Шоми дирӯз, 16-уми март сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия оғоз ёфт ва интизор меравад, ки имрӯз, 17-уми март бо Влдаимир Путин, президенти Русия мулоқот кунад. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Маскав Марат Хуснуллин, муовини раиси ҳукумати Русия пешвоз гирифт.
“Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии гарнизони ҳарбии Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буд. Баъди гузориши Фармондеҳи Ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд”, -навиштааст хадамот..
Манбаъ гуфтаст, ки имрӯз, 17-уми март дар Кремл мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, инчунин, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, изҳороти матбуотӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми марти соли равон бо як сафари расмӣ ба Русия рафт ва он то 17-уми март давом мекунад.
Қаблан хабар хадамоти матуботи раиси ҷумҳури Русия хабар дода буд, ки рӯзи 15-уми март мулоқоти ғайрирасмии президентҳои Тоҷикистон, Русия ва Белорус баргузор шуд.
Манбаъ навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар ҷараёни мулоқоти ғайрирасмии худ бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.
“Роҳбарони кишварҳо дар ин гуфтугӯ масъалаҳои муҳими рушди равобити байнидавлатиро баррасӣ кардаанд. Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ тарафҳо мувофиқа кардаанд, ки рӯзи 9-уми май дар Маскав мулоқот кунанд”, - гуфта мешавда дар хабарнома.
Бори охир Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли гузашта барои ширкат дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Русия рафта буд. Ӯ дар ин сафар бо Владимир Путин мулоқот ва баъзе масъалаҳои дуҷонибаро баррасӣ карда буд.
Дар Русия камтар аз 1 млн муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо ҳамеша аз бадрафторӣ ва нақзи ҳуқуҳояшон аз сӯи мақомоти Русия нигаронӣ мекунанд. Баъди ҳодисаи "Крокус" ин чиз бештар шуд.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста