Соли 2024 дар Тоҷикистон 247 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки 7,1% зиёдтар нисбат ба як соли пеш аст. Аз ҳама бештар ҷойҳои кории нав дар бахши кишоварзӣ, сохтмон ва савдо фароҳам оварда шудаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии имрӯз, 11 феврал дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба гуфтаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Солеҳа Холмаҳмадзода, соли 2024 280 ҳазор калонсолон аз давраҳои таълими касбӣ, аз ҷумла зиёда аз 86 ҳазор нафари онҳо аз курсҳои омодагии дубора ва такмили ихтисос гузаштаанд.

Вазир ба рӯзноманигорон касбҳоеро, ки корҷӯён дар марказҳои таълимӣ барои калонсолон онҳоро омӯхтаанд,            номбар кард, аз ҷумла дӯзанда, устои барқ, қаннод, челонгар ва кормандони иҷтимоӣ. Корҷӯён ҳамчунин асосҳои кор бо компютерро низ омӯхтаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, соли 2024 ҳудуди 148,5 ҳазор нафар ба мақомоти шуғли Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Аз ин теъдод 112,5 ҳазор нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, 64,6 ҳазор кас мақоми бекорро гирифтаанд. Миёни онҳо 8617 нафар тариқи квота ба ҷойҳои махсуси корӣ соҳиб гашта, 2670 нафар ҷойҳои кории худро таъсис додаанд. Ҳамчунин 6706 нафар дар корҳои ҷамъиятии музднок иштирок кардаанд.

Дар давоми сол 911 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, 22,5 ҳазор нафар дар онҳо ҷойи корӣ пайдо кардаанд ё таълим гирифтаанд. Аз ин теъдод 12,5 ҳазор нафар ҷойи кор ёфта, 8 ҳазор нафар аз давраҳои таълимӣ гузаштаанд ва 1982 нафар дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок кардаанд. Қариб 18,4 ҳазор нафар барои давраи бекорӣ кумакпулӣ гирифтанд.

Ба сурати умум дар соли гузашта ба гуфтаи Солеҳа Холмаҳмадзода, зиёда аз 73,2 ҳазор нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.