Соли 2024 маблағи пардохтҳои андоз аз даромади муҳоҷирони меҳнатие, ки тибқи патент кор мекунанд, зиёда аз 16% афзудааст. Дар ин бора намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк дар шабакаи Telegram-и худ хабар додааст.
“Маблағи андоз аз даромади шаҳрвандони хориҷӣ, ки мувофиқи патент фаъолият мекунанд, ба андозаи 16,1% зиёд шуда, зиёда аз 123 млрд рублро ташкил дод”, - напвиштааст Ирина Волк.
Намояндаи ВКД Русия инчунин изҳор намудааст, ки соли гузашта шумори санадҳои қонунии шаҳрвандони хориҷӣ оид ба дарёфти ҳуқуқи фаъолияти кории расмӣ дар Русия ба зиёда аз 2 млн адад расидааст.
“Шумори огоҳиномаҳо аз корфармоҳо дар бораи имзои шартномаҳои меҳнатӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба Вазорат аз се як ҳисса - то 3 млн адад зиёд шуд”, - гуфтааст ӯ.
Бино ба маълумоти ВКД Русия, шумори ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷрони корӣ содиргардида дар соли 2024 ба андозаи 0,9% коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, ҷиноятҳои роҳзании аз ҷониби кормандони хориҷӣ содиршуда 27%, ғоратгарӣ - қариб 26%, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар - 12,3%, барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 12,5%, куштор ва суиқасд ба он - 6,7% ва дуздӣ - 9,2% кам шудааст.