Имрӯз, 18-уми феврал Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар идомаи сафари худ ба Эрон дар ҳамоиши сеюми иқтисодии Баҳри Хазар, ки дар шаҳри Теҳрон бо ширкати сарвазирони Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон баргузор гардид, ҳамчун меҳмони вижа ширкат ва суханронӣ кардааст.
Ба навиштаи АМИТ "Ховар" сарвазири кишвар гуфтааст, “ҳоло минтақаи Баҳри Хазар ба ҳайси яке аз марказҳои стратегӣ ба тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии кишварҳои минтақа ҳамаҷониба мусоидат мекунад”.
Қоҳир Расулзода зикр кардааст, ки танҳо дар соли 2024 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои ин минтақа наздики 20% афзоиш ёфтааст.
“Тоҷикистон бо 98% неруи барқи аз манбаъҳои таҷдидшаванда истеҳсолшаванда, омодааст ба кишварҳои ҳавзаи Хазар "энергияи сабз" содирот кунад. Бо таваҷҷуҳ ба соҳаи саноат изҳори итминон карда шуд, ки дар заминаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати химия, металлургия ва кишоварзӣ натиҷаи дилхоҳ ҳосил мешавад ва ҷониби Тоҷикистон омода аст барои сармоягузорони кишварҳои ҳавзаи Хазар шароити мусоиди ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварад”, - изҳор доштааст ӯ.
Манбаъ гуфтааст, ки сарвазири Тоҷикистон ҳозиринро барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-30 майи соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, даъват кардааст.
"Муносибатҳои сиёсӣ байни Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ қарор доранд".
Давр ҳамин ҳол, хабаргузории ИРНА навиштааст, ки Қоҳир Расулзода дар доираи сафари худ бо ҳамтоёни эронии худ дидору гуфтушунид карда, ҳамчунин як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷонибаи дигар дар назар аст.

Аз ҷумла, Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали президенти Эрон зимни вохӯрӣ бо Қоҳир Расулзода изҳор доштааст, ки муносибатҳои сиёсӣ байни Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ қарор доранд.
Муҳаммадризо Ориф зикр кард, ки сафари чанде пеши президенти Эрон ба Тоҷикистон ҷонибдории стратегии рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаро байни кишварҳо тасдиқ кард.
"Иқтисоди Эрон ва Тоҷикистон метавонанд ба таври муассир якдигарро мукаммал созанд ва Эрон омода аст ниёзҳои Тоҷикистонро дар бахшҳои мухталиф бароварда созад", - изҳор доштааст ӯ.
Дар идома зикр кардааст, ки минбаъд ба масъалаи хидматрасониҳои техникӣ ва муҳандисӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳад шуд.
Вай изҳори итминон додааст, ки Эрон ба рушди шарикӣ бо Тоҷикистон идома дода, ҳукуматҳои ҳарду кишвар ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон мусоидат мекунанд.
Муовини президент, ҳамчунин, хотирррасон кардааст, ки аз моҳи гузашта реҷаи раводид миёни кишварҳо бекор шуд, ки барои тиҷорат шароити хубу мусоид муҳайё месозад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 15-17 январи соли ҷорӣ сафари давлатии президенти Эрон Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон баргузор шуда, 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид. Дар ҷараёни форуми тиҷоратии кишварҳо дар Душанбе ба маблағи зиёда аз 450 млн доллар санадҳои ҳамкорӣ имзо шуд.
Айни замон 160 ширкат бо сармояи Эрон дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар муқоиса бо солҳои пешин соли 2024 ҳаҷми ҳамлу нақли молу маҳсулоти миёни кишварҳо 3,2 баробар афзудааст.