Корхонаи бузурги коркарди нафт, ки ҳанӯз соли 2018 дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” сохта шуда буд, охири соли гузашта ба таври озмоишӣ ба кор даромад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 11 феврал вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода хабар дод.
“Соли гузашта 1622 тонна нафти пурра коркарднашуда оварда шуда, аз он 800 тонна бензин истеҳсол шуд”, - иброз дошт вазир.
Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки корхона давоми соли равон комилан ба кор дароварда мешавад.
“Мо кӯшиш мекунем корхонаи мазкур, ки сармоягузорони Чин ба он 100 млн доллар сармоягузорӣ кардаанд, бекор намонад”, - илова намуд Завқизода.
Қаблан охири ҳафтаи гузашта вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи коркарди нафти “Данғара” дар МОИ “Данғара” ҳамин сол ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар мавриди таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хом бо ширкати “Татнефт”-и Русия ва ширкати нафту гази SOCAR-и Озарбойҷон тавофуқҳо ҳосил шудааст.
Сохтмони корхонаи коркарди нафти мазкур бо иқтидори лоиҳавии 1,2 млн тонна нафт дар як сол моли 2014 дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” оғоз шуд. Сохтмони ин иншооти саноатӣ соли 2018 ба охир расид. Он аз ҷониби корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин TK-oil сохта шуда, ширкати Dong Ying heli Investment and Development муассиси он мебошад. Аммо бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хоми муносиб аз ҳамон замон фаъолият надорад. Давра ба давра дар бораи нияти аз Қазоқистону Туркманистон ва Эрон интиқол додани нафт ба ин корхона хабар дода мешуд, лекин ҳоло ҳам масъала ҳалношуда боқӣ мемонад.
Коршиносони мустақил ҳанӯз аз оғози замони сохтмони корхона аз бунёди чунин корхонаи бузурги коркарди нафт дар қаламрави кишвар, ки захираҳои кофии нафт надорад, изҳори тааҷҷуб мекарданд.
Дар ҳамин ҳол, сармоягузорони Чин ният доштанд, ки дар қаламрави МОИ “Панҷ” боз як корхонаи коркарди нафт созанд, лекин баъдан аз ин нияташон даст кашиданд.
Завқӣ Завқизода ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки бо сармоягузорони Чин соли гузашта дар ин хусус ёёдошти дахлдор ба имзо расидааст. Лекин пас аз баргузории таҳлил, сармоягузорон самти фаъолияти худро дар Тоҷикистон тағйир дода, ба истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ гузаштанд.
Дар ҳаимн ҳол, Амрулло Раҳимзода роҳбари МОИ-и "Данғара” дар нишасти матбуотии ҳукумати Данғара гуфт, корхонаи нафту гази охири соли 2024 ба фаъолият оғоз карда, ҳоло ашёи хомро аз Афғонистон ворид мекунад.
Номбурда мушаххас нагуфт, ки ин корхона кай ба истифода дода шуд ва танҳо иттилоъ дод, ки танҳо дар моҳи декабри соли 2024-ум ин корхона 24 тонна бензини навъи 92 истеҳсол карда, ба Афғонистон содирот кардааст.
“Ҳамчунин, дар моҳи январи соли 2025-ум 825 тонна бензини навъи 92 истеҳсол ва ба Афғонистон содирот кард. Ашёи хом бошад, барои коркард аз Эрон ворид карда мешавад”, - гуфт Амрулло Раҳимзода.
Бино ба маълумоти оморӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 16 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, ки метавонад ҳамагӣ ҳудуди 1,5% аз талаботи умумии корхонаи коркарди нафти “Данғара”-ро бароварда созад.
Соли гузашта дар ҷумҳурӣ ҳудуди 3,6 ҳазор тонна бензин ва 3 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ истеҳсол шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2024 ба Тоҷикистон зиёда аз 1 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ва ҳудуди 370 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудаст. Воридкунандаи асосии маҳсулоти нафти ба Тоҷикистон Русия ва гази моеъ - Қазоқистон боқӣ мондаанд.