Ширкати “Барқи тоҷик” тасдиқ кард, ки боло бурдани нархи истифодаи барқ дар кишварро пешниҳод кардааст. Бори аввал дар бораи пешниҳоди боло бурдани нархи истифодаи барқ аз сӯйи “Барқи тоҷик” ва ирсоли ин пешниҳод ба ҳукумат дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ иттилоъ дода буданд.
Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 11-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардааст, то арзиши истифодаи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Ӯ гуфт, ин пешниҳод ҳоло дар баррасии ҳукумати кишвар қарор дорад.
Раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи аз кай ва чӣ қадар баланд шудани нархи барқ посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, ки ин дар салоҳияти ҳукумати кишвар мебошад.

Қаблан Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 5-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ҳоло қарори дахлдор дар хусуси боло бурдани нархи барқ ба тасвиб нарасидааст.
Ӯ гуфт, ки “чӣ қадар баланд шудани арзиши нерӯи барқ низ маълум нест ва танҳо пас аз ҳисоб кардани хидматрасониҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ маълум мешавад”.
Ба гуфтаи Қурбонзода, тибқи созишномаву ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ташкилоту ниҳодҳои масъул мувофиқагардида, ҳоҷати баландшавии таърифаҳои нерӯи барқ ҳар сол муайян шудааст.
Ҳамчунин, ҳоло маълум нест, ки таърифаҳои барқ барои ҳамаи истифодабарандагони нерӯи барқ дар кишвар баланд мешавад ва ё танҳо барои аҳолӣ ё истифодабарандагони алоҳида.
Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон таърофаҳои нерӯи барқ аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ мешавад.
Бори охир 1-уми январи соли 2024 нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 16% - аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам боло рафта буд.
Ҳоло барои истифодаи барқ дар Тоҷикистон кӣ ва чӣ қадар маблағ месупорад, инҷо хонед.




“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста