Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки қариб 4 сол ба ин сӯ баста буд, интизор меравад пагоҳ, 13-уми марти соли 2025, боз шавад. Дар ин бора як манбаъ ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.
Ӯ гуфт, “ифтитоҳи расмии гузаргоҳҳои марзӣ аз ҳарду ҷониб бо ҳузури мақомоти баландпоя ва марзбонон сурат мегирад”.
Вале маълум нест, ки дар он раисони ҷумҳури ду кишвар ба таври маҷозӣ ё ҳузурӣ ширкат мекунанд. Ҳамчунин, номаълум аст, ки мушаххасан кадом гузаргоҳи сарҳадӣ боз мешавад.
Қаблан, як манбаи дигар аз ҳукумати Исфара ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври маҷозӣ дар кушодашавии ду гузаргоҳи марзӣ байни ду кишвар ширкат мекунанд.
Бояд гуфт, ки имрӯз, 12-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо як сафари давлатӣ ба Қирғизистон рафт ва ин сафар ду рӯз идома меёбад.
Дар ҳамин ҳол, пагоҳ, 13-уми март, як гурӯҳ рӯзноманигорон барои инъикоси кушодашавии марз байни ду кишвар ба минтақаҳои марзӣ даъват шудаанд. Яке аз хабарнигорони даъватшуда низ тасдиқ кард, ки пагоҳ ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон меравад ва тибқи иттилои ба ӯ ироашуда, дар маросими дубора боз шудани сарҳади давлатии ду кишвар иштирок карда, онро пӯшиш медиҳад.
Ёдовар мешавем,ки марзи Тоҷикистону Қирғизистон баъди даргирии марзии моҳи апрел-майи соли 2021 баста шуда буд. Он замон Қирғизистон сарҳадро якҷониба баст.
Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи “Манас” Содир Жапаров истиқбол гирифт
Маблағгузории БАТР ва БОР ба корҳои таъмиру навсозии роҳи Данғара - Гулистон
Баъди даъвати Эмомалӣ Раҳмон. Эрониён дар Иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
“Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”. Дар Тоҷикистон дар бораи қаҳрамонии тоҷикон дар ҶБВ филм ба навор гирифтанд
Мақомот ба муҳоҷирон ҳушдор доданд, ки бори нафарони ношиносро набаранд
“Рӯйхати сиёҳ”. Вазири Русия гуфт, 685 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ шомили онанд
Нархи Ҳаҷ–2025 маълум шуд. Зоирони тоҷик кай ба Арабистони Саудӣ мераванд?
Тоҷикистону Чин ният доранд, ки байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ боз кунанд
Дар арафаи ҷашни Наврӯз чанд мусобиқаи байналмилалии варзишӣ баргузор мешавад
Мақомот боз чанд фурӯшандаи дигарро барои боло бурдани нархи гӯшт ҷазо додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста