Расонаҳои арабӣ бо таакя ба мақомоти беҳдоштии Яман хабар додаанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба ин кишвар, дасти кам 53 нафар кушта шудаанд.
Ба гуфтаи онҳо, дар миёни кушташудаҳо ғайринизомиён зиёданд. То кунун кушта шудани 2 кӯдак ва 5 зан ҳам таъйид шудааст. Теъдоди маҷруҳон наздики 100 нафар гуфта мешавад.
Ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳо дар Яман бо дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 15-уми март оғоз шуд. Ба навиштаи ББС, Амрико иддаъо кардааст, ки чанд мақомдори ҳусиҳоро дар ҳамлаҳои худ куштааст.
Тибқи иттилои расонаҳои арабӣ, дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо ҳусиҳои Яман ба нови ҳавопаймобари амрикоиҳо ҳамла кардаанд. Амрико ин хабарро то кунун тасдиқ накардааст.
Абдулмолик Ҳусӣ, раҳбари ҳусиҳо гуфтааст, ки то Амрико ҳамлаҳои худ ба Яманро боз надорад, онҳо киштиҳои тиҷоратии амрикоиро дар Баҳри Сурх ҳадаф қарор хоҳанд дод.
Ба навиштаи расонаҳо, ин бузургтарин ҳамлаи Амрико дар Ховари Миёна баъди дигарбора рӯйи кор омадани Доналд Трамп ба маснади раёсатҷумҳурии Амрико аст.
Бояд гуфт, Амрико шӯришиёни ҳусиро гурӯҳи террористӣ медонад ва иддао мекунад, ки пас аз оғози ҷанг дар навори Ғазза ин гурӯҳ ба киштиҳои ин кишвар дар баҳри Сурх ҳамла мекунад.
Хусиҳо гурӯҳи шӯришгаронеанд, ки беш аз бист сол ин ҷониб дар Яман фаъоланд ва соли 2011 дар барканории Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳури ин кишвар нақши умда доштанд. Айни ҳол онҳо минтақаҳоеро дар Яман зери назорат доранд. Онҳо аз Ғазза ҷонибдорӣ мекунанд ва Исроилро маҳкум менамоянд. Баъди оғози бомбборони Ғазза аз сӯйи Исроил, ҳусиҳо пайваста киштиҳои тиҷоратии ин кишварро зери ҳамла қарор медиҳанд.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста