Қарзи истифодаи неруи барқ то 1-уми январи соли 2025 аз сӯи аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ дар назди ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба 4,1 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба 1-уми январи соли 2024-ум 636 млн 843 ҳазор сомонӣ  ё 18% зиёд мебошад.

Ин нуктаро Муҳаммад Ғуломзода, намояндаи ҶСК “Шабакаҳои тақсими барқ”, рӯзи 11-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

Номбурда гуфт, ки қарздори калонтарин аз истифодаи барқ аҳолӣ мебошанд, ки то имрӯз, 1,7 млрд сомонӣ расидааст. Ин нисбат ба як соли пеш 145,5 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.

 

Қарздорони калонтарин аз барқ:

1/9

Бодя гуфт, ки ҳоло истеъмолгарони нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба категория бо таърифаҳои гуногун тақсим шудаанд, ки онҳо барои истифодаи барқ айни замон бо тариқи зайл маблағ пардохт мекунанд:

- барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ - 26,51 дирам;

- барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр - 9,2 дирам ва аз 1-уми октябр то 31-уми март - 26,51 дирам;

- барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 9,2 дирам;

- барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) - 12,6 дирам;

- барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1-уми май то 30-юми сентябр - 10,64 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел - 60,65 дирам;

- барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф - 45,51 дирам.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар соли 2024 зиёда аз 2 млрд 478 млн киловатт-соат барқро ба кишварҳои Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фурӯхтааст.

Ҳамасола аз моҳи сентябр то апрел дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Соли 2024 аз 22-юми сентябр дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд.

Вазорати энергетика ва захираҳои об моҳи декабр ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки Шабакаҳои тақсимоти барқ реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқро танзим кардаанд: дар як шабонарӯз ба аҳолӣ бояд 10 соат (аз соати 5:00 то 8:00 ва аз 16:00 то 23:00) барқ дода шавад. Вале сокинони кишвар ҳамон вақт ҳам аз бенизомии реҷаи барқ шикоят карда, мегуфтанд, ки аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз хонаҳояшон равшан асту халос.

Қаблан масъулини Вазорати энергетика ва захораҳои оби кишвар ва “Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад. Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар паёми солонааш гуфт, ки соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энерегетикӣ ноил мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.