Соли 2024 дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон дар самти ташхису табобат 94 навоварӣ рӯий кор омадааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 адад зиёд мебошад. Навовариҳо фарогири самти ташхис, аз ҷумла ташхиси бемориҳои саратоншиносӣ, узвҳои ҳозима, пайвандсозии узвҳо, бемориҳои дилу раг мебошанд. Дар ин бора ба рӯзноманигорон вазири тандурустии ҶТ Ҷамолиддин Абдуллозода хабар дод.
Соли 2024 дар кишвар 2571 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо, 3614 амалиёти ангиография ва 1958 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ, инчунин ба 908 нафар беморон амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ ва 298 амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо, аз ҷумла 199 ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва 67 ҷарроҳии ҷигар гузаронида шудааст. Тақрибан 30%-и бемороне, ки аз чунин ҷарроҳӣ гузаштаанд, шаҳрвандони Қирғизистону Ӯзбекистон, ИМА ва дигар кишварҳо мебошанд.
“Табибони тоҷик метавонанд ҷарроҳиҳои пайвандсозии дил ва ғадуди зери меъдаро анҷом диҳанд. Афзоиши шумори ҷарроҳиҳои душвор ва ҷорисозии технологияҳои пешқадам аз баланд шудани сатҳи касбии табибон ва таҷдиди низоми тандурустии кишвар гувоҳӣ медиҳанд”, - зикр кард вазир.
Коҳиши паҳншавии сирояти ВНМО
Абдуллозода илова намуд, ки айни замон 12 480 нафар дар қайди беморони Вируси норасоии масунияти одам/ Бемории пазируфтаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ ё худ ВИЧ/СПИД) қарор доранд, ки 1022 нафарашон кӯдакони синни то 18-сола ҳастанд.
Давоми соли гузашта дар Тоҷикистон 1 265 331 ташхиси ВНМО гузаронида шуда, дар натиҷа 1002 ҳолати нави беморӣ ошкор шудааст. Ин 98 ҳолат камтар нисбат ба соли 2023 буд, аз тамоили коҳиши паҳншавии сироят шаҳодат медиҳад.
Соли 2024 ба қайд гирифта шудааст:
- 293 ҳолат миёни муҳоҷирони корӣ;
- 162 ҳолати тариқи алоқаи ҷинсӣ сироятёфта;
- 80 ҳолат миёни шахсони дорои аломатҳо барои муоина;
- 85 ҳолати дар ҷараёни дахолати фаврӣ ошкоршуда;
- 17 ҳолат миёни нашъаҷаллобон;
- 13 ҳолат миёни заноне, ки дар таваллудхонаҳо муоина шудаанд.
Ба гуфтаи вазир, тадбирҳои пешгирӣ ва ташхиси барвақтии ВНМО аз самтҳои муҳими кори низоми тандурустӣ боқӣ мемонанд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345634/%D0%92%D0%98%D0%A7-%D1%82%D0%B5%D1%81%D1%82.jpg)
Вазъи бемории сил
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон 4537 ҳолати гирифторӣ ба бемории сил ба қайд гирифта шудааст, ки 8 ҳолат камтар нисбат ба соли 2023 аст. Лекин теъдоди беморони бори аввал ошкоршуда 89 ҳолат зиёд шудааст, ки аз баланд гардидани сифати ташхис гувоҳӣ медиҳад.
Айни замон дар ҷумҳурӣ мавриди амал ва истифода қарор доранд:
- 77 дастгоҳ барои ташхиси бемории сил;
- 84 озмоишгоҳҳои бактериологӣ барои ошкор намудани беморӣ;
- 40 дастгоҳ барои ошкор намудани беморони сил.
Вазир таъкид дошт, ки вазифаи асосии низоми тандурустӣ аз ошкор намудани беморон дар марҳилаҳои барвақт, ҷудо кардан ва табобати онҳо иборат аст, то ки минбаъд паҳншавии сироят кам карда шавад.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345634/%D1%82%D1%83%D0%B1%D0%B5%D1%80%D0%BA%D1%83%D0%BB%D0%B5%D0%B7.jpg)
115 муассисаи нави тиббӣ
Ҷамолиддин Абдуллозода хабар дод, ки соли 2024 дар Тоҷикистон 115 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 97 муассисаи кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ (КАТС) ва 9 муассисаи хусусӣ ба истифода дода шудаанд. Маблағи умумии сармоягузорӣ 467,8 млн сомониро ташкил дод.
Дар 112 муассисаҳои тандурустӣ корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 366 муассисаи дигар таъмири асосӣ гузаронида шудаааст ва дар 80 муассиса корҳои таъмири асосӣ идома дорад.
Ӯ илова намуд, ки теъмини муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони соҳҳибтаҷриба яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ боқӣ мемонад. Ба ҳолати моҳи декабри соли 2024 дар низоми тандурустӣ зиёда аз 22 ҳазор нафар табибон ва 63,4 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба соли 2023 мутаносибан 2% ва 1% зиёд аст.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, шумори ҷойҳои кории холӣ байни табибон то 1752, байни ҳайати миёнаи тиббӣ - то 199,5 (мутаносибан 257 ва 191,5 ҷой нисбат ба як соли пеш) кам шудааст.