Дар шаҳри Душанбе ба ҷашни байналмилалии Наврӯз омодагӣ мебинанд: аллакай ба гӯшаҳои гуногуни пойтахт нишони сабзаи суманак ва таблову ороишоти гуногун насб гардидааст.

Дар майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе нишони сабзаи суманак қомат афрохтааст ва дарахту ороишоти наврӯзӣ гузошта шудааст.

Сокинону меҳмонони пойтахт чанд рӯз инҷониб ба ин боғ меоянду назди сабзаи баландпояи суманак аксҳои хотиравӣ мегиранд ва аз фарорасии ҷашни Наврӯз фараҳ мебардоранд.

 

1/13

Дар майдони 800-солагии Маскав, назди бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ низ сабзаи суманак бо навиштаҷоти “Наврӯз -2025” ниҳода шудааст.

 

1/2

Пешорӯи бинои нави порлумони кишвар ҳам бо ороишоти наврӯзӣ пероста шудааст.

 

1/7

Дар сайргоҳҳои пойтахт гулҳои гуногун шинонидаанд, дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ таблоҳои муждаи наврӯзӣ насб гардидааст ва дарахтони боғҳо ҳам аз омадани фасли баҳор хабар додаву гул кардаанд.

 

1/10

Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, ки паёмовари фасли баҳор, навшавии сол, омадани фасли гармо ба шумор меравад.

Созмони миллали муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байнулмилалии Наврӯз эътироф намудааст.

Ҳамчунин ҷашни Наврӯз ба руйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО дохил шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.