Дар Душанбе рӯзи 14 март маросими имзои ду созишнома дар самти коҳиши талафоти нерӯи барқ ва пешбурди гузариши сабз дар истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон ба имзо расид. Дар чорабинии мазкур Комиссари Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба шарикии байнулмилалӣ Йозеф Сикела иштирок кард.
Бо шарикон аз Team Europe (ба он ниҳодҳо ва кишварҳои узви ИА шомиланд) созишнома дар бораи ҷудо шудани гранти сармоягузории Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба маблағи 20 млн евро барои таҷдиди шабакаҳои барқи Тоҷикистон, коҳиши талафоти неруи барқ ва омодагӣ ба сармоягузориҳои минбаъда ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба имзо расид.
Дар лоиҳа сармоягузорӣ ба тарҳҳои манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар саросари Тоҷикистон тавассути таъсиси маркази сармоягузорӣ барои таҳқиқоти омодасозии лоиҳаҳо дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергия баҳри коҳиши назарраси талафоти барқ дар шабакаҳо аз ҳисоби ҷорисозии қарорҳои калидӣ (масалан, рақамисозии низомҳои ҳисоббарорӣ ва назорат) пешбинӣ шудааст.
Бо назардошти талафоти назарраси техникию молиявии низоми энергетикӣ (5 ТВт*с дар як сол ё зиёда аз 20% ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ), лоиҳа ба коҳиши камбуди нерӯи барқ ва таҳкими устувории молиявии бахши энергетика дар маҷмӯъ ва лоиҳаҳои калидӣ, аз ҷумла НБО-и “Роғун”, мусоидат мекунад.
Дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон зикр кардаанд, ки лоиҳа ба ташаббуси Global Gateway ва ҳадафи бештар густардаи Иттиҳоди Аврупо дар самти таҳкими амнияти энергетикӣ ва дастгирии гузариш ба энергетикаи сабз дар Осиёи Марказӣ мувофиқат мекунад.
Иттиҳоди Аврупо ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байнулмилалӣ (GIZ) ҳамчунин созишномаи грантӣ ба маблағи 20 млн евро барои мусоидат ба соҳаи пахтакории Тоҷикистонро имзо карданд. Ин ташаббус истеҳсоли устувори пахта тибқи гувоҳномаро ҳимоя намуда, коркарди онро ҷиҳати содироти босифат такмил медиҳад ва барои бахши хусусии дохилӣ имкониятҳои васеътар эҷод мекунад.
Илова бар ин, дар доираи барномаи васеътари дастгирии буҷетӣ ба маблағи 30 млн евро, пардохти 10 млн евро эълон шуд. Ин маблағгузорӣ ба татбиқи Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф то соли 2030 ва Барномаи таҳсилоти касбии шаҳрвандон барои солҳои 2021-2025 мусоидат хоҳад кард. Ҳадаф аз он баланд бардоштани сифату аҳаммияти таҳсилоти миёна ва омодагии касбӣ мебошад.
«Мо ду созишномаи муҳим имзо мекунем, ки ба устуворӣ, гузариши сабз ва суботи иқтисодии Тоҷикистон таҳким мебахшанд. Энергияи устувор ва дастрас асоси рушди иқтисод мебошад. Лоиҳаи муштарак бо GIZ ва БАТР як қадаме ба сӯи он аст, ки Тоҷикистон устувортар, рақобатпазир ва шукуфон гардад», – таъкид кард Йозеф Сикела.
Ӯ ҳамчунин ба шариконаш барои ҳамкории дарозмуддат ва дастгирии онҳо изҳори сипос намуда, илова кард, ки татбиқи ин лоиҳаҳо ба Тоҷикистон ҷиҳати рушди устувор такони иловагӣ хоҳад бахшид.

«Бо истифода аз стратегияи Global Gateway, Иттиҳоди Аврупо бо дастгирии таҷдиди зерсохторҳои муҳими кишвар, густариши истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия ва таъмиру навсозии бахшҳои калидӣ, аз ҷумла истеҳсоли пахта, ба ояндаи Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Ин сармоягузориҳо ба коҳиши талафоти нерӯи барқ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти бозорҳои нави содирот мусоидат хоҳанд кард», – изҳор дошт комиссар Сикела.
Комиссар Сикела ҳамчунин аз НБО-и “Роғун” – лоиҳаи калидӣ дар зерсохтори энергетикии Тоҷикистон, ки барои таҳкими амнияти энергетикӣ иқтидори бузург дорад, боздид кард.
«Бо хушҳолӣ хабар медиҳам, ки Бонки аврупоии сармоягузорӣ ба раванди арзёбии НБО-и “Роғун” оғоз кард. Ин як қадами муҳим дар роҳи рушди энергетикии Тоҷикистон мебошад», – афзуд Сикела ва таъкид дошт, ки ин лоиҳа барои субот ва истиқлолияти низоми энергетикии кишвар нақши муҳим дорад.
Стратегияи Global Gateway ҷонибдорӣ ва афзалияти Иттиҳоди Аврупоро ба рафъи нобаробариҳои сармоягузории ҷаҳонӣ инъикос мекунад. Ҳадафи ин ташаббус мусоидат ба ҳамбастагии устувор дар бахшҳои рақамӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ, инчунин таҳкими низомҳои маориф ва таҳқиқот мебошад. Барномаи мазкур ҷалби сармоягузориҳои давлатӣ ва хусусиро ба маблағи 300 млрд евро барои солҳои 2021-2027 пешбинӣ намуда, ба рушди устувор ва шарикии пойдор дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Як патент барои ду минтақа. Русия мехоҳад тартиби иҷозаи фаъолиятро дар Маскаву Санкт-Петербург ва атрофи онҳо тағйир диҳад
Нахустин парвоз дар масири Кеш-Душанбе-Кеш анҷом ёфт
Барои қабули кӯдакони муҳоҷирон ба мактабҳои Русия 3 балл кофист
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин мулоқот мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 марти соли 2025
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2025
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста