Намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ба ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳолати риояи таҳримҳо бар зидди баъзе ширкатҳои Русия мактуб ирсол кардаанд. Дар ин бора Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ имрӯз, 11-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи раиси Кумита, дар ин муроҷиатнома ҷониби ИМА иқдомҳои минбаъдаи Тоҷикистонро дар ин масъала пурсидааст.
“Ин масъалаи ҳассос аст ва ҳоло дар баррасӣ қарор дорад”, - илова кард ӯ.
Ба ақидаи Раҳимзода, ин бори аввал нест, ки ширкатҳои Русия зери таҳримҳо қарор мегиранд ва онҳо бояд аллакай механизмҳои худро дошта бошанд.
“Албатта, ҳамагуна таҳримҳо то як андоза таъсири худро ба фаъолияти дилхоҳ ширкат мерасонад, вале фикр мекунам, ин ширкатҳо барои танзими фаъолияти худ дар ҳолати таҳрим механизмҳои худро доранд ва дар гуфтушунид бо ҳукумат ин масъалаҳо ҳаллу фасл карда шуд”, - гуфт раиси Кумита.
Раҳимзода зикр кард, Кумитаи сармоягузорӣ масъули ин бахш нест, вале ниҳодҳои дигари дахлдори кишвар вобаста ба масъалаи мазкур корбарӣ карда истодаанд.
Бояд гуфт, ки пас аз оғози ҷанг Украина, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи ширкатҳои русӣ таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд. Аз ҷумла, аз моҳи январ “Газпромнефт-Тоҷикистон” дар қатори ширкати россиягии “Газпром нефт” зери таҳрими Вазорати иқтисоди ИМА қарор дорад.
Ҳарчанд, мақомоти Тоҷикистон ин таҳримҳо ба воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон таъсире намерасонанд, вале мутахассисон мегӯянд, минбаъд ширкатҳое, ки бо “Газпромнефт-Тоҷикистон” ҳамкорӣ доранд низ зери хатари ҷоришавии таҳрим қарор мегиранд.
Қатъи кӯмакҳои USAID ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Султон Раҳимзода дар идома дар робита ба таъсири қатъи кӯмакҳои Оҷонси рушди байналмилалии Амрико ё USAID ба бахши сармоягузорӣ ба Тоҷикистон гуфт, “барои Тоҷикистон таъсири бузурге намерасонад”.
Ба таъкиди вай, он кӯмакҳои техникие, ки ин ташкилот мерасонад, на он қадар калон буда, мустақиман ба вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ равона мешавад.
“Мо бо USAID дар самти татабиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ иртибот ва ҳамкорие надорем. Масалан, дар 90 лоиҳаи сармоягузории давлатие, ки мо дорем, саҳми ин ташкилот умуман нест. Аз ин рӯ, мо гуфта наметавонем, ки басташавии ин ташкилот барои мо таъсирпазирии зиёде дошта бошад”.
Бояд гуфт, чанде пеш Барномаи кӯмаки хориҷии ИМА (USAID) ба Аврупо, Авруосиё ва Осиёи Марказӣ муваққатан қатъ кард.
USAID дар Тоҷикистон низ тарҳҳои зиёд, махсусан дар бахши иҷтимоӣ иҷро мекард.
Чаро Осиёи Марказӣ барои Эрон муҳим аст?
Қарздорони калонтарин аз истифодаи барқ дар кишвар киҳо ҳастанд?
“Тартибро вайрон карда, хеста рафтанд”. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабаби сабтином нашудани нозирони САҲА-ро шарҳ дод
Дар Тоҷикистон корхонаи коркарди нафт ба таври озмоишӣ ба кор оғоз кардааст
Ҷарроҳии зиёду сироятёбии камтар. Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ чӣ гуфтанд?
Вазир гуфт, ҳарчанд хатти сарҳад бо Қирғизистон маълум шуд, вале “масъалаи роҳ ва объектҳои обӣ” то ҳол мавриди баррасӣ аст
Дар Тоҷикистон 280 ҳазор калонсолон аз давраҳои таълими касбӣ гузаштанд
Соли 2024 кӣ ба Тоҷикистон бештар аз ҳама кумак кард?
Раиси “Барқи тоҷик” тасдиқ кард, ки баланд бардоштани нархи барқро пешниҳод намудааст
Имсол дар Душанбе сохтмони ду эстакада оғоз мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста