.

Ӯ гуфт, наберааш баъд хатми мактаб дар Тоҷикистон як маконро ба иҷора гирифта, сартарошӣ мекард ва баъди он ки бародаронаш дар Русия як макон пайдо карданд, тақрибан 2 сол пеш барои кор ба шаҳри Ивановаи Русия рафт.

Дар ҳамин ҳол, Сайрам Файзова рӯзи 26-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки писараш ва аъзои дигари хонавода мехостанд мушкили иқтисодии оиларо ҳал кунанд ва бинобар ин ӯ ба Русия рафтааст.

"Дар як ҳавлӣ чор оила зиндагӣ мекунем. Ман ва се келин. Мехостанд ягон замин гирем. Як писари бародараш дар Хитой мехонад. Мегуфт, ба ҳамон ҷо рафта таҳсил мекунад. Падараш гуфт, ки пулатро ҷамъ кун, дастгирӣ мекунем, ба таҳсил идома деҳ. Ҳавас дошт, ки забони хориҷӣ омӯзад. Беназорат набуд. Ҳар пуле мегирифт, ба падараш мефиристод. Дар зарфи ду-се ҳафтаи охир чӣ хел шуд, намедонам. Бе иҷозати падараш ҳатто телефон намехарид”,-зикр кардааст Сайрам Файзова.

Кӯчае, ки дар он Муҳаммадсобир ба воя расидааст

Сартароши муваффақ, вале норозӣ аз музд

Ба қавли наздиконаш Муҳаммадсобир, ки фарзанди хурдии оила аст, ба футбол шавқ дошт ва замони мактабхонӣ аксаран дар майдони футболи мактаб бо ҳамсолонаш бозӣ мекард.

Баъзе расонаҳои Русия  ҳам навиштанд, ки ӯ ба варзиш рағбат дошт ва дар толори варзишии “War Pro” дар Иваново бо кикбоксинг шуғл меварзид.

Муҳаммадсобир дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" саҳифа дорад ва аз рӯйи аксу наворҳое, ки дар он ҷо гузоштааст, зоҳиран як ҷавони хурсанд ва коргари хуб ба назар мерасад.

Аз рӯйи вокунишҳои аввалини кордиҳандааш дар сартарошхонаи “Май Стайл” дар вилояти Иваново “Муҳаммадсобир Файзов як устои хуб буд” ва “бисёр муштариҳо ба хотири ӯ меомаданд” ва “вақте аз кор рафт, муштариҳо ҳам бо ҳамин рафтанд”.

Вале модараш гуфтааст, "аз маошаш он қадар розӣ набуд, кам аст мегуфт. Аз онҷо баромад ва гуфт, ки ба Санкт-Петербург ба мевафурӯшӣ меравад".

Модараш бо Муҳаммадсобир ҳар шому саҳар суҳбат мекардааст ва бори охир як рӯз пеш аз ҳодиса суҳбат кардаанд ва писараш гуфтааст, “оча ман хубам”.

“То ин дараҷа бехуну нотарс набуд”

Ҳамсояҳои Файзовҳо аз Муҳаммадсобир як ҷавонӣ орому боодоб ва ёрирасон тавсиф карданд ва гуфтанд, бовар надоранд, ки як ҷавоне, ки дар оилаи зиёӣ калон шудааст, даст ба чунин корҳо занад.

Мамлакат Собироваи 73-сола, яке аз ҳамсояҳои оилаи Файзовҳо, гуфт, Муҳаммадсобир бо кӯдакони ӯ калон шудааст ва бачаи хуб буд.

“Дар пеши назарам калон шудааст, бо кӯдаконам бозӣ мекард. Ягон корро мегуфтем, чӣ кор кунам гуфта давида меомад. Бо мо мағоза мерафт, харидҳоямро гирифта хона меовард. Волидонаш ҳам инсонҳои хубанд. Вақте фаҳмидем, ки гӯё чунин кор шудааст, дар ғами оилаи онҳо мо ҳам шарик шудем. Бовар надорам, ки чунин корро карда бошад”, -гуфт Собирова.

Зулайхо Толибова, фурӯшандаи яке аз мағозаҳои наздикии хонаи Файзовҳо, ки Муҳаммадсобир ҳам гоҳ-гоҳе аз он харид мекард, гуфт, ӯ бачаи ёрирасон, хушмуомила буд ва калонсолонро эҳтиром мекард.

“Ман шахсан бовар надорам, ки ӯ чунин корро карда бошад. Чунки вай то ин дараҷа бехуну нотарс набуд. Ҳамчунин, оилаи онҳо бо касе муносибати сард надошт, зараршон ба ҳамсояҳо нарасидааст”, - гуфт Толибова.

Масҷиди деҳаи Мамадшои поён

Имом: “Ба масҷид намеомад”

Дар баъзе акси дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте" нашр карда Муҳаммадсобир бо риш ва дар бархеи дигар бидуни риш тасвир ёфтааст. Аз миёни наворҳои гузоштаи ӯ, саҳнаҳое аз кораш бо муштариҳои рус, маҳалли кор, мошинсаворӣ ва наворҳои кӯтоҳ бо мусиқӣ дида мешаванд.

Саидраҳмон Ҳабибов, имоми масҷиди ҷомеи Амир Ҳамзаи ҷамоати Сарикиштӣ гуфт, Муҳаммадсобир ба масҷид гоҳ-гоҳ барои кӯмак (ҷамъоварии атру тасбеҳ ва дигар ашёҳои динӣ)-и яке аз бародаронаш, ки рӯзҳои ҷумъа мефурӯхт, меомад.

“Падарашон, чанде аз бародараш масҷид меомад, вале худи ин бачаро надидам. Ҳамаашон одамони хубанд. Аксари фарзандонаш мактабҳои олиро хатм кардаанд. Бо шинохте, ки аз ин ҷавон дорам, бовар надорам, ки аз дасти ӯ чунин кор (теракт) меомада бошад. Бо ин далел, ки инсони хуб, оилаашон инсонҳои хубанд, ягон бадиашон ба касе нарасидаст. Оилаи онҳо тақоводор ё мазҳабӣ нест, танҳо намоз мехонанд”,- гуфт Ҳабибов.

Саидраҳмон Ҳабибов

Оилаи зиёӣ. Падараш омӯзгор модараш китобдор

Муҳаммадсобир Файзов мактаби 74-и ноҳияи Рӯдакиро хатм кардааст. Падар ва модараш ҳам чандин сол дар ин мактаб кор кардаанд. Модараш аввал ба ҳайси омӯзгор ва баъдан китобдори мактаб. Падараш ба ҳайси омӯзгори забони рӯсӣ. Омӯзгорони мактаб, ки ба Муҳаммадсобирро дарс додаанд, гуфтанд, ӯ бо баҳои хуб мехонад ва дар корҳои ҷамъиятӣ пешқадам буд.

Абдулазиз Абдусамадов, муовини директори ин мактаб, ки чанде аз наворҳои лаҳзаи ҳамларо дидааст, гуфт, бовар надорад собиқ хатмкунандаи онҳо ба чунин кор қодир бошад. Чунки вай дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, таълиму тарбияташ намунавӣ буд.

“Ман шахсан бовар надорам, ки ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шуда бошад. Бо ин далел, ки дар вақти таҳсил таълими динӣ нагирифта, ба намоз ҳам намерафт. Модараш ҳамеша назорат мекард, дар тамоми маҷлисҳои падару модарон ширкат мекард”, - гуфт ӯ.

Абдулазиз Абдусамадов

Муовини директор гуфт, Муҳаммадсобир ба фанҳои дақиқ шавқу рағбати бештар дошт ва ҳатто ҳаваси Донишгоҳи тиббӣ дохил шуданро дошт, вале донишаш нарасид.

Муҳаммадсобир фарзанди аз ҳама хурдии оила буда, оилаи онҳо аз 5 писар иборат аст. Ба истиснои Наимҷон, бародарони дигар ва падараш дар Русия ба муҳоҷират машғуланд. Падари хонадон дар рӯзҳои аввали ҳодиса чанд вақт дар тамос набаромад, вале ҳоло бо хонаводааш дар алоқа аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.