Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки он ба муҳоҷирони корӣ иҷозат медиҳад, бо як патент дар ду минтақаи ҳамсоя кор кунанд. Меъёри пешниҳодшуда танҳо ба шаҳри Маскав ва вилояти Маскав ва Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград рабт дорад.
Лоиҳаи қонун рӯзи 10-уми марти соли равон дар пойгоҳи додаҳои Думаи давлатӣ нашр шудааст.
Тибқи ин лоиҳа, шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди як минтақа патент гирифтаанд, метавонанд дар минтақаи ҳамсоя низ фаъолият кунанд, ба шарте ки байни ин минтақаи Русия созишномаи дахлдор баста шавад. Ҳамзамон, корфармоён, ки дар як минтақа фаъолият мекунанд, метавонанд шаҳрвандони хориҷиро, ки дар минтақаи дигар патент гирифтаанд, ба кор қабул намоянд.
Дар назар аст, ки ин қонун аз 1-уми сентябри соли 2025 эътибор пайдо кунад.
Гуфта мешавад, барои назорати иҷрои ин қонун корфармоён ба ВКД-и Русия дар бораи макони фаъолияти кормандонашон, ки шаҳрванди хориҷианд, маълумот диҳанд ва аз интиқолди кори онҳо дар минтақаи дигар огоҳ намоянд.
Айни замон, корхона ва ширкатҳое, ки объектҳои онҳо дар ду минтақаи гуногуни Русия ҷойгиранд, маҷбур мешаванд барои муҳоҷирони кории худ патенти иловагӣ дар минтақаи ҳамсоя гиранд ё якбора ду патент тартиб диҳанд. Махсусан, ширкатҳое, ки барои кор дар лоиҳаҳои сохтмонӣ ба нерӯи корӣ аз минтақаи ҳамсоя ниёз доранд, ба ин мушкил гирифторанд.
Аммо коршиносон аз мавриди амал қарор гирифтани ин қонун шубҳа доранд. Ҳамчунин изҳор мекунанд, ки бояд лоиҳаи қонун каме дигаргуна мебуд ва муҳоҷирон ҳуқуқи бо як патент дар тамоми қаламрави Русия кор карданро ба даст меоварданд.
Бояд гуфт, муҳокимаи масъалаи кор бо як патент дар чанд минтақа солҳо инҷониб садо медиҳад. Соли гузашта расонаҳои ин кишвар аз таҳияи лоиҳаи қонун бо супориши ҳукумати Русия иттилоъ дода буданд.
Ёдрас мешавем, ки дар соли 2025 арзиши патент барои шаҳрвандони хориҷӣ боло рафт. Аз ҷумла, арзиши гаронтарин патент дар соли 2025 дар вилояти Краснодар - 17 120 рубл, дар вилояти Челябинск - 15 000 рубл ва дар вилояти Твер - 14 973 рубл хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, арзонтарин патент дар Чеченистон - 3 113 рубл муқаррар шудааст.
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” барои истифода омода шудааст
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Нахустин парвоз дар масири Кеш-Душанбе-Кеш анҷом ёфт
Барои қабули кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия 3 балл кофист
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин мулоқот мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста