Осиёи Марказӣ ба далоили геополитикӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақлӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ барои Эрон аз аҳамияти роҳбурдӣ бархурдор аст. Дар қалби Авруосиё ҷойгир будани ин минтақа, ҳамсоягии мустақим бо шарикони муҳими Эрон, монанди Русия ва Чин, мавҷудияти манобеъи ғании табиӣ ва масирҳои ҳамлу нақли байнулмилалӣ минтақаи моро барои Эрон ҷаззоб кардааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳаводиси ахири Ховари Миёна ва печидагии вазъи сиёсии дохилии Афғонистон, сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ барои Теҳрон аҳамияти фазояндае пайдо кардааст. Зеро бесуботии эҳтимолӣ дар минтақа метавонад боиси фаъол шудани неруҳои тахрибкоре шавад, ки барои манофеъи амниятии Эрон таҳдид ба шумор мераванд.

 

Се рукни сиёсати хориҷии Эрон

Раҳбари олии Эрон дар моҳи феврали соли 2019 дар паёми худ ба муносибати чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ аз оғози марҳалаи дуввуми инқилоб хабар дод. Дар канори масъалаҳои асосии сиёсати дохилӣ инчунин ба аҳдоф ва манофеъи сиёсати хориҷӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ нишон дода шуд. Раҳбари олии Эрон изҳор дошт, ки сиёсати хориҷии Теҳрон бар се рукн асос ёфтааст: иззат, ҳикмат, маслиҳат.

Илова бар он, бунёди сиёсати хориҷии Эронро ду асли меҳвариву ғайри қобили тағйир шакл медиҳад: дахолат накардан ба умури дохилии кишварҳо ва ҷилавгирӣ аз дахолати кишварҳои дигар ба умури дохилии худ. Бо дар назар гирифтани чолишҳо ва аҳдофи марҳилаи кунунӣ бархе аз нуктаҳои сиёсати хориҷии Эрон мавриди бознигарӣ қарор гирифта, дар чанд соли ахир се самти аслӣ мушаххас шудааст:

Якум, ҳалқаи кишварҳои ҳамсоя. Эрон бо Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Ироқ, Покистон, Туркманистон ва Туркия марзи заминӣ дорад ва бо Русия, Қазоқистон (баҳри Хазар), Кувайт, Арабистони Саъудӣ, Қатар, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (Халиҷи Форс) ва Уммон (халиҷи Уммон) марзи обӣ дорад. Ба ин тартиб, муҳити перомунии Эрон аз назари манофеъи сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва ғайра бисёр мутафовиту ноҳамгун аст. Теҳрон талош мекунад бо ҳифзи равобити муътадил бо ҳама ҳамсояҳояш густараи амниятии худро васеъ кунад ва таҳдидҳои эҳтимолиеро, ки неруҳои ситезаҷӯ мумкин аст бо истифода аз қаламрави кишварҳои перомунӣ эҷод кунанд, ба ҳадди ақал расонад. Моҳияти ин сиёсат иҷрои асли “ба сифр расондани мушкил бо ҳамсояҳо” мебошад. Дар ин росто Теҳрон ҳифзи равобити босуботи тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона бо ҳамаи ҳамсоягон ва иҷрои тарҳҳои зерсохторӣ дар бахшҳои нақлиёт, транзит, луҷистик, энержӣ ва ғайраро дар авлавият қарор медиҳад.

Дуввум, кишварҳои ҳамсӯи Эрон. Ба ин ҳалқа асосан кишварҳои дӯсти Эрон дохил мешаванд. Ин ҳамчунин маънои ҳимоят аз талоши кишварҳо барои таҳкими истиқлол ва коҳиши вобастагии онҳо ба ИМА ва Ғарбро дорад.

Раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Эрон - Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Акс аз хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Эрон барои расидан ба ин ҳадаф талош мекунад, то равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, низомию фаннӣ ва илмию омӯзиширо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Амрикои Лотин ва Африқо густариш бахшад, ки ҳамзамон боиси коҳиши фишори таҳримҳои ИМА ва Ғарб хоҳад шуд. Ҳузури Эрон дар бархе созмонҳо ва иттиҳодияҳои байнидавлатӣ, аз қабили СҲШ, БРИКС ва ғайра низ то ҳадде тобеъи ин ҳадафҳост. Гузашта аз ин, Эрон аз тариқи роҳандозии равобити дарозмуддати роҳбурдӣ бо Русия ва Чин талош дорад, дар ташаккули ҷаҳони чандқутбӣ саҳм бигирад.

Сеюм, кишварҳои исломӣ. Муштаракоти динӣ, тамаддунӣ ва арзишӣ муҳимтарин омилҳои дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон қарор гирифтани кишварҳои мусалмон аст. Илова бар ин, муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо ин кишварҳо, ба хусус бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Ироқ, Покистон, Уммон, Малайзия, Индонезия ва ғайра имкон медиҳад, ки Эрон паёмадҳои манфии таҳримҳоро ба ҳадди ақал расонад. Гузашта аз он, равобити мусбат бо ин кишварҳо заминаи ҳимояти онҳо аз Теҳронро дар созмонҳои байналмилалӣ, бахусус СММ, фароҳам мекунад. Аз сӯйи дигар, азбаски Эрон дар иҳотаи кишварҳои исломӣ қарор дорад, эҷоди ҳамкорӣ ва ҳусни эътимод бо онҳо ба коҳиши осебпазирии ин кишвар дар заминаи амният мусоидат мекунад.

Дар замони раёсати ҷумҳурии Саид Иброҳими Раисӣ дар равобити Эрон бо шарикони хориҷӣ се асли меҳварӣ мушаххас шуда буд:

- сиёсати хориҷии мутавозин, яъне авлавияти равобит бо ҳамсояҳо бар асоси рӯйкарди Нигоҳ ба Шарқ;

- дипломатияи пуё, яъне пешбурди дипломатияи фаъоли иқтисодӣ;

- ҳамкориҳои оқилонаву мантиқӣ, яъне густариши равобит бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон.

Интизор мерафт, ки бо рӯи кор омадани намояндаи ҷиноҳи ислоҳталаб Масъуд Пизишкиён авлавиятҳои сиёсати хориҷии Эрон монанди даврони Ҳасани Руҳонӣ дастхуши тағйироте хоҳад шуд. Аммо бо гузашти ним сол ин иттифоқ рӯй надод ва шояд ҳам рӯй надиҳад. Аз ин рӯ, се самти асосии сиёсати хориҷии Эрон, ки дар замони Саид Иброҳими Раисӣ ташаккул ёфта буд, аҳамияти худро нигоҳ хоҳад дошт.

Бояд гуфт, ки рӯйкарди “Нигоҳ ба Шарқ” (ки ба сурати мактуб ё хаттӣ вуҷуд надоштаву дарки воҳиде аз он ки чӣ кишварҳоеро фаро мегирад, дида намешавад), пеш аз ҳама ҳадафи беҳбуди ҷойгоҳи байналмилалии Эронро аз тариқи равобити амалгароёна бо ҳамаи кишварҳои осиёӣ дунбол мекунад.

Бештари таҳлилгарони эронӣ бар онанд, ки ин рӯйкард тақвияти равобит бо Шарқро дар муқобили сиёсати ғарбгароёнаи Ҳасани Руҳонӣ дар назар дорад. Ба ибораи дигар, ин рӯйкард на танҳо ҳифзи тавозун дар муносибот бо Шарқу Ғарбро ҳадаф қарор медиҳад, балки инчунин ба ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иртибототӣ, фарҳангӣ ва ғайра бо кишварҳои шарқӣ авлавияти бештар мебахшад.

Воқеияти кунунии сиёсати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки Теҳрон дар заминаҳои ёдшуда дар қиёс бо кишварҳои ғарбӣ, ки бо онҳо мушкилоти бисёр ҷиддӣ дорад, бо кишварҳои шарқӣ ва осиёӣ метавонад беҳтар аз имконоти ҳамкорӣ истифода намояд. Албатта, ин рӯйкард маънои қабул надоштани Ғарб ё комилан пушт гардондан ба онро надорад. Дар воқеъ, барои Эрон дар шароити таҳримҳои шадид амалӣ кардани манофеи худ дар самти Шарқ осонтар аз самти Ғарб аст.

 

Майдони Озодӣ дар Теҳрон
Акс аз сомонаи fotolia.com

Роҳбурди Эрон дар Осиёи Марказӣ

Роҳбурди Эрон дар Осиёи Марказӣ бар ду асли аввал устувор аст, яъне сиёсати хориҷии мутавозин бо минтақае, ки дар ҳамсоягӣ қарор дорад ва дипломатияи пуё, ки афзоиши робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро дар назар дорад. Бо ин ҳол, Эрон баръакси бархе аз бозигарони фаъоли хориҷӣ роҳбурди худро ба сурати як санади ҷудогона, ки дар он аҳдоф ва вазифаҳои сиёсати хориҷиаш дар Осиёи Марказӣ мушаххас шуда бошанд, тадвин накардааст. Бо вуҷуди ин, Эрон ба далоили гуногун ҳамеша як бозигари муҳим дар минтақаи мо будааст. Имрӯз ду омил дар густариши равобити Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсиргузор аст:

Якум, таҳримҳои Ғарб ва сиёсати ҳадафмандонаи маҳор ё боздоштани Эрон дар Осиёи Марказӣ. Кишварҳои ғарбӣ ҳамкориҳои Эрон бо ҳама кишварҳои минтақаро ҳамеша бодиққат назорат мекунанд. Намояндагони ғарбӣ дар дидорҳои худ бо нухбагони сиёсии Осиёи Марказӣ ба сурати нарм ва гоҳе ба таври ошкоро хотиррасон мекунанд, ки муколамаи фаъол бо Эрон метавонад ба муносиботашон бо онҳо осеб расонад. Ин омил сабаб шудаст, ки равобити Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар тӯли беш аз се даҳаи гузашта натавонад ба густурдагӣ ва пешрафтҳои қобили таваҷҷуҳе даст ёбад. Ба ҳамин далел, Эрон наметавонад бо Осиёи Марказӣ қолаби муколамаи “5+1”-ро роҳандозӣ кунад, зеро бархе аз кишварҳои минтақа бо назардошти хатарҳои эҳтмолии зиёд чунин иқдомеро ҳанӯз бармаҳал медонанд.

Агар чунин омили боздорандагӣ вуҷуд намедошт, Эрон бо такя ба нуфузи фарҳангӣ ва таърихии худ, инчунин дастовардхои муосираш дар арсаҳои илму маориф, фанноварӣ, иқтисодӣ, тиббӣ ва ғайра метавонист дар Осиёи Миёна нақши муҳимме бозад Бо ин ҳама, дар Осиёи Марказӣ ин дарк вуҷуд дорад, ки барои онҳо ҳамкорӣ бо Эрон имконотеро барои танаввуъбахшӣ ба равобити хориҷиашон фароҳам меорад.

Дуввум, дар назар гирифтани манофеъи Русия ва Чин аз сӯи Эрон дар Осиёи Марказӣ. Дар тӯли чандин даҳа Осиёи Марказӣ яке аз маҳдуд минтақаҳоест, ки Эрон манофеи Русияро ба таври ҷиддӣ мадди назар қарор медиҳад ва нуфузи фазояндаи Чинро хилофи манофеи худ намедонад. Ба ибораи дигар, ҳузури фаъоли ин ду қудрат дар Осиёи Марказӣ ин минтақаро барои Теҳрон қобили пешбинӣ ва амнтар мекунад. Дар Эрон ин дидгоҳ вуҷуд дорад, ки агар Русия ва Чин дар Осиёи Марказӣ ҳузури фаъол дошта бошанд, барои манофеи аслии он дар ин минтақа таҳдиди ҷиддӣ пеш нахоҳад омад. Ба баёни дигар, мухолифони Эрон наметавонанд аз қаламрави Осиёи Марказӣ ҳамчун майдони таъсиргузории харобиовар алайҳи Теҳрон истифода кунанд.

Роҳбурди Эрон дар қиболи Осиёи Марказӣ метавонад дар оянда тағйир ёбад, аммо дар ҳоли ҳозир бидуни тағйир боқӣ мондааст. Дар маҷмуъ, Эрон алоқаманд ба густариши ҳузури ИМА, Исроил ва кишварҳои ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ нест, зеро нигаронии онро дорад, ки мумкин аст аз имконоти минтақа алайҳи он истифода шавад.

Имрӯз мубодилоти бозаргонии миёни Эрон ва Ӯзбакистон ба таври пайваста дар ҳоли афзоиш буда (дар се соли охир тақрибан ду баробар рушд кардааст), ҳоло тақрибан 500 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар моҳи октябри соли 2024 Теҳрон ва Тошканд ба мувофиқа расиданд, ки ин рақамро то 5 миллиард доллар афзоиш диҳанд. Мубодилоти бозаргонии миёни Эрону Туркманистон низ 500 миллион доллар буда, ҷонибҳо мехоҳанд дар ояндаи наздик онро ба 1 миллиард доллар расонанд. Дар соли гузашта ҳаҷми муомилоти молии Эрон бо Тоҷикистон 336,8 миллион доллар, бо Қазоқистон 300 миллион доллар ва бо Қирғизистон 88 миллион долларро ташкил кардааст. Аммо мизони табодули мутақобилаи Эрон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2024 мутаносиб бо зарфиятҳои мавҷуд набуда, ба маротиб камтар аз гардиши тиҷорати хориҷии Чин ва Русия бо кишварҳои минтақа аст.

 

Акси марбута
Хабаргузории ИРНА

Аҳамияти Осиёи Марказӣ барои Эрон

Аҳаммияти Осиёи Марказӣ барои Эрон ба шароити зерин вобаста аст:

Якум, омили марзи муштарак Осиёи Марказиро ба як бахши табиии умқи роҳбурдии Эрон табдил мекунад. Бар ин асос, минтақаи мо барои Эрон як ҳавзаи манофеъи муҳимми ҳаётӣ маҳсуб мешавад. Дар доираҳои таҳлилии Эрон бар ин назаранд, ки ба далели афзоиши таваҷҷуҳ ба равандҳои Осиёи Ғарбӣ, кишварашон имконоту фурсатҳои калонеро дар Шарқи Эрон аз даст додааст. Бинобар ин, Эрон метавонад аз суботу амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ барои иқтисоди миллии худ манфиатҳои зиёде касб кунад.

Дуввум, Эрон дар марҳалаи аввали барқарории равобити байнидавлатӣ ба омили тамаддунӣ ва динӣ аҳаммияти хоса медод, ки худ ба худ унсурҳои сиёсати идеологиро ба мадди аввал мегузошт. Дар тӯли чаҳор даҳаи ахир ҳама ривоятҳои манфие, ки ҳам аз сӯи рақибон ва ҳам шарикони Эрон шакл дода шудаанд, бар он асос ёфтаанд, ки Теҳрон дар Осиёи Марказӣ ба дунболи тавсиъаи идеологист. Дар навбати худ, таҷрибаи ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо дигар бозигарони хориҷӣ, ки барояшон унсури идеологӣ аз аҳаммият бархурдор буд, нишон медиҳад, ки ба истилоҳ, “моҳи асал” зуд ба поён расидаву бидуни заминаи воқеъии иқтисодӣ ва бозаргонӣ ноком мемонад. Аз ин рӯ, роҳбурди кунунии Эрон дар Осиёи Марказӣ ба афзоиши мубодилоти тиҷории мутақобил ва истифода аз зарфиятҳои иқтисоди миллӣ барои эҷоди равобити дарозмуддат тамаркузи бештар дорад.

Бандари Чобаҳор
CC BY 4.0 / Fars News Agency

Саввум, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мавқеъи ҷуғрофӣ ва имконоти транзитӣ таваҷҷуҳи мутақобил доранд. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти ҷануб ду масири алтернативӣ шакл мегирад: дастрасӣ ба бандари Чобаҳори Эрон ва инчунин дастрасӣ ба бандарҳои Гвадар ва Карочии Покистон. Эрон дар заминаи ҳамкориҳои ҳамлу нақлӣ ва истифода аз имконоти бандари Чобаҳор аз сӯи кишварҳои Осиёи Марказӣ иқдомоти фаъол анҷом медиҳад. Сохти роҳи оҳани Чобаҳор-Зоҳидон қарор аст то Наврӯзи соли 2026 анҷом ёбад. Дар ин сурат иртибот миёни минтақаи мо ва Эрон аз тариқи роҳи оҳан то бандари Чобаҳор барқарор шуда, имкони интиқоли мол дар ду самт - ҳам ба Эрон ва дигар кишварҳо ва ҳам аз Эрон ва дигар кишварҳо ба Осиёи Марказӣ фароҳам мешавад. Ин иқдом такони хубе ба фаъол шудани равобити миёни Эрону кишварҳои Осиёи Марказӣ дар арсаҳои ёдшуда хоҳад бахшид.

Дар фарҷом бояд гуфт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон ба густариши ҳамкориҳо ва ба роҳ мондани равобити наздик ба хотири расидан ба рифоҳу шукуфоии пойдор манфиатдор ҳастанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.