Зебинисо Рустамова, қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон ва Аврупо ва ягона барандаи медали олимпӣ аз Тоҷикистон дар риштаи камонварӣ ахиран 70-сола шуд. Ӯ дар шабу рӯзи мавлудаш дар хориҷи кишвар қарор дошт ва мо натавонистем мусоҳиба ороем. Ҳоло дар Душанбе аст ва мо имкони суҳбат бо ӯро аз даст надодем.

 

Аз сафар ба ИМА-ву АМА то машғулиятҳо дар Тоҷикистон

- Имрӯз чӣ ҳол доред ва 70-солагиро чӣ гуна истиқбол гирифтед?

- Пас аз анҷом ёфтани мусобиқаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2024 ба Амрико рафтам ва чанд моҳе бо фарзандону наберагонам  будам. Баъдан бо  фарзандонам  дар  Амороти Муттаҳидаи Араб ҷамъ шудем, писари калониам низ омад. Ҷашни 70-солагиамро бо ҳузури фарзандону наберагон, хоҳарону ҷиянҳо дар шаҳри Абу - Забӣ гузаронидам.

- Вақтҳои охир бештар ба чӣ корҳо машғулед?

- Соли 2010 президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар дастуру супориш доданд, ки варзиши камонварӣ дар Тоҷикистон рушд дода шавад. Раиси ҳамонвақтаи вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар чорабинии ҷамбасти сол бо варзишгарон, ба ман гуфтанд, ки “варзиши камонвариро аз ҳама беҳтар медонед, ин соҳаи варзишро ба шумо бовар мекунем, барои беш аз пеш рушд додани он чӣ коре лозим бошад, анҷом диҳед”. Ҳарчанд, расман дар куҷое кор намекардам, лекин барои иҷрои супоришҳои сарвари давлат боз ба камонварӣ баргаштам.

Акс аз Зебинисо Рустамова

Федератсияи камонварии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи байналмилалии камонварӣ эътироф шуда буд, вале мушкилоту норасоии зиёде дошт. Аз ҷумла, аз рӯйи Оиннома ва Қонунҳои ташкилоти ҷамъиятӣ фаъолият намекард.

Бинобар ин, Кумитаи миллии олимпӣ мушкилоти варзиши камонвариро омӯхта, барои кори федератсияро мутобиқи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ мувофиқ кардан лоиҳаи махсус дод. Дар он роҳбарияти федератсия, доварон ва мураббиён шомил буданд ва барои таҳияи стратегияи федератсия, омода кардани китобҳои омӯзишӣ барои камонварон ва рафъи мушкилоти соҳаву норасоии ҳуҷҷатгузорӣ супориш гирифтанд. Дар ин ҳайат ман ҳам шомил будам ва тӯли як даҳсола кори Федератсияи камонварии Тоҷикистонро ҷоннок кардем.

Аллакай, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ихтисоси камонварӣ таъсис дода шуд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии кишвар майдонҳои камонварии ба меъёри байналмилалӣ ҷавобгӯ бунёд мешавад ва барои баргузории мусобиқоти байналмилалӣ омодагӣ дида истодаем.

 

Ҳосили корномаи камонвар

- Дар бораи умри тайкардаи худ чӣ фикр доред ва аз корномаи худ розиед?

- Албатта, аз умри тайкардаи худ розӣ ҳастам. Ифтихор мекунам, ки барои баланд бардоштани парчами Тоҷикистон ва барои муаррифии миллату давлатам коре анҷом дода тавонистам. Ҳоло ба куҷое равам, ҳама мешиносанд, иззат мекунанд, аз лутфу марҳамати халқамон бархӯрдорам ва сарфарозона зиндагӣ мекунам.

Ҳатто барои корҳои лоиҳаи рушди камонварӣ ба ҳар вазорату идорае сар мезанам, роҳбарони аввал ва дигар масъулин пешвоз мегиранду барои ҳалли ҳуҷҷатгузории лоиҳа мусоидат менамоянд.

 

Акс аз Зебинисо Рустамова

- Гуфтаниед, ки ҳосили заҳмати худро чашида истодаед?

- Бале ва ба ҷавонон ҳам гуфтан мехоҳам, ки вақте қувват ва шароит доранд, барои халқу ватан хидмат кунанд, алабатта, натиҷаашро дер ё зуд мечашанд. Чашидани ҳосили заҳматҳои худ лаззате дорад, ки ба сухан онро фаҳмонида наметавонем. Ин лаззатро бояд эҳсос кард.

Вақте дар кӯча қадам мезаниву кадом як кӯдаке мегӯяд, ки “ана қаҳрамони олимпӣ”, “ана Зебинисо Рустамова” – эҳсоси аҷибе одамро фаро мегирад. Ё вақте миёни ҳазорон кас мо бо парчами давлатӣ ва бо суруди миллӣ ба майдон мебароему медал мегирем, эҳсоси ногуфтание дорад. Ин ҳамаро бояд таҷриба кард.

 

Қаҳрамони ҳақиқӣ касе аст, ки...

- Аммо бархеҳо вақте каме мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегиранд, мутакаббир мешаванд...

- Пеш аз ҳама бояд инсон бошем. Ҳар қадар ки ба муваффақиятҳо ноил шавем, бояд фурӯтан монем. Ғурур ва такаббур инсонро аз роҳи дуруст бароварда метавонад. Муҳимтар аз ҳама - боақл, бомаърифат ва хушахлоқ будан аст.

Агар инсон ба дигарон эҳтиром гузорад, дар ҳама ҳолат хушсухан бошад, он гоҳ ҳақиқатан комгор ва сарфароз мешавад. Ҳар як муваффақият бояд моро боз ҳам инсонтар, бовиҷдонтар ва хидматгори халқу ватан гардонад.

Мутакаббир шудан маънои онро дорад, ки шумо арзишҳои асосии инсониро фаромӯш кардаед. Аслан, қаҳрамони ҳақиқӣ касе аст, ки бо корҳои нек инсонҳоро хурсанд мекунад, на он касе, ки танҳо ба муваффақиятҳои шахсии худ менозад.

 


Пушаймонӣ аз 10 соле, ки аз даст рафт

- Гуфта метавонед, ки аз умри худ босамар истифода кардед?

- Дар ин маврид худамро зиёд сарзаниш мекунам. Дар фаъолияти касбӣ бисёр ақиб мондам. Қариб 10 сол аз варзиш дур будам. Дар лоиҳаи варзишӣ ширкат доштам ва таблиғгари варзиш будам, вале аз кори варзишӣ канор рафта будам.

Имрӯз пушаймонам, зеро он давраро дубора баргардонида наметавонам. Агар дар ҳамон муддат фаъолона дар соҳаи варзиш кор мекардам, имкон дошт, ки варзиши камонварӣ дар Тоҷикистон бештар рушд ёбад ва то сатҳи касбӣ боло равад.

Ҳоло кӯшиш дорам, ки ҳар чӣ бештар барои пешрафти варзиши камонварӣ талош варзам, то камбудиҳои гузашта ҷуброн шаванд. Шукр, ки метавонам бо таҷриба ва дониши худ саҳме дар рушди ин варзиш гузорам.

 


Бастани мактаби камонварӣ ва ҳиҷрати мураббиёни касбӣ

- Чаро 10 сол аз варзиш дур будед?

- Ин канорравӣ аз ман ҳам вобаста набуд. Соли 1993 мактаб ва марказҳои камонвариро дар Тоҷикистон бастанд, бисёри мураббиёни камонвар тарки кишвари мо карданд.

Масалан, Саша Кирилов, яке аз беҳтарин мураббиёни камонваррони тоҷик ба Амрико рафт ва 4 сол пайи ҳам мураббии беҳтарини ИМА эътироф шуд. Марҳабо Шарипова ба Австралия рафт. Гавҳар Пӯлотова, Лола Валихоҷаева, Василий Горбунов дар Русия, Салим Шукорович дар Ӯзбекистон, Зубайд Салимов дар Эрон ҳастанд. Ҳамаи мураббиён, ки замоне дар Тоҷикистон буданд, пас аз рафтан ҳам муваффақияти назаррас дар хориҷи кишвар нишон доданд. Ҳатто шогирди Лола Валихоҷаева ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ мебошад.

Аз Тоҷикистон рафтани ин мураббиён ба варзиши камонварӣ таъсири худро расонид. Агарчи соли 1998 дигарбора ба машқу тамрини камонварӣ иҷоза дода шуд, вале қариб мураббие набуд, ки ба дараҷаи лозима, яъне касбӣ ба варзишгарон камонвариро омӯзонад.

Агар ҳамон ҷозибаеро, ки варзиши камонварӣ дар солҳои 1970-1990-ум пеш мерафт, нигоҳ дошта метавонистем, мо соҳиби чандин мактабҳои камонварӣ будему то ҳол даҳҳо медалҳои олимпиро ба даст меовардем.

Аммо ноумед набояд шуд. Ин масал ба ман таскинбахш аст - дер ояду шер ояд! Ҳоло ҷоизабиёрони Бозиҳои олимпӣ тарбият меёбанд ва муваффақиятҳои мо дар пеш аст.

 


Мушкилоти ҷиддии варзиш дар Тоҷикистон

- Мушаххас мегӯед, ки имрӯз варзиши камонварӣ чӣ бурду чӣ бохтҳо дорад?

- Варзиши камонварӣ дигарбора эҳё шуда истодааст. Дар 60-солагиам Мактаби махсуси камонварӣ дар вилояти Суғд таъсис ёфт ва 1-уми апрели соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд иншооти камонварӣ бо ширкати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд. Инчунин, ихтисоси камонварӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таъсис гардид. Мураббиёни касбӣ ба кор ҷалб шудаанд. Ҷавонони шавқманд низ зиёд ҳастанд.

Мушкили асосӣ набудани дастаи мунтахаби камонварии Тоҷикистон аст, ки кишвари моро дар мусобиқоти байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Дар ин робита супориши президенти кишвар ҳаст ва боварӣ ба наздикӣ дастаи мунтахаб таъсис меёбад, роҳбарият, варзишгарони даста ва сармураббии он таъйин мешавад.

Инчунин, бояд дар Федератсияи камонварии Тоҷикистон воҳидҳои корӣ таъсис шавад ва маоши баланд майян гардад, то касони фаъолиятмекарда бо дилгармӣ ба кор машғул шаванд. Варзиши касбӣ дар тамоми ҷаҳон тавассути федератсияҳо идора мешавад ва воҳиди корӣ ҳасту варзишгарони касбӣ маоши баланд мегиранд. Ин таҷриба дар Тоҷикистон низ бояд пиёда гардад.

Ғайр аз ин, ман пешниҳод дорам, ки дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш раёсати варзиши касбӣ таъсис дода шудааст, то ҳама намудҳои варзиши касбиро назорат ва дастгирӣ намояд, барномаҳои рушди варзиши касбиро таҳия кунад, ҳамоҳангии байни федератсияҳо ва варзишгаронро таъмин созад.

Ҳамаи ин барои рушди варзиши касбӣ ва ҳамин тавр ба риштаи камонварӣ таъсири мусбат мерасонад.

 

Эҳёи камонварӣ ва талоши медалӣ олимпӣ

- Ба кори Федератсияи камонварии Тоҷикистон чӣ баҳо медиҳед?

- Федератсияи ҷаҳонии  камонварӣ соли 1992 Федератсияи камонварии Тоҷикистонро ба расмият шинохта буд, вале дар қатори федератсияҳои азчашмафтода мегузошт. Ҳоло Федератсияи ҷаҳонии  камонварӣ ба мо нигоҳи мусбат дорад.

Соли 2024 ҳатто котиби генералии федератсия Том Дилен бори нахуст дар мусобиқаи байналмилалии камонварӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон иштирок дошт. Ӯ ҳатто аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бори аввал ба Тоҷикистон омад ва ба ин далел ҳам метавонем гӯем, ки Федератсияи камонварии Тоҷикистон ҳоло аз федератсияҳои камонварии дигар кишварои ҳамсояамон пешсаф будааст.

Аммо мо набояд ба ин ғарра шавем. Бояд барои ба даст овардани медалҳои олимпӣ кор кунем ва то ба ин марҳила расидан тамоми талошамонро харҷ кунем. Баъди ба даст овардани медали олимпӣ мо бо сари баланд гуфта метавонем, ки кор кардем ва ин натиҷааш аст.

 


Президенти федератсия бошад, ба шарте ки...

- Дар Тоҷикистон маҳз мансабдорон роҳбари федератсияҳо интихоб мешаванд. Аз ҷумла роҳбари Федератсияи камонварӣ ҳам раиси ҷилояти Суғд Раҷаббай Аҳмадзода аст. Ба ин падида чӣ назар доред?

- Натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксар кишварҳои ҷаҳон мансабдорон ё соҳибкорон президенти федератсияҳо интихоб мешаванд. Ин ҷо як нуктаи муҳим аст – шахсоне, ки президенти ин ё он федератсия интихоб мешаванд, ба ҳамон соҳаи варзиш шавқи баланд доранд ва ин ба рушди соҳа метавонад таъсири мусбат расонад. Бигзор мансабдорон президенти федератсияҳо интихоб шаванд, фақат бояд муовинон ва дигар кормандони федератсияҳо бояд шахсони аз ҳамон соҳа огоҳ бошанд, то ба роҳбар дуруст роҳнамоӣ кунанд ва соҳаро рушд диҳанд.

Масалан, раиси иҷроияи ширкати “Hyundai” Эуисун Чунг президенти Федератсияи камонварии Кореяи Ҷанубӣ аст. Ӯ барои рушди варзиши камонварӣ бисёр заҳматҳо кашидаву маблағи зиёд ҳам харҷ кардааст. Кормандони Федератсияи камонварии Кореяи Ҷанубӣ варзишгарони камонвар ва мутахассисону мураббиёни касбӣ ҳастанд.

Раҷаббой Аҳмадзода президенти Федератсияи камонварӣ аст, зеро ӯ варзиши камонвариро дӯст медорад ва барои рушди он талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Дар Хуҷанд аллакай Мактаби махсуси варзиши камонварӣ таъсис ва майдони меъёриикамонварӣ ифтитоҳ шуд. Дар оянда нақшаҳои зиёд ҳаст, ки зина ба зина амалӣ хоҳанд шуд.

 


Се сабаби адами Зебинисои сонӣ

- Чаро бо гузашти қариб 50 сол Зебинисои дигаре рӯи майдон наомад?

Справка по теме

Зебинисо Рустамова 29 январи 1955 дар Душанбе таваллуд шудааст. Вай дар гурӯҳи «Динамо» омўзишро оғоз намуда, дар мусобиқаҳои варзишӣ ба дастовардҳои бузург расид, аз ҷумла медали тилоро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Кишинёв ва медали нуқра дар масофаи 50 метр. Зебинисо дар Бозиҳои олимпии Монреал дар соли 1976 иштирок ва медали биринҷӣ гирифт. Аз соли 1986 то 1995, Зебинисо дар мақомҳои гуногуни раҳбарӣ, аз ҷумла Раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҶШС Тоҷикистон ва ноиб-президенти Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Зебинисо ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпии 1976 дар Монреалро гирифта, дар минбаъда ба таблиғотчии сохтори олимпӣ ва варзиш дар Тоҷикистон табдил ёфт.

- Бояд иқрор шавем, ки дар замони истиқлол теъдоди духтарони варзишгар зиёданд, лекин барои варзиш вақти зиёд ҷудо карда наметавонад. Ин чанд сабаб доранд:

Якум, дарси тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳо кам аст, клубҳои варзишӣ кам аст ва аксари толибилмон аз оддитарин машқҳои ҷисмонӣ огоҳ нестанд. Вақте ҷавонон барои омӯзиши камонварӣ ба мактабҳои омӯзишӣ ҷалб мешаванд, мо маҷбурем, ки аз машқҳои ҷисмонӣ корро оғоз кунем, то марҳила ба марҳила ба камонварӣ омода намоем;

Дуюм, дар замони бозаргонӣ аксари ҷавонон нисбат ба “думбаи насия” ба “шуши нахт” бартарӣ медиҳанд - яъне, назар ба он ки омада даҳсолаҳо пул дода, ба варзиш машғул шаванд, ба кори дигар мераванду маблағ ба даст меоранд;

Сеюм, духтароне, ки ба варзиш шавқ доранд ва барои омӯзиши варзиши касбӣ ҷалб мешаванд, дер ё зуд ба шавҳар мебароянд, пас аз ин кори хонадориашон зиёд мешавад ё шавҳар ё оилаи ӯ намегузорад, ки дигар ба варзиш машғул шаванд.

Бо ин далоил дар варзиши касбии мо духтарони парчамбардор кам ҳастанд.

Бо ин вуҷуд, агарчи дар риштаи камонварӣ Зебинисои дигар ба майдон наомад, вале дар риштаҳои дигари варзиши касбӣ муваффақон пайдо шудаанд. Масалан, ман метавонам аз Мавзуна Чориева ном барам, ки медали олимпӣ ба даст овард.

 


Таскини аламҳои бемодарӣ

- Марги модар ба зиндагиатон чӣ таъсир гузошт? Аз кадом гуфтаҳову кирдорҳои модар ёд мекунед ва аламҳои бемодариро чӣ гуна таскин медиҳед?

- Марги модар барои ман бузургтарин зарбаи рӯҳӣ буд ва зиндагиямро холӣ кард. Ҳар вақте комёб мешудам, пеш аз ҳама ба модарам занг мезадам. Ӯ аз комёбиҳои ман даҳчанд хурсанд мешуд. Ҳамеша ба ёд меорам, ки модарам чӣ гуна маро ба варзиш роҳнамоӣ мекард. Муттако ва ва дар ҳама ҳолат дастгирам буд.

Ҳар рӯзи зодрӯзам, агар дар хориҷа бошам - худаш занг мезад ва таҳният мегуфт, агар дар ватан бошам - меомад. Инак чорум зодрӯзам аст, ки бе садои модарам, беҳузури модарам мегузаронам. Дар рӯзи 70-солагиам ҳам ин фикр маро азоб дод...

Аламҳои бемодариро бештар бо хидмат ба халқу ватан таскин медиҳам. Ҳар як муваффақияти варзишӣ ва ҷамъиятиамро чун қадрдонӣ аз модарам қабул мекунам. Кӯшиш мекунам, ки номи ӯро нек нигоҳ дорам ва дар ҳаққаш ҳамеша дуогӯям.

 


Агар имкон медоштам...

- Агар ба гузашта баргашта метавонистед, оё дар фаъолияти варзишиатон чизеро тағйир медодед?

- Аввалан бояд гӯям, ки дигар вақти рафта бар намегардад. Бисёр сарфарозам, ки дар аксар мусобиқаҳои байналмилалие, ки ширкат кардам, бемедал барнагаштам. Ҳамчунин, ифтихор дорам, ки ман – як духтараки ҷавони тоҷик 15 сол дар дастаи мунтахаби варзишгарони шӯравӣ шомил будам. Ҳам чанд маротиба чемпиони ҷаҳон ва чемпиони Аврупо шудам ва ҳам медали олимпӣ ба даст овардам, рекордҳои ҷаҳонӣ гузоштам ва нишон додам, ки духтари тоҷик ҳам пурқудрат аст.

Танҳо аз ҳамон 10 соле, ки дар варзиш набудам, афсӯс мехӯрам. Агар умри дигарбора медоштам, ҳама вақтамро ба варзиш сарф мекардаму ҳама қувватамро барои беш аз пеш муаррифӣ кардани халқу ватанам сарф мекардам.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.