Дар Душанбе имсол сохтмони ду эстакада, яке дар маҳаллаи сирки давлатӣ ва дигар дар минтақаи маъруф ба “Мясокомбинат”, оғоз мешавад. Дар ин бора дирӯз, 10-уми феврали соли 2025, зимни нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода шуд.

Ба гуфтаи Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, пеш аз оғози сохтмон бояд чанд мушкили асосӣ, аз ҷумла тамбашавии нақлиёт бояд ҳал шавад. Ӯ зикр кард, ки пеш аз шуруъи корҳои сохтмонӣ роҳҳои алтернативӣ бояд фароҳам шаванд.

“Бе сохтмони роҳҳои алтернативӣ мо ба тамбашавӣ ва бозисти ҳаракат рӯбарӯ мешавем”, - гуфт ӯ.

 

Бахтиёр Шарифӣ
Asia-Plus

Ғайр аз ин, Муҳаммадюсуф Раҳимзода, роҳбари Раёсати сохтмони роҳҳои шаҳрдорӣ иттилоъ дод, ки “Лоиҳаи сохтмони эстакадаи дусатҳа дар хиёбони С.Шерозӣ (аз хиёбони Ҳ. Шерозӣ то буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров)” бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мувофиқа шуда, барои амалии ин лоиҳа бонк 90 млн евро ҷудо кардааст.

“Корҳои омодагӣ аллакай ба итмом расидаанд, сохтмон баъд аз 3-4 моҳ шуруъ мешавад”, - гуфт Раҳимзода.

 

Муҳаммадюсуф Раҳимзода
Asia-Plus

Дар баробари ин , лоиҳакашии эстакадаи дусатҳа дар буриши кӯчаҳои Абай ва А. Қаҳҳоров дар маҳаллаи маъруф ба “Мясокомбинат” идома дорад. Дар доираи ин лоиҳа, шаҳрдорӣ бо як ширкати чинӣ созишнома бастааст ва он ба наздикӣ корҳои омодагиро дар ин минтақа оғоз мекунад.

Дар ин минтақа сохтмони 5 иншооти инфрасохтори нақлиётӣ дар назар аст. Онҳо дар буриши кӯчаҳои Соҳилӣ ва Ҷанубӣ бо сохтмони пул аз дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаҳои А. Ҷомӣ ва А. Қаҳҳоров, Абай ва А. Қаҳҳоров, Саъдӣ Шерозӣ ва Ҳафизи Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои Ҳабибулло Назаров ва Шерализода сохта мешаванд.

Бояд гуфт, ки созишнома оид ба маблағгузорӣ бо БАТР ҳанӯз моҳи апрели соли 2020 ба имзо расида буд. Он вақт гуфта мешуд, ки ҳаҷми қарз 28,45 млн евроро ташкил мекунад.

Дар доираи ин лоиҳа баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.