Соли 2025 рушди иқтисоди Тоҷикистон дар натиҷаи коҳиши суръати афзоиши талаботи дохилӣ дар пасманзари камшавии интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон нисбати ММД то 7,5% поин меравад.

Дар Гузориши иқтисодии минтақавии Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) зикр мешавад, ки давоми солҳои 2025-2027 интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон пас аз нишондиҳандаҳои баланд дар солҳои 2022-2024 тадриҷ ба сатҳи дарозмуҳлат бармегарданд. Бо вуҷуди ин, дар робита ба коҳиши берун рафтани сармоя (аз ҷумла дар шакли харидани асъори нақд) тавозуни пардохт устувор боқӣ мемонад.

Коҳиши интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷиронро муаллифони гузориш ба “бадшавии вазъият дар саросари ҷаҳон” нисбат медиҳанд.

Дар гузориши аввали моҳи марти Бонки ҷаҳонӣ оид ба муҳоҷират зикр гардида буд, ки дар соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кории Тоҷикистон 45%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварро ташкил додааст. Ин нишондиҳандаи баландтарин дар ҷаҳон дар ифодаи нисбӣ аст. Дар Қирғизистон нишондиҳандаи мазкур 24% нисбат ба ММД ва Ӯзбекистон - 14% нисбат ба ММД-ро ташкил додааст.

Чанде пеш таҳлилгарони Бонки осиёии рушд дар Гузориши рушди минтақавӣ пешгӯӣ карданд, ки интиқоли маблағ дар соли равон то 37% нисбат ба ММД кам мешавад.

Дар ҳамин ҳол, мутахассисони ФАСР аз таваррум дар Тоҷикистон “наздиктар ба сатҳи болоии ҳудуди ҳадафнок” интизорӣ доранд. Ёдрас мекунем, ки нишондиҳандаи ҳадафнок барои соли 2025 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 5% (+/-2 б. ф.) муқаррар шудааст.

“Дар дурнамои миёнамуҳлат сатҳи таварруми солона ба ҳисоби миёна то нисфи ҳудуди ҳадафнок поин меравад", - таъкид мешавад дар гузоришии ФАСР.

Тибқи арзёбии муаллифони гузориш, хавфҳои таваррум барои Тоҷикистон асосан ба хавфи болоравии назарраси нархҳо ба хӯрокворӣ нисбат ба сенарияи пешбинишуда вобастаанд.

Мақомоти Тоҷикистон нигаҳдории сатҳи рушди иқтисодро на камтар аз 8% дар нақша доранд.

Соли 2024 сатҳи рушд 8,4%-ро ташкил дод, ки 0,1 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2023 мебошад.

Ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ дар соли гузашта 153,4 млрд сомонӣ (14 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Дар сохтори ММД-и соли гузашта ҳиссаи бахши кишоварзӣ 22,8%, саноат - 16,9%, савдо - 15,2%, андоз - 9,4%, нақлиёт - 9,3%, сохтмон - 8,1%, дигар сохтору бахшҳо - 18,3%-ро ташкил дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.