Дар Вазорати энергетика мегӯянд, эҳтимол аст дар доираи нахустин нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон хати интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи барқии “Датка”-и Қирғистон то зеристгоҳи “Суғд-500”-и Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Вазорати энергетикаи кишвар навиштааст, ки Манучеҳр Сафарзода ва Назгул Усенова, муовинони вазирони энергетикаи Тоҷикистон Қирғизистон рӯзи 14-уми март дар як вохӯрӣ масъалаи ба истифодадиҳии хати мазкурро баррасӣ кардаанд.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия – Плюс” гуфтанд, ки сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи барқии “Суғд-500” то зеристгоҳи “Датка” пурра ба анҷом расидааст.
Дар ин ниҳод мушаххас нагуфтанд, ки хати мазкур кай ба истифода дода мешавад, танҳо гуфтанд, ки “эҳтимол аст дар доираи нахустин нишасти сеҷонибаи раисҷумҳурони се кишвар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки дар Хуҷанд баргузор мешавад, ба кор дарояд”.
Бояд гуфт, ки хати мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст. Дар татбиқи лоиҳаи мазкур кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ширкат доранд.
Қаблан вазири энергетикаи Тоҷикистон гуфта буд, ки тибқи созишномаҳо байни кишварҳои иштирокдори лоиҳа, давоми 10 соли пас аз мавриди истифода қарор гирифтани хатти CASA-1000, интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон танҳо дар мавсими тобистон – аз моҳи май то сентябр сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки дар лоиҳаи Central Asia – South Asia – 1000 (CASA-1000) сохтмони хати фаромарзии интиқоли барқ, ки тариқи он интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон сурат мегирад, пешбинӣ мекунад.
Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли 2016 бо иштироки сарони давлат ва ҳукуматҳои чор кишвари иштирокчии лоиҳа дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон баргузор шуд.
Арзиши умумии сохтмони хати интиқоли барқи мазкур бо масофаи 1,4 ҳазор километр дар маҷмӯъ ҳудуди 1,2 млрд долларро ташкил медиҳад.
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Ҳушдор ба муҳоҷирон дар Русия: Ба миёнаравҳо бовар накарда, шахсан худро дар қайд гузоред
Сабти филми мустанад дар бораи Ҳофизи Шерозӣ оғоз шуд
Нархи гӯшт дар бозорҳои Душанбе. Чанд пул аст, чӣ гуна муайян мешавад ва харидорон аз чӣ шикоят доранд?
Трамп гуфт, пагоҳ бо Путин суҳбат мекунад
Парвози аввалин ҳавопаймо аз Бишкек ба Хуҷанд
Дар пайи ҳамлаҳои Амрико ба мавзеъҳои ҳусиҳои Яман беш аз 50 нафар кушта шудаанд
Нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел боло меравад
Як патент барои ду минтақа. Русия мехоҳад тартиби иҷозаи фаъолиятро дар Маскаву Санкт-Петербург ва атрофи онҳо тағйир диҳад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста