Дар ду моҳи аввали соли 2025 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас тағйир ёфт. Бино ба маълумоти Агентии омор, дар моҳи январи соли 2025 шохис (индекс)-и умумии нархҳои истеъмолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ 100,6%-ро ташкил дод. Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 болоравии нарх ба сурати умум 3,6%-ро ташкил дод. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сатҳи таваррум дар кишвар муътадил боқӣ монда, лекин болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ба назар мерасад.
Яке аз тағйироти назаррас гароншавии биринҷ аст. Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи он то 9,5% ва моҳи декабри соли 2024 0,5 боло рафтааст.
Гӯшти гову гӯсфанд низ ба таври назаррас - 25,% гарон шудааст.
Дар моҳи январи соли 2025 нархҳо аз ҳама зиёдтар ба равғани пахта (+20,5%), равғани офтобпараст (+9,3%), маҳсулоти ширӣ (+5,9%), аз ҷумла шир (+7,7%) ва чакка (+2,1%) боло рафтанд.
Дар байни сабзавот аз ҳама бештар карам (+47,0%), сабзӣ (+37,8%) ва сирпиёз (+22,2%) қимат шуданд.
Аммо баъзе маҳсулот арзон шуд. Дар гурӯҳи маснуоти нонӣ ва ярма (крупа) нархҳо ба андозаи 1,1% поин рафта, дар ҳамин ҳол марҷумак (гречка) ба андозаи 19,4% ва орд - 9,8% арзон шуд. Дар байни меваҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бахусус нархи лимӯ (-48,3%), ангур (-33,9%) ва банан (-5,1%) поин рафтааст.
Нархҳо ба маҳсулоти асосӣ вобаста ба сифати онҳо фарқ доранд. Мо нархҳои миёнаро меорем, ки рӯзи 3 марти соли 2025 дар бозору супермаркетҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар охири моҳи Рамазон мо боз нархҳоро ба маҳсулоти дар боло зикршуда санҷида, чӣ гуна тағйирёбии онҳоро муқоиса мекунем.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста