Пулиси Душанбе алайҳи панҷ фурӯшанда барои беасос баланд бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ боз карда, онҳоро ҷарима кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, милитсия дар пайи санҷиш дар бозор ва марказҳои савдо худсарона боло бурдани нархи маҳсулоти хурокворӣ, махсусан болоравии нархи гӯштро мушоҳида кардааст.
“Аз ҷумла, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Ҷалилов Абдуғаффор, Келдияров Бобоҷон, Исмоилов Исомиддин, Каримов Аҳад ва Раҳимзода Азиз, ки дар маркази савдои “Баҳор”, “Садбарг” ва хиёбони Рӯдакӣ дукони гушт доранд, худсарона нархро қиммат кардаанд. Нархномаи гушт дар дукони онҳо 75-сомонӣ навишта шудааст, вале ба шаҳрвандон як килограмми онро аз 95 то 100 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд”, - навиштааст РВКД дар пойтахт.
Мақомот алайҳи ин 5 нафар барои беасос баланд бардоштани нархҳо (моддаи 555 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) протоколҳои маъмурӣ тартиб додаанд.

Ин банди қонунгузорӣ барои соҳибкороне, ки бо панет фаъолият мекунанд аз 1500 то 3 ҳазор сомонӣ (аз 20 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои шахсони мансабдор аз 3750 то 4,5 ҳазор сомонӣ (аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, аз 4,5 ҳазор сомонӣ то 6 ҳазор сомонӣ (аз 60 то 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 150 ҳазор сомонӣ то 225 ҳазор сомонӣ (аз 2 то 3 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима пешнибнӣ кардааст.
Назари худи ин дӯкондорон дар робита ба ин қазия дастрас нест.
Пулиси Душанбе мегӯяд, баргузории “амалиётҳои санҷишӣ минбаъд низ идома медиҳад”.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод қаблан аз тоҷирону соҳибкорон хоста буд, ки дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулотро дар бозорҳо боло набаранд. Онҳо гуфта буданд, ки дар акси ҳол, нисбати онҳое, ки нархҳоро боло мебаранд, “чораҳои таъсиррасони қонунӣ” андешида мешавад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон тоҷирон нарху молу маҳсулотро дар бозорҳо боло мебаранд, ки ба нигаронии аҳолӣ боис мегардад. Бахусус, маҳсулоти ниёзи аввал аз қабили гӯшт, сабзавоту мева гарон мешаванд. Имсол низ бо шуруъи моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввал гарон шуд.
Икбол Завкибеков: «Надо любить то, чем занимаешься»
ФСИН: 70% иностранцев в колониях России – граждане стран Центральной Азии
Иранская авиакомпания запустит спецрейсы между Душанбе и островом Киш
США возобновили поставки оружия Украине
«Рыба для товарища Черчилля». В Таджикистане снят фильм о героизме таджиков во Второй мировой войне
Стало известно, когда будет открыта граница между Таджикистаном и Кыргызстаном
«Хабаровские авиалинии» изменили правила перевозки детей мигрантов
ЕБРР и АБР профинансируют модернизацию автодороги Дангара – Гулистон
Врачей легендарного Марадоны отправили под суд
Госдума России рассмотрит запрет на льготное жилье для мигрантов, недавно получивших гражданство РФ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста