Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як огоҳӣ аз муҳоҷирон хост, ҳангоми сафар ба Русия ва ё бозгашт ба ватан аз бурдани бор, ҳуҷҷат ва дигар ашёҳои шахсони ношинос, ки таркибашон муайян нест, худдорӣ кунанд.

Ин ниҳод ҳамчунин аз муҳоҷирон талаб кардааст, ки ҳангоми сафар аз як вилоят ба вилояти дигари Русия бағоҷҳои шахсони ношиносро интиқол надиҳанд.

Дар огоҳии Намояндагӣ аз муҳоҷироне, ки ба таксиронӣ ва колорасонӣ машғуланд, хоста шудааст, ки вақти қабули фармоиш ҳатман аз фармоишгар таркиби ашё ё баҷоғи мебурдаашонро пурсон шаванд, то фаҳманд дохили он чӣ дорад.

Дар идома ин ниҳод аз муҳоҷирон хостааст, ашёҳоеро, ки истифодаашон манъ ва ғайриқонунӣ аст, ба дигар ҷо интиқол надиҳанд.

Ин ниҳод нагуфтааст, ки бо кадом сабабу ангезаҳо ба муҳоҷирон чунин ҳушдор додааст.

Намояндагӣ дар сомонааш гуфтааст, ки дар сурати пайдо шудани савол ва гирифтани маълумоти ҳуқуқии ройгон муҳоҷирон метавонанд ба ин ниҳод бо рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва паёмрасони “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68 муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.