Дирӯз, 13 март дар доираи чорабинии “Ring the Bell for Gender Equality” дар Душанбе масъалаи тавонмандсозии занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дастгирии занони соҳибкор, нақши сиёсати давлатӣ дар ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва васеъ кардани имкониятҳои иқтисодии занон тавассути технологияҳои инноватсионӣ аз масъалаҳои асосии чорабинӣ буданд.

Дар чорабинӣ занони дар соҳибкорӣ муваффақ, намояндагони бахши молиявӣ ва соҳибкории ниҳодҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ширкат доштанд.

Гуфта шуд, имрӯз дар Тоҷикистон 110 ҳазор зани соҳибкор фаъолият дошта, ҳиссаи онҳо марҳила ба марҳила дар бунёди марказҳои тиҷорӣ, истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва  хизматрасонӣ бештар мегардад. Ҳамчунин бояд гуфт, тайи даҳ соли охир барои дастгирии занони соҳибкор бонкҳои кишвар беш аз 27 миллиард сомонӣ қарз додаанд.

Нигина Ализода, муовини якуми вазири адлияи кишвар гуфт, барои дастгирии занони соҳибкор ва нақши ҷамъиятии онҳо як қатор қонунҳо дар ҷумҳурӣ амал мекунанд ва интизор меравад, ки бо мақсади беҳтар кардани вазъи иқтисодии занон ва духтарон дар кишвар барномаи вижа қабул шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин барнома бахше аз сиёсати давлатӣ барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ мебошад, ки яке аз нуктаҳояш ба фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занон нигаронида шудааст.

Нигина Ализода
Акс аз АМИТ "Ховар"

Ба таъкиди ӯ, “Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027”, ки моҳи ноябри соли 2023 қабул гардид, санадест, ки барои рушди минбаъдаи соҳибкории занон дар Тоҷикистон то андозае мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи Нигина Абдураҳмонзода, директори Агентии коғазҳои қиматноки Вазорати молия иқдоми мазкур ҳамасола дар беш аз 100 кишвари ҷаҳон баргузор гашта, ҳадафи он мусоидат ба баробарии гендерӣ ва тавонмандии занон аст.

“Ногуфта намонад, ки ташаббуси мазкур аз заминаи устувор барои рушди бозори коғазҳои қиматнок, ки чандин сол қабл омода шуда буд, сарчашма мегирад”, - зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, бозори қоғазҳои қиматнок солҳои охир  босуръат рушд дорад. “Ба санаи имрӯза капитализатсияи бозор зиёда аз 9 млрд сомониро ташкил медиҳад”, - илова намуд роҳӣари Агентӣ.

 

Нигина Абдураҳмонзода

Дар давоми чорабинӣ чанде аз занони соҳибкор, ки баъзе қолабҳоро шикаста, ба рушди шахсӣ ва касбии худ ноил гардидаанд, қиссаҳои ҷолиби худро нақл карданд. Аз ҷумла, Моҳира Мирзоева, ки роҳбарии ширкати сохтмонии “Бухоро Палас”-ро ба ӯҳда дорад, дар мисоли худ аз мушкилоти зане, ки қалабҳоро шикасту ба соҳаи сохтмон рӯ овардааст, қисса кард.

Ҳамчунин дар чорабинӣ Парвати Рамасвами, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон ва Осим Севимли, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карда, аз талошҳои худ дар самти пешбурди баробарии гендерӣ, махсусан иштироки занон дар иқтисодиёт, инноватсия ва соҳибкорӣ гуфтанд.

Бояд гуфт, ин чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯз доир гардида, дар поён занони муваффақ қадрдонӣ шуданд.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7 марти соли ҷорӣ дар суханронии худ дар чорабинии идона бахшида бар рӯзи модарон аз омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар фазои сиёсӣ ва нақши онҳо дар соҳибкорӣ иттилоъ дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.