Панҷараи тирезаҳои ҳамаи биноҳои Душанберо мекананд. Чунки “панҷараҳо ҳусни шарҳрро коста мегардонанд ва ба меъёрҳои меъмории муосир ҷавобгӯ нестанд”. Ин нуктаро Самӣ Азизиён, сармеъмори пойтахт дирӯз, 10 феврал зимни нишасти хабарии шаҳрдории пойтахт зир кард. 

Ӯ дар шарҳи ин тасмим гуфт, дар ин бора 31-уми декабри соли 2024 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қабул шуда, аз 2 январи соли равон он ба ҳукми иҷро даромад.

Самӣ Азизиён гуфт, аллакай, то имрӯз “тақрибан 1000 панҷара ва балконҳои худсохт, ки намои зоҳирии биноҳоро коста мегардонданд, бартараф шуданд”. 

Тибқи иттилои сармеъмор, панҷараҳо дар кӯчаҳои С.Айнӣ, А. Дониш ва хиёбони Рӯдакӣ пурра баратараф шудаанд. Ҳоло кандани панҷараҳо дар биноҳои маҳаллаи 82 идома дорад.

Самӣ Азизиён гуфт, дар ояндаи наздик панҷараҳои тамоми биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии пойтахт канда мешаванд. Панҷараҳо пурра аз ҳисоби ҳукумати шаҳр канда мешаванд..

Ҳамчун роҳи алтернативӣ дар шаҳрдорӣ ба сокинон ба тиреза часпонидани турҳоро пешниҳод карданд. Вале то куҷо ин тадбир аз ҳолатҳои нохуш эмин нигоҳ дошта метавонад, дар шаҳрдорӣ шарҳ надоданд.

Аслан, панҷараҳо дар ошёнаҳои поёнӣ ҳамчун ҳимоя аз ғоратгарон ва дар ошёнаҳои болоӣ барои бехатарии кӯдакони хурдсол часпонида мешавад 

Дар ҳамин ҳол, хабари кандани панҷараҳо аз тирезаҳои биноҳои истиқоматӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро ба бор овард. Аксари истифодабарандагон аз амнияти кӯдакони хурдсол ва хатари дуздону ғоратгарон нигаронанд.

1/5

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.