Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба рушди тиҷорат ва долонҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон тавассути маблағгузорӣ ва корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Данғара - Гулистон саҳм мегузорад.
Роҳе, ки ҳанӯз солҳои 1930-юм сохта шудааст, қисмате аз долони бузурги байнулмилалӣ ва занҷираи муҳими пайвасткунандаи минтақаи шимол ва ҷануби вилояти Хатлон аст. Вилояти мазкур минтақаест, ки дар он зиёда аз 53%-и маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, беш аз 35%-и аҳолии ҷумҳурӣ дар ин қаламрав зиндагӣ мекунанд.
Қарзи мустақили БАТР ба маблағи то 38 млн евро ба таъмиру навсозии қитъаи роҳи масофааш 49 км ва сохтмони зерсохтори нерудиҳӣ барои электромобилҳо (мошинҳои барқӣ) равона мегардад. Бонки осиёии рушд (БОР) барои амалисозии лоиҳа ба маблағи то 86,7 млн доллар грант пешниҳод мекунад.
Дар лоиҳа табдили роҳи духатаи категорияи II то роҳи чорхатаи категорияи I пешбинӣ шудааст, ки ҳамлу нақли бор ва равуои мусофиронро тариқи вилояти Хатлон ба таври назаррас зиёд карда, ба рушди тиҷорат мусоидат менамояд. Роҳ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири равшанидиҳанда, роҳҳо барои дучарха ва пиёдагардон ва шахсони имконияташон маҳдуд таъмин мешавад.
Ин яке аз аввалин роҳҳое дар кишвар хошад шуд, ки бо нуқтаҳои нерудиҳӣ барои электромобилҳо муҷаҳҳаз мешавад. Ба ин васила татбиқи лоиҳа ба истифодаи чунин навъи нақлиёт ва сохтмони зерсохтори марбута мусоидат хоҳад кард.
БАТР ҳамчунин барои таҳияи Нақшаи миллии амал ҷиҳати омодагӣ ба рушди устувори нақлиёти барқӣ дар кишвар грант пешниҳод мекунад, ки ба ҳавасмандсозии сармоягузории давлатӣ ва хусусӣ ба ин самт нигаронида шудааст.
То имрӯз Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба 183 лоиҳа дар Тоҷикистон маблағи зиёда аз 1 млрд евро сармоягузорӣ кардааст.