ЭЪЛОН
Имрӯз, соати 11:00 дар Театри давлатии ҷумҳуриявии "Лухтак" намоиши "Шоҳзодаи хурд"- Юлия Москалевич бо коргардонии Зафар Ҷаводов баргузор мешавад. Мазмуни намоиш аз асари ҳамноми нависандаи фаронсавӣ Антуан де Сент-Экзюпери гирифта шудааст. Ҳикояи фалсафӣ ва фантастикӣ дар бораи писараки хурдсоли саёҳаткунандаи аз сайёраи дигар, ки ба Замин омадааст, нақл мекунад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 16 МАРТ
Соли 2015 – Рустами Эмомалӣ, директори Агентии назорати молияи давлатӣ ва мубориза бо коррупсия таъин шуд ва то соли 2017 дар ин мақом кор кард.
Соли 2016 – Дар Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд.
Соли 2018 – Байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низоми бидуни раводид ҷорӣ шуд. Тибқи он шаҳрвандони ҳарду кишвар метавонанд бидуни раводид ба муддати то 30 рӯз дар кишварҳои якдигар бошанд.
Соли 2020 – Ӯзбекистон сарҳади худро бо Тоҷикистон баст ва парвозҳои ҳавоӣ қатъ кард. Сабабаш ошкор шудани коронавирус дар ин кишвар буд.
Соли 2023 – Додгоҳи вилояти Маскав Александр Семинро, ки дар таҷовуз ва қатли духтари панҷсолаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода айбдор мешуд, ба 24 соли зиндон маҳкум кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1907 – Мавлуди Парвин Эътисомӣ, шоири эронӣ.
Соли 1954 – Мавлуди Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон.

Муҳаммад Ғоиб хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб буда, аз соли 1977 ба ҳайси мухбири Кумитаи телевизион ва радио дар минтақаи Кӯлоб фаъолият кард ва аз соли 1987 то соли 1990 мухбири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар ин минтақа буд.
Ӯ солҳои 1990-1995 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои собиқ вилояти Кӯлоб ва 1995-1997 роҳбари қароргоҳи ҳукуматии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буд.
Инчунин солҳои 1997-2000 раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, аз соли 2000 то 2004 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Соли 2004 сарвари Киностудияи “Тоҷикфилм” таъин шуда, онро то соли 2008 роҳбарӣ кардааст. Аз соли 2008 то 2012 сарвари Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон буд. Аз соли 2012 то вақти нафақа сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд.
Номбурда зиёда аз 50 асар, аз ҷумла, “Турнаҳо”, “Роҳи деҳа”, “Меҳри гиёҳ”, “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”, “Шоҳи Ҳамадон” эҷод кардааст. Ӯ муаллифи филмномаҳои “Гумгаштапайдо”, “Пуштаи хандақпеч”, “Ҳасрати дидор”, “Вафодор” ва ғайра мебошад.
Соли 1957 – Зодрӯзи Раҳматилло Зойиров, сиёсатмадори тоҷик, муассис ва раиси пешини Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ).

Раҳматилло Зойиров яке аз сиёсатмадорони маъруфи тоҷик аст, ки дар давоми фаъолияти чандинсолаи худ дар ин бахш тавонист ҳамчун як сиёсатмадори матраҳ худро муаррифӣ кунад.
Солҳои 1986-1993 устоди риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар соли 1989 кори вакили мудофеъро оғоз кард ва аз нахустин касоне ҳисоб мешавад, ки дар Тоҷикистон созмони ғайриҳукуматӣ таъсис додааст. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси коршинос дар СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ ва чанде дигар аз созмонҳои байнулмилалӣ кор кардааст. Солҳои 2001‑2003 дар вазифаи мушовири давлатии президенти Тоҷикистон дар бахши сиёсати ҳуқуқӣ кор кардааст.
Моҳи марти соли 2003 зидди тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон садо баланд кард ва чун садояш шунида нашуд аз мақомаш истеъфо (охирин истеъфои як мақомдори давлатӣ дар Тоҷикистон. -идора) дод.
Баъди истеъфо ҲСДТ-ро таъсис дод, ба сафи мухолифини ҳукумат пайваст ва муборизаи сиёсии худро бо шиори “адолату садоқату тараққиёт” идома дод. Ӯ чун ҳуқуқшиноси касбӣ бештар ба масоили ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ дошт ва роҳи ҳалли аксари мушкилро ҳам, дар такмили низоми ҳуқуқии кишвар ва таъмини адолати иҷтимоӣ медид.
Дар чандин интихоботи парлумонӣ бо ҳизби худ – ҲСДТ ширкат кардаву ноком эълон гардид. Дар чанд интихоботи президентӣ ҳам талош кард номзад бошад, аммо боз ҳам ин иҷозаро пайдо накард.
Барои мавқеи сиёсиаш чанд маротиба мавриди латукӯб ҳам қарор гирифт, ҳарчанд мақомот ҳамеша таъкид мекарданд, ки латукӯби сиёсатмадор кори дасти авбошон аст.
Ахиран, се сол пеш аз роҳбарии ҳизб ҳам истеъфо дод ва эълон кард, ки аз майдони сиёсӣ канор меравад. Бо ҳамин аз назари мардум канораҷӯӣ кард ва бо ӯ аҳёнан дар кӯчаҳои шаҳр, ҳангоми қадамзанӣ, мулоқот ва суҳбат кардан мумкин буд.
Раҳматилло Зоиров 18‑уми майи соли гузашта дар синни 67‑солагӣ, бар асари беморӣ аз дунё даргузашт.
Дар робита ба шахсияту корномаи ин сиёсатмадор дар ин мавод хонед: Сиёсатмадоре бо мавқеи устувор. Назари ҳамкорону ҳамкасбон дар бораи Раҳматилло Зоиров
Соли 1970- Зодрӯзи Шавкат Саидов, рӯзноманигор ва ҳуқуқшиноси тоҷик.

Шавкат Саидов дар сохторҳои гуногуни шаҳрдории Душанбе ва Маҷлиси миллӣ кор кардааст. Аз ҷумла, солҳои 2002 - 2004 - котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе ва ду сол (2015-2017) директори “Телевизиони Пойтахт” (ҳоло “Душанбе”)-и шаҳри Душанбе буд.
Аз соли 2004 то соли 2015 - ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори умум ва созмонҳои ғайридавлатӣ буд.
Баъди ин, ҳудуди як сол ба ҳайси мудири котиботи раиси Маҷлиси миллӣ ва аз октябри соли 2017 то соли 2020 муовини роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ фаъолият кардааст.
Як сол дар Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси нозир-референт низ кор кардааст.
Аз январи соли 2022 ҳуқуқшиноси ҶДММ “Ободии Пойтахт” мебошад.
Бо тахаллуси Шавкат Симо шеър менависад. Муаллифи китобҳои “Рашки ашк” (2011) ва “Чанд ҳикмат ба як рӯзе” (2019) аст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
16 марти соли 1831 романи Виктор Гюго – “Калисои Нотр-Дами Париж” нашр шуд. Гюго аз моҳи июли соли 1830 то январи 1831 бо танаффуси кӯтоҳе, ки ба инқилоби Париж рост омад, ин асарро эҷод кард. Соли 1978 Робер Оссейн аз рӯйи ин роман мюзикле таҳия кард, ки пас аз 25 сол дар Театри опера ва балети Маскав ба саҳна гузошта шуд.

16 марти соли 1926 аввалин мушаки сӯзишвории моеъдор ба фазо партоб шуд. Муҳандиси соҳаи мушаксозӣ Роберт Ҳатчингс Годдард ин мушакро ба наздикии шаҳри Оберн партоб кард.
Мушак, ки тақрибан 5 килограмм вазн дошт ва сӯзишвориаш омехтаи оксигени моеъ ва бензин буд, ба баландии 12,5 метр баромада, дар тӯли 2,5 сония масофаи 56 метрро дар самти уфуқ тай кард. Ин парвози кӯтоҳ қадами бузурге дар рушди мушаксозӣ ва нишондиҳандаи тавоноии муҳаррикҳои сӯзишвории моеъ гардид.

16 март Рӯзи қаламҳои ранга таҷлил мешавад. Вожаи “қалам” аз забони туркӣ гирифта шуда, маънояш “санги сиёҳ” аст. Қаламҳои ранга танҳо дар аввали асри ХХ ба таври васеъ истифода шуданд ва ба василаи муҳим барои ифодаи эҳсосот ва хаёлоти кӯдакон табдил ёфтанд. Имрӯз қаламҳои ранга дар равоншиносӣ, бахусус дар терапияи бадеӣ истифода мешаванд.

16 март Рӯзи амалҳои ғайричашмдошт (спонтанӣ) таҷлил мешавад. Ин рӯз ба амалҳои ғайричашмдошт ва бидуни нақша бахшида шудааст. Қобилияти тасмимгирии ногаҳонӣ ва озодона арзишманд дониста мешавад, зеро чунин амалҳо метавонанд таниши равониро коҳиш дода, нерӯи тафаккур ва эҷодкориро тақвият бахшанд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 16 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 8+13º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 14+19º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард, рӯзона -2+3º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 7+9º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 17+19º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 6+8º гарм.
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста