Чанд вақти охир сокинон аз баланд будани арзиши маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гӯшт дар бозорҳо шикоят доранд. Бо оғози моҳи Рамазон ин мушкилот аёнтар гардидааст. Ҳафтаи охир пулиси Душанбе 10 фурӯшандаро барои боло бардоштани нархи гӯшт боздошту ҷарима кардаанд.

“Азия-Плюс” ба чанд бозори пойтахт рафт ва аз нарху сифати гӯшт пурсид.

Барои муайян кардани нарху сифати гӯшт, мо ба дӯконҳои гӯштфурӯшии бозорҳои “Сафариён”, “Меҳргон” ва “Саховат” рафтем.

Мувофиқи нархномаи дар пештоқи дӯконҳои гӯштфурӯшии бозори “Сафариён” (назди Автовокзал) часпонидашуда, нархи 1 кг гӯшти равғандор 75 сомонӣ аст. Яъне, ба гуфтаи фурӯшандагон, аз 1 кг 300-350 гр равған ва боқимонда гӯшту устухон аст. Гӯшти беравған, аммо бо устухон бошад, 90-95 сомонӣ ва гӯшти беустухон 120-150 сомонӣ арзиш доштааст.

Вале гӯшти беустухонро на дар ҳамаи дӯконҳои ин бозор ёфтан мумкин аст. Аксари фурӯшандагон гӯшти лаҳм намефурӯшанд, чун ба қавли онҳо, харидораш кам асту барояшон фоидаи зиёд намеорад.

 

1/3

Дар бозори “Меҳргон” низ ҳол ҳамингуна буд. Мувофиқи нархномаи овезонбуда нархи гӯшти гов бо равған 75 ва устухон сомонӣ аст, вале вақте аз фурӯшандаҳо арзиши онро мепурсӣ 95 сомонӣ мегӯянд. Баъд аз пурсуҷӯву эътироз аниқ карданд, ки 95 сомонӣ нархи гӯшти бе равған, вале бо устухон аст.

Дар ин ҷо низ ба 1 кг гӯште, ки 75 сомонӣ фурӯхта мешавад, то 300 г равған илова мешавад. Гӯшти лаҳм бошад - 125 сомонӣ арзиш дорад.

Нархи гӯшт дар бозори “Саховат” нисбат ба ду бозори пешин азонтар будааст - аз 60 то 95 сомонӣ. Дар дӯконҳои ин бозор гӯшти Тоҷикистон ва гӯшти воридотӣ аз Беларус фурӯхта мешудааст.

Ба гуфтаи фурӯшандагон, онҳо 1 кг гӯшти Тоҷикистонро бо равған 75 сомонӣ мефурӯшанд. Гӯшти беравған, лекин бо устухонро бошад, танҳо дар як дӯкон, ки берун аз бозор аст, бо арзиши 95 сомонӣ ёфтан мумкин аст. Дар дигар дӯконҳо гӯштро бе равған намефурӯшанд, “иҷозат нест” гуфтанд фурӯшандагон.

Гӯшти равғандори Беларус бошад, 60-70 сомонӣ ва гӯшти бе равған 70-75 сомонӣ арзиш доштааст. 

“Ба 1 кг аз 100 то 300 гр равған илова мекунем”, - гуфтанд фурӯшандагон.

Дар бозори “Саховат” гӯшти лаҳм намефурӯхтаанд.

 

1/3

Сокинон мегӯянд, харидани гӯшти равғандор бар зарари буҷаи оила аст, чун маҷбур мешавӣ равғанро партоӣ. 

“Аслан равғани гов барои омода намудани хӯроке ба кор намеояд. Беъзеҳо онро барои пухтани самбӯса истифода мекунанд, вале барои он ҳам равғани бисёр лозим нест. Агар аз 3 кг гӯшт қариб 1 кг равған барояд, ин сарфи беҳуда аст”, - гуфт харидоре дар назди дӯкони гуштфурӯшӣ.

Ёдрас мешавем, ки Раёсати ВКД дар пойтахт қаблан аз тоҷирону соҳибкорон хоста буд, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набаранд. Мақомот гуфта буданд, ки дар акси ҳол, нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” андешида мешаванд.

Бояд гуфт, ки  ҳамасола пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон тоҷирон нарху молу маҳсулотро дар бозорҳо боло мебаранд, ки ба нигаронии аҳолӣ боис мегардад. Бахусус, маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили гӯшт, сабзавоту мева гарон мешаванд. Имсол низ бо шуруи моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввал гарон шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.