Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова, ду маҳкумшудаи дар доираи “парвандаи табаддулот” аз болои ҳукми додгоҳ шикояти кассатсионӣ бурдаанд, то додгоҳ ҳардуро озод кунад. Аввали моҳи феврал Шокирҷон Ҳакимов ба 18 сол ва Рухшона Ҳакимова ба 8 сол равонаи зиндон шуданд.
Пайвандони Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси шинохта ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки 13-уми феврал аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба зинаи болоии додгоҳ – зинаи кассатсионӣ шикоят кардаанд.
“Ҳукми додгоҳ ноодилона буд, ҳатто иттиҳоми ба падарам баста, тасдиқи худро наёфт. Падарам ва вакили дифоаш ҳам дар раванди муҳокима иттиҳомро рад карда, беасос номиданд. Аммо додгоҳ ҳукми бисёр сангин эълон кард. Вакили дифоъ рӯзи панҷшанбе ба зинаи болоӣ шикояти касатсионӣ бурданд ва хостанд, ки ҳукм бозбинӣ шавад”, - гуфт яке аз фарзандони Шокирҷон Ҳакимов.
Вакили дифои Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавон, ки модари ду кӯдаки хурдсол аст, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба зинаи кассатсонӣ шикоят кардаааст.
Ӯ афзуд, ки бар асоси муқаррароти моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ, ки шартан татбиқ накардани ҷазоро пешбинӣ мекунад, озодии зерҳимояашро тақозо кардааст.
Рухшона Ҳакимова бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов мебошад ва ӯ соҳиби ду кӯдак, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола аст.
Пайвандон маҳкумшудагонро дида натавонистаанд
Дар ҳамин ҳол, пайвандони Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова шикоят доранд, ки то ҳол бо онҳо вохӯрда наметавонанд.
Як аз фарзандони Шокирҷон Ҳакимов гуфт, ки пас аз боздошти ин ҳуқуқшиноси шинохта дар моҳи июли соли 2024 то кунан пайвандон танавонистаанд вайро бинанд.

Ӯ гуфт, рӯзи 7-уми феврал мо ба унвони раиси Додгоҳи олӣ нома навишта, хостем бо падар, чанд дақиқа ҳам бошад, вохӯрем, вале на ба мактуб посух доданд ва на иҷозаи вохӯрӣ”.
“То эълони ҳукм чандин бор тақозои вохӯрӣ кардем, вале гуфтанд, ки парванда муҳри махфӣ дорад. Акнун баъди эълони ҳукм ҳам намегузоранд, ки падарамро бубинем. Мо танхо хамчун фарзанд мехохем як бор он касро бинему халос”, - афзуд яке аз фарзандони Шокирҷон Ҳакимов.
Шавҳари Рухшона Ҳакимова ҳам нигаронӣ дорад, ки пас аз эълони ҳукми додгоҳ ва боздошту зиндонӣ шудани ҳамсараш, натавонистааст ӯро бибинад.
Ба кадом гуноҳ муттаҳам шудаанд?
Бояд гуфт, ки нисбати Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова рӯзи 5-уми феврал ҳукми додгоҳ содир шуд ва аввалиро ба 18 сол ва дуюмиро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.
Шокирҷон Ҳакимови 59-сола барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (моддаи 189, қисми 2) ва хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 305, қисми 1, банди “в”) гунаҳкор дониста шуд.
Ӯ муовини аввали Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва яке аз ҳуқуқшиносони шинохтаи тоҷик буд. Додтори илмҳои сиёсатшиносӣ аст ва ҳамеша бо расонаҳо назару андешаҳои худро баён медошт.
Рухшона Ҳакимоваи 31-сола барои ҳамиштирокчӣ дар ҷинояти хиёнат ба давлат бо истифода аз мақоми хизматӣ (моддаи 305, қисми 2) гунаҳкор гардид.
Бар зидди Рухшона Ҳакимова 7 моҳ пеш парванда боз шуд ва то мурофиаи додгоҳӣ, ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Ҳукми ӯ вокунишҳои созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва фаъолони шаҳрвандиро дар пай овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Бисёре аз корбарон, бо ишора ба муқаррароти моддаи 78-и Кодекси ҷиноятӣ (мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд) талаб карданд, ки бо дарназардошти кӯдаки ширхӯр доштанаш, иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шавад.
Раиси нави Додгоҳи олӣ рӯзи 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз вокуниши корбарон дар робита ба ҳукми Ҳакимова хабар дорад, вале қонунгузорӣ ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукми “ҷиноятҳои махсусан вазнин”-ро пешбинӣ намекунад.
Рухшона Ҳакимова фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз карда дар як қатор расонаҳо, созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикисторн кор кардааст. Барои саҳми арзандааш дар рушди журналистикаи таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ, Рухшона Ҳакимова бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста