Наздикони Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав бо фарқ аз пайвандони гумонбарони дигари ин ҳодиса, бидуни канорагирӣ бо рӯзноманигорон суҳбат ва пайваста ба бегуноҳии ӯ таъкид карданд.
Далерҷон Мирзоеви 32-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз чаҳор гумонбари асосӣ дар ҳамла ба маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл” аст. Дар наворе, ки ҳангоми боздошти ӯ сабт шудаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, мушоҳида мешавад, ки ӯро кормандони мақомоти Русия аз болои дарахте дар вилояти Брянск поин фароварда, ба дастонаш завлона мезананд. Як рӯз пас, Мирзоевро дар ҳоле ба додгоҳ оварданд, ки дар сару рӯяш осори латукӯб мушоҳида мешуд.
Бозпурсии дубораи волидайн баъди нашри навори ФСБ
Хабарнигорони “Азия-Плюс” рӯзи 12-уми апрели соли 2024 ба хонаи Мирзоевҳо дар деҳаи Галахонаи ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рафтанд.
Бо фарқ аз волидайни гумонбарони дигари ин ҳодиса, ки аксаран барои суҳбат бо рӯзноманигорон розӣ намешуданд, дарро ба рӯяшон мебастанд ва ё дар назди дастгоҳи наворбардорӣ гап намезаданд, волидони Далерҷон дар назди дастгоҳи наворбардорӣ суҳбат карданд.
Ҳавлии падарии Далерҷон хоксорона аст. Хонаи худи ӯ, ки ҳамагӣ 6 моҳ пеш ба онҷо кӯчид, як кӯча дуртар аз хонаи падараш ҷойгир аст.
Як рӯз пеш аз сафари хабарнигорон, мақомот Гулракат Мирзоеваи 58-сола, модари Далерҷонро дубора бозпурсӣ кардаанд. Маротибаи аввал ӯро баъди боздошти писараш бозпурсӣ карда будаанд. Эҳтимол бозпурсӣ ба нашри навори Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) дар Шабакаи аввали телевизиони Русия, ки дар он Далерҷон ва дигар гумонбарони ҳодиса аз Сайфулло ном шахс ҳамчун ҳамоҳангсози ҳамла ном бурда, мегӯянд, гӯё барои иҷрои ин кор ба онҳо 1 млн рубл ваъда кардааст, рабт дошта бошад.
“Матни русиро аз коғаз мехонд”
Гулракат Мирзоева суҳбатро аз ин навор оғоз кард. Ӯ гуфт, писараш русиро намедонист ва дар ин навор матни аз қабл омодашударо мехонад.
Оилаи Далерҷон соли 2001, замоне ки ӯ 10 сол дошт, аз шаҳри Ҳисор ба деҳаи Галахонаи Рӯдакӣ кӯчиданд. Онҳо дар хона 5 фарзанд - 4 писар ва 1 духтаранд. Далерҷон фарзанди сеюми оила аст.
Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ баъди хатми мактаб ҳар сол ба Русия мерафт ва 7-8 моҳ кор карда, бармегашт ва дар Тоҷикистон ба мусофиркашӣ машғул буд.
Ба гуфтаи пайвандонаш Далерҷон рӯзи 17-уми октябри соли 2023 ба шаҳри Новосибирски Русия барои кор рафт ва дар ин шаҳр ба ҳайси ронанда кор мекард, аммо пули зиёд нафиристодааст.
“Дар шаш моҳи охир 2-3 ҳазор сомонӣ фиристод. Агар кораш хуб мебуд, пул мефиристод. Ҳамин деҳа хуб буд, ки пули хубтар кор мекард”, - гуфт Гулракат Мирзоева.
“Мегуфт, то 25-уми март ба Тоҷикистон бармегарад”
Модараш мегӯяд, то ҳол намедонад, Далерҷон чаро ба Маскав рафтааст.
Рӯзи 17-уми март Далерҷон ба модараш занг зада, гуфтааст, ки санадҳояш рӯзи 20-уми март беэътибор мешаванд ва то 25-уми март ба Тоҷикистон бармегардад.
“Гуфт, ки тоҷиконро хориҷ мекунанд ва агар маро хориҷ кунанд, дигар ба Русия омада наметавонам. Гуфтам, агар ғам диҳанд, биё, бо мошинат рӯзатро пеш мебарӣ. Гуфт, ки бармегарам, аммо 22-юми март ин ҳодиса рух дод”, - гуфт модар.
Баъди даъвати мақомоти тоҷик дар 23-юми март ва тамошои навори бозпурсии Далерҷон аз ҷониби мақомоти рус, волидон аз ҳодиса огоҳ шудаанд.
Гулракат Мирзоева мегӯяд, бовар надорад, ки фарзандаш одам кушта бошад.
“Ин иттиҳомро ба сари вай бор кардаанд. Нафаре, ки дар даст силоҳ дорад ва гулӯи як нафарро мебурад, фарзанди ман нест. Онҳое, ки ҳамла карданд, фарбеҳанд, фарзанди ман хароб аст. Роҳгардиву ҳаракатҳои нафарони ҳамлагар ба писари ман монанд нест. Писари ман ҳамонест, ки баъди боздошт дар дохили шиша нишон доданд. Ҳамоне, ки латукӯб шудаву таги чашмонаш сиёҳ, дастонаш баста ва дар гарданаш боқимондаи селофан кашол аст”, - гуфт Мирзоева.
Мақомоти Тоҷикистон баъди ин ҳодиса падару модар, бародар, ҳамсар ва хушдомани Далерҷон Мирзоевро ҳудуди як ҳафта бозпурсӣ карда, ҷавоб доданд. Дар ин муддат онҳо як баёнот ҳам бо забони русӣ навиштаанд, вале муфаттишони русро надидаанд.
Нопадид ё дар сафи ДОИШ. Равшанҷон Мирзоев дар куҷо аст?
Равшанҷон Мирзоеви 36-сола, яке аз бародарони калонии Далерҷон аз соли 2016 ин тараф нопадид аст. Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ ба Сурия рафта, ба ДОИШ пайвастааст. Вале онҳо ба ин бовар надоранд.
Гулракат Мирзоева гуфт, то лаҳзаи нопадид шудан писараш дар яке аз шаҳрҳои Русия кирокашӣ мекард. Баъди 7 моҳи табобат аз бемории сил, аз беморхона мураххас шуда, нопадид мешавад.
“Аз беморхона баромаданашро медонем. То ҳол на аз мурдааш хабар омадааст, на аз зиндааш. Мақомоти Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ки гӯё ба Сурия рафта бошад. Дар Сурия ҳам мебуд, ягон хатту хабар мерасонд”, - гуфт Мирзоева.
Барот Мирзоев, падари хонадон мегӯяд, Равшанҷон давоми 7 моҳи табобат қариб ҳар рӯз бо волидонаш дар тамос буд. Ҳатто яке аз хешовандонаш ӯро аёдат ҳам кардааст.
“Моҳҳои октябр ё ноябри соли 2016 аз беморхона мураххас шуд. Занг зада, гуфт, ки Питер (Санг Петербург дар назар аст. -муаллиф) рафта, автобус мегирам. Бо ҳамин беному нишон шуд”, - гуфт Барот Мирзоев.
Волидайн мегӯянд, бародарон бо ҳам ҳеҷ иртибот надоштанд ва давоми 8 сол Равшанҷон боре ҳам занг назадааст.
Мақомот расман дар бораи дар сафи ДОИШ будани Равшанҷон Мирзоев ҳоло чизе нагуфтаанд.
Падараш ба иттиҳом алайҳи писараш бовар надорад
Далерҷон соли 2017 оладор шуда, ҳоло 4 фарзанд дорад - 3 духтар ва як писар. Як дугоник дорад, ки 1 солаанд. Ҳамсараш баъди ҳодиса якбора саломатиаш бад шуда, ҳоло ҳамроҳи кӯдаконаш муваққатан ба хонаи волидонаш барои табобат рафтааст.
Барот Мирзоев ҳам гуфт, ки ба иттиҳоми нисбати фарзандаш эълоншуда бовар надорад.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро бардошта наметавонад, аз куҷо чунин корҳо мекунад. Гуфт, хона меоям, мо мунтазир будем”, - гуфт ӯ.
“Шояд фиребаш карданд”
Далерҷон мактаби №17-и деҳаашро хатм кардааст. Омӯзгороне, ки ба ӯ дарс додаанд, гуфтанд, ҳарчанд худаш бо баҳои аъло намехонд, вале вақтҳои охир ба таҳсили додараш, ки ҳоло синфи 10 аст, таваҷҷуҳ мекард, “то дар оянда соҳиби касб ё вазифа шуда, ба ҷомеа хидмат кунад”.
Маҳбуба Давлатова, директори ин мактаб гуфт, Далерҷон ҳангоми дар Русия буданаш чанд маротиба ба ӯ занг зада, аз сатҳи дониши додараш пурсидааст ва таъкид кардааст, “агар додарам беодобӣ кунад, дарсашро тайёр накунад, гӯед, ман насиҳат мекунам”.
Мудири ин мактаб, ки худ сокини деҳаи Галахона аст, гуфт, хонаводаи Далерҷон инсонҳои хубанд, бо ҳамдеҳагон муносибати хуб доранд.
Музаффар Яқубов, омӯзгори фанни таърих гуфт, Далерҷон бо баҳои миёна мехонд, ҳарчанд ба фанҳои дақиқ шавқу рағбат дошт.
“Ахлоқаш ҳам бад набуд. Вай хонандае буд, ки омӯзгорро гӯш мекард, бетартиб набуд. Дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекард. Мо умед надоштем, ки чунин корро мекунад. Аз дасти ӯ чун корҳо намеомад, вале одамро фаҳмида намешавад. Эҳтимол аз пушти маблағ ба ин роҳ рафт, шояд ӯро фиреб доданд”, - гуфт ин омӯзгор.
“Аз дастмон ҳеҷ чиз намеояд...”
Ҳоло наздиконаш намедонан, ки чӣ кор кунанд. Ягона умеди онҳо ба Худо аст.
“Роҳ қариб бошад, ки рафта Далерҷонро бинем. Вале аз дасти мо чӣ меояд? Ҳеҷ чиз. Тақдирашонро ба Худованд месупорем, ки ба дили онҳо (мақомоти Русия дар назар аст, - маллиф) раҳм андозаду онҳоро (гумонбарони боздоштшуда дар назар аст, - муаллиф) озод кунанд”, - бо ашки чашм гуфт модари Далерҷон.