Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон пас аз имзои Созишномаи ниҳоӣ оид ба сарҳад бо Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар кишварҳои минтақа раводид барои шаҳрвандони ҳамдигар пурра лағв карда шавад. Ӯ ҳамчунин, навишт, ки барои шаҳрвандони давлатҳои дигар раводиди ягона барои вуруд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷорӣ гардад.
Ӯ дар як изҳороти хзуд дар фейсбук навишт, ки масъалаи марзии байни Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки 101 сол (аз соли 1924) ҳалнашударо монд, акнун ниҳоят ҳал шудааст ва дар Осиёи Марказӣ “осоиши абадӣ” барқарор гаштааст.
“Ҳоло кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд раванди лағви раводид барои шаҳрвандони ҳамдигарро шурӯъ кунанд. Баъдан барои меҳмонон аз дигар давлатҳо – раводиди ягона, ки ба онҳо имкон медиҳад дар ҳамаи кишварҳои минтақа озодона ҳаракат кунанд, монанди “раводиди минтақаи Шенген”, ҷорӣ намоянд”, - навишт Жапаров.
Мавқеи кишварҳои дигари минтақа дар ин робита маълум нест. Амсмо солҳои охир эҳсос мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд бо ҳам равобити танготанг дошта бошанд. Ҳалли охирин баҳсӣ марзӣ миёни кишварҳои минтақа, таъсис ва баргузории шӯрои машваратӣ миёни роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ гувоҳи тақвияти ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа мебошад.

Дар ин изҳороти худ Жапаров ҳамчунин Созишномаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро, ки дирӯз, 13-уми марти соли 2025, имзо шуд, шарҳ дода, навишт, ки то имзо бисёре аз ҷузъиёти он барои ҷомеа ошкор нашуда буд ва ҳамакнун, Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ- и ин кишвар, роҳбари ҳайати музокиракунанда аз кишвараш санаи 19-умарт дар парлумон онро пурра шарҳ медиҳад.
Жапаров аз онҳое, ки алайҳи созишнома ҳарф мезананд, интиқод карда, гуфт, “...онҳое, ки мехоҳед таваҷҷуҳро ҷалб карда, дар интихоботи оянда раъй ҷамъ кунед, биёед... саволҳои худро диҳед ва посухи мушаххасу мукаммал гиред”.
Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки “вақте масоили душвору таърихӣ миёни ду давлат ҳал карда мешавад, манофеи шахсиро канор бояд гузошт”.
Зоҳиран ин суханони Жапаров ба онҳое, ки дахл дорад, ки аз Созишномаи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон имзошуда интиқод карданд. Яке аз онҳо вакили парлумони ин кишвар, собиқ раиси вилояти Ботканд ва афсари мақомоти амният Султонбой Ойҷигитов, буд, ки як қатор нуктаҳои созишномаро мавриди интиқод қарор дод.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 13-уми марти соли равон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров, раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Бишкек Созишномаи сарҳадиро имзо карданд ва ба ин ба охирин баҳси марзӣ дар минтақа хотима бахшиданд.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор