Хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон пурра муайян шудаааст, вале ду масъалаи доғ – роҳ ва объектҳои обӣ, ки қаблан сабаби сар задани низоъ гардида буд, то ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии имрӯза хабар дод.

Ӯ дар посух ба саволи рӯзноманигори “Азия-Плюс” гуфт, ки гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ то ҳол кори худро ба анҷом нарасонидаанд.

“Масъалаи сарҳад ҳал шудааст, фақат масъалаи ба ҳуҷҷат гузаронидани он баррасӣ шуда истодааст. Гурӯҳҳои корӣ қариб ҳар ҳафта ё дар ин ҷо (манзур Тоҷикистон, - аз идора) ё дар ҷониби Қирғизистон мулоқот мегузаронанд ва то ҷое мо иттилоъ дорем, ду - се масъалаи муҳиме мондааст, ки онҳоро ҳам ҳал кунем”, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазири корҳои хориҷӣ аз “ду - се масъалаи муҳим” якеро роҳи мустақим байни Воруху Исфара ва дуюмиро “як қатор объектҳои обӣ” гуфт, ки гурӯҳҳои корӣ сари ин ду масъала гуфтушунид доранд ва то ҳол протоколи дахлдор ба имзо нарасидааст.

Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, ба ғайр аз аҳдномаи сарҳад, боз ду шартномаи байниҳукуматии дигар дар бораи роҳ ва объектҳои обӣ ба имзо мерасад.

Ӯ мушаххас нагуфт, ки ин аҳднома ва ду шартномаи байниҳукуматии дигар кай ба имзо мерасанд ва таъкид кард, ки ин ҳуҷҷатҳо аввал бояд омода ва мувофиқа карда шаванд.

Ҳоло миёни Исфара ва Ворух роҳи мустақими мошингард нест ва сокинон барои аз Исфара ба Ворух рафтан ё баръакс аз ҳудуди Қирғистонро убур мекунанд. Ҳарчанд ин роҳ ва маҳаллаи Оқсой таърихан ҳудуди Тоҷикистон аст, ҷониби ҳамсоя баъди ба даст овардани Истиқлолият онро ҳудуди худ медонад.

Роҳе, ки ба Ворух меравад.
Акс аз CABAR.asia

Ин роҳ чандин маротиба аз ҷониби сокинони навоҳии наздимарзии Қирғизистон баста шуд, ки сабаби ва маҳз ин сабаби муноқиша гардида буд. Ҳамчунин ҳангоми баҳсу низоъҳо дар дигар манотиқӣ марзӣ низ ин роҳ баста мегардад, ки сабаби банд мондани сокинон мегардад.

Агарчи Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи “як қатор объектҳои обӣ” мушаххс чизе нагуфт, вале тахмин меравад, ки гап сари иншооти обтақсимкунии “Головное”, канали “Дӯстӣ” (дар Қирғизистон “Тортқул” мегӯянд) ва як қатор иншооти обёрии дигар меравад. Масъалаи тақсими об ҳам сабаби асосии сар задани низои моҳи сентябри соли 2022 шуда буд.

Қаблан ин ду масъала аз ҷониби Саймумин Ятимов ва Қимчибек Тошиев, раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳамзамон роҳбарони ҳайатҳои ҳукумати ду кишвар оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатӣ мебошанд, баррасӣ шуда буд. Онҳо дар мулоқоти 4-уми декабри соли 2023 дар ин ду масъалаи асосӣ “ба созиши усулӣ” расида буданд.

Баъди муноқишаҳои ахире, ки моҳи апрели соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 рух дод ва боиси қурбонии зиёд гашт, ду ҷониб талоши зиёд карданд, ки баҳсро тариқи гуфтушунид ҳал кунанд.

Бо ин мақсад, даҳҳо мулоқоти ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид ва дар ниҳоят рӯзи 4-уми декабри соли 2024 хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум карданд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.