Гумонбарони ташкили амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Красногорски Маскав номи ҳамоҳангсози худро гуфтанд. Видеои марбутаи Хадамоти федералии амният (ФСБ) бо бозпурсии гумонбаршудагон дар Шабакаи аввали телевизион (Первый канал)-и Русия намоиш дода шуд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Ба гуфтаи гумонбаршудагон, Сайфулло ном шахсе бо онҳо дар тамос шуда, ба ҳар кадоме 1 млн рубл ваъда додааст.
“Сайфулло ба мо гуфт, ки ба Украина, ба Киев равем. Дар он ҷо ба мо 1 миллион рублӣ медиҳанд”, - гуфт зимни бозпурсӣ яке аз айбдоршавандагон.
Гумонбари дигари даст доштан дар амали террористӣ дар “Крокус” дар бораи кумак зимни гузаштан аз сарҳад хабар дод.
“Мо ба Киев рафтем, ки то ҳар кадомамон 1 млн рублӣ гирем. Сайфулло гуфт, ки дар он ҷо дар сарҳади Украина моро бачаҳо интизоранд, ки дар гузаштани сарҳад ва то Киев расидан ба мо ёрӣ медиҳанд. <…> [Ҳамоҳангсоз гуфт]: “Занг зан, баъд ман мегӯям, ки минбаъд чӣ кор мекунед”, - хабар дод ӯ.
Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори консертӣ рӯз 22 март пеш аз ҳунарнамоии гурӯҳи “Пикник” рух дод: террористон бо ниқобҳо ба сӯи одамон тирпаронӣ карданд, ки бар асари он 144 нафар ҳалок шуданд. Аввалин гумонбарон субҳи рӯзи дигар дастгир шуданд.
Масъулияти ҳамларо созмони “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт, лекин мақомоти Русия мунтазам исрор меварзанд, ки ба ҳамала Украина даст дорад. Аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия “наметавонад ҳадафи амалҳои терроистии бунёдгароёни исломӣ қарор дошта бошад”.
Украина ин айбномаҳоро рад мекунад.
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан ба изҳороти котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар фазои иттилоотии Русия ва дигар кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар ин изҳорот зикр мешавад, ки гӯё сафорати Украина дар Душанбе барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ бо Русия одамонро ҷалб мекунад.
“Зикр мекунем, ки ин гуфтаҳои шахси мансабдори Русия ҳеҷ асосе надорад. Мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ҷиҳати роҳ надодан ба амалҳои номуносиб, ки ба мақоми корпусҳои дипломатӣ созгор нест, тадбирҳо меандешад. Бар ин назарем, ки аз шарҳу изҳороти носанҷида, ки ҷомеаро ба гумроҳӣ меандозанд, худдорӣ карда шавад”, - изҳор дошт Шоҳин Самадӣ, котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Парванда барои хунукназарӣ
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” мутобиқи моддаи хунукназарӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба ҳамсуҳбати номбарнашуда дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад.
Парванда нисбат ду нафар оғоз шудааст: масъули бехатарӣ аз сӯхтор ва сардори гурӯҳи оташнишонони толори консертӣ. Аз ҳарду барои тарк накардани маҳалли зист баёнот гирифта шудааст.
Дар бораи ба чӣ айбдор шудани онҳо мушаххасан маълумот дода намешавад.
Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, парванда ба риоя нашудани талаботи бехатарӣ аз сӯхтор дар “Крокус Сити Холл”, ки метавонистанд пас аз оташзании толор аз ҷониби террористон вазъиятро мушкилтар созанд, марбут аст.
Аввали моҳи апрел маълум шуд, ки 11 нафар осебдидагон аз амали террористӣ бо талаби оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати соҳибмулкони толори консертӣ якҷоя ариза додаанд.