Дар соли 2024 ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони кории Тоҷикистон 45%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишварро ташкил додаааст. Дар ин бора дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони "Роҳи оянда: дастгирии муҳоҷирати муваффақ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ" маълумот нашр шудааст.
Бонки Ҷаҳонӣ доир ба таҳлили тамоюлҳои муосири муҳоҷират, мушкилот ва имкониятҳо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ таҳқиқоти нав пешниҳод намуд. Дар муаррифии гузориш намояндагони мақомот, ки масъули танзими муҳоҷирати хориҷӣ мебошанд, инчунин коршиносон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар соли 2024 зиёда аз 80% муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Русия рафта буданд.
Ҷараёни муҳоҷират аз Ӯзбекистон нисбатан гуногунсамт аст: 57% муҳоҷирон дар Русия, 15% - дар Қазоқистон ва 10% - дар Украина кор мекарданд. Бо вуҷуди вазъи мураккаби байнулмилалӣ, талабот ба нерӯи корӣ дар кишварҳои қабулкунанда баланд боқӣ мемонад, ки ин тамоюли устувори муҳоҷиратро таъмин менамояд.
Аҳаммияти иқтисодии муҳоҷират
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз сарчашмаҳои асосии даромади миллионҳо шаҳрвандон боқӣ мемонад. Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дар баъзе давлатҳои минтақа қисми муҳими иқтисодро ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти соли 2024, ҳиссаи ин маблағҳо дар ММД-и Тоҷикистон ба 45% расид, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар Қирғизистон ин нишондиҳанда 24% ва Ӯзбекистон - 14%-и ММД-ро ташкил медиҳад.
Муҳоҷират ба баландшавии назарраси сатҳи зиндагии муҳоҷирони корӣ ва оилаҳои онҳо мусоидат мекунад. Бо кор дар хориҷа муҳоҷирон метавонанд даромади худро дучанд ё ҳатто се баробар зиёд намоянд, ки ба онҳо ҷиҳати дастгирии молиявии назаррас ба хонаводаҳо имкон медиҳад. Дар Қирғизистон сатҳи камбизоатӣ миёни хонаводаҳое, ки тариқи интиқол маблағ мегиранд, камтар аз 10% аст, дар ҳоле ки бе ин маблағҳо ин нишондиҳанда беш аз 50% мешуд. Дар Ӯзбекистон, тибқи арзёбиҳо, дар сурати интиқол нашудани маблағҳо сатҳи камбизоатӣ аз 9,6% то 16,8% зиёд мешуд.
Тибқи гузориш, муҳоҷират дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар он тақрибан 100 млн муҳоҷир зиндагӣ мекунанд (сеяки шумораи умумии муҳоҷирони ҷаҳон), яке аз мушкилоти ҷиддии рушд боқӣ мемонад. Аз омилҳои асосии афзоиши муҳоҷират фарқияти даромад, ноустувории демографӣ, тағйироти иқлим ва низоъҳои мусаллаҳона номбар мешаванд. Ин омилҳо ба афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, махсусан ба самти Русия ва Қазоқистон, мусоидат менамоянд.

Тавсияҳои Бонки ҷаҳонӣ
Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин зарурати мутобиқсозии сиёсати муҳоҷирати кишварҳои минтақа ба шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ ва геополитикӣ таъкид мешавад. Яке аз самтҳои муҳим рушди барномаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, соддагардонии тартиби шуғл дар хориҷа ва фароҳамсозии шароити мусоид барои истифодаи маблағҳои интиқолёфта бо мақсади рушди устувори иқтисодӣ мебошад.
Ба ақидаи коршиносон, таҳкими созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни кишварҳои фиристанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон ба коҳиши хатари шуғли ғайрирасмӣ ва беҳтар намудани шароити кор дар хориҷа мусоидат хоҳад кард.
Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ барои идоракунии самараноки муҳоҷират тадбирҳо пешниҳод шудаанд. Аз ҷумла, тавсия дода мешавад, ки ба навъҳои гуногуни муҳоҷират фарқ гузошта шуда, тафовут байни муҳоҷирони дорои ихтисос ва беихтисос, инчунин сабабҳои кӯч бастани онҳо ба инобат гирифта шавад.
Яке аз самтҳои муҳим ҳамгироии раванди муҳоҷират бо стратегияҳои баланд бардоштани рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ аст. Ин ташаккули барномаҳои омодасозии касбӣ ва тақсимоти самараноки муҳоҷирони корӣ мутобиқи талаботи бозорро дар бар мегирад.
Ба пешгирии "фирори мағзҳо" ва ташвиқи бозгашти мутахассисони баландихтисос таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Барои расидан ба ин ҳадаф, пайгирӣ (мониторинг)-и бозори кор, ҳамкории молиявӣ дар соҳаи маориф ва ислоҳоти бозори меҳнати миллӣ пешниҳод мегардад.
Инчунин Бонки ҷаҳонӣ тавсия медиҳад, ки механизмҳои муҳоҷирати бехатар рушд дода шуда, барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон созишномаҳои дуҷониба ба имзо расанд ва ба онҳо дастрасӣ ба маълумоти боэътимод оид ба имкониятҳои кор дар хориҷи кишвар таъмин карда шавад.
Далелҳои асосӣ дар бораи Тоҷикистон аз гузориши Бонки ҷаҳонӣ
1. Интиқоли маблағ ва аҳаммияти онҳо барои иқтисод
Тоҷикистон яке аз се кишвар дар ҷаҳон мебошад, ки ҳиссаи интиқоли маблағҳо дар ММД-и он баландтарин аст – зиёда аз 30% аз ҳаҷми умумии ММД.
Ба тақрибан 36% хонаводаҳо аз гурӯҳи нисбатан камбизоат ҳар моҳ маблағ интиқол меёбад, дар ҳоле ки дар гурӯҳи бештар таъминшудаи аҳолӣ ин нишондиҳанда 27%-ро ташкил медиҳад.
Дар давраи поинравии шадиди қурби рубли Русия пас аз оғози низоъ дар Украина, ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон 57% коҳиш ёфт.
Дар замони пандемияи COVID-19 дар соли 2020, ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Осиёи Марказӣ танҳо дар моҳи апрели соли 2020 беш аз 50% коҳиш ёфт.
2. Муҳоҷирати корӣ
Дар Тоҷикистон 80%-и муҳоҷиронро мардон ташкил медиҳанд, ки асосан ба корҳои муваққатӣ (мавсимӣ) машғуланд.
Ҳудуди 60% муҳоҷирони муваққатӣ аз Тоҷикистон пеш аз сафар бекор буданд.
Русия кишвари асосии қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷик мебошад.
Хадамоти нави давлатии муҳоҷирати Тоҷикистон бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ таъсис дода шудааст.
3. Таъсири муҳоҷират ба соҳаи маориф
Дар хонаводаҳое, ки тариқи интиқол маблағ мегиранд, нишондиҳандаҳои таълимии писарон беҳтар ба назар мерасад.
Дар минтақаҳои сермуҳоҷир ҷавонон бештар таҳсилоти касбиро канор гузошта, кор дар хориҷи кишварро авлотар медонанд.
4. Вазъи демографӣ
Тоҷикистон дорои сохтори нисбатан ҷавони аҳолӣ мебошад, ки ин ба фишори баланд ба бозори кор боис мегардад.
Манбаъ: Пагоҳ сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз мешавад
Маблағгузории БАТР ва БОР ба корҳои таъмиру навсозии роҳи Данғара - Гулистон
Баъди даъвати Эмомалӣ Раҳмон. Эрониён дар Иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
“Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”. Дар Тоҷикистон дар бораи қаҳрамонии тоҷикон дар ҶБВ филм ба навор гирифтанд
Мақомот ба муҳоҷирон ҳушдор доданд, ки бори нафарони ношиносро набаранд
“Рӯйхати сиёҳ”. Вазири Русия гуфт, 685 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шомили онанд
Нархи Ҳаҷ–2025 маълум шуд. Зоирони тоҷик кай ба Арабистони Саудӣ мераванд?
Тоҷикистону Чин ният доранд, ки байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ боз кунанд
Дар арафаи ҷашни Наврӯз чанд мусобиқаи байналмилалии варзишӣ баргузор мешавад
Мақомот боз чанд фурӯшандаи дигарро барои боло бурдани нархи гӯшт ҷазо додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста