Пулиси Душанбе бар зидди панҷ фурӯшандаи дигар барои боло бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ карда, онҳоро ҷарима кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мақомот дар пайи санҷишҳо боз чанд далели дигаре, ки фурӯшандаҳо гӯштро аз нархи муайяншуда қиммат фурӯхтаанд, маълум кардаанд.
“Аз ҷумла, шаҳрвандон Зокиров Хайриддин, Диллоев Меҳроб, Ҳоҷиев Шамсиддин, Файзуллоев Бурҳониддин ва Олимзода Бузургмеҳр, ки ба фурӯши гӯшт машғуланд, бо мақсади ба даст овардани манфиати молӣ нархро қиммат намуда, ба қонуншиканӣ даст задаанд”, - навиштааст Раёсати ВКД дар пойтахт.
Мақомот алайҳи онҳо барои беасос баланд бардоштани нархҳо (моддаи 555- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ кардаанд.
Ин банди қонунгузорӣ барои соҳибкороне, ки бо панет фаъолият мекунанд аз 1 ҳазору 500 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 20 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои шахсони мансабдор аз 3 ҳазору 750 то 4 ҳазору 500 сомонӣ (аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, аз 4 ҳазору 500 сомонӣ то 6 ҳазор сомонӣ (аз 60 то 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 ҳазор сомонӣ то 225 ҳазор сомонӣ (аз 2 то 3 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима пешнинӣ мекунад.
Назари худи фурӯшандаҳо дар робита ба ин қазия маълум нест.
Бояд гуфт, ки мақомот чанд рӯз қабл низ алайҳи панҷ фурӯшанда барои беасос баланд бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ боз карда, онҳоро ҷарима карда буд. Мақомот гуфта буданд, ки фурӯшандаҳо нархномаи гуштро 75-сомонӣ навишта, вале ба шаҳрвандон як килограмми онро аз 95 то 100 сомонӣ мефурӯхтаанд.
Ёдрас мешавем, ки Раёсати ВКД дар пойтахт қаблан аз тоҷирону соҳибкорон хоста буд, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набаранд. Мақомот гуфта буданд, ки дар акси ҳол, нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” андешида мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон тоҷирон нарху молу маҳсулотро дар бозорҳо боло мебаранд, ки ба нигаронии аҳолӣ боис мегардад. Бахусус, маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили гӯшт, сабзавоту мева гарон мешаванд. Имсол низ бо шуруъи моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввал гарон шуд.





Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста