Ба кор оғоз кардани чархаи сеюми НБО “Роғун” ва ҳамин тариқ, ба фаромӯшӣ рафтани “лимит”-и барқ дар соли 2027, вазъи илму маориф, афзоиши маошу нафақаву идрорпулӣ ва нигаронӣ аз хурофотзадагиву сару либоси бегонаи занон, аз нуктаҳои асосии паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба парлумони кишвар буд.
Ҳамчунин, роҳбари давлат рушди иқтисодиву иҷтимоии соли равонро натиҷагирӣ ва барои соли 2026 нақшаро муайян карда, ба вазорату идораҳо дастуру супоришҳо ҳам дод.
Мо дар ин мавод нуктаҳоеро ҷамъ овардем, ки асосан берун аз матни расмии паём садо доданд.
“Моро дуруст фаҳмед” ва ё “як зимистони дигар дар пеш аст”
Як бахши калони паём ба мушкилоти таъмини барқ дар кишвар ва роҳҳои раҳоӣ аз норасоии он бахшида шуда буд. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар, ба мардум муроҷиат кард ва гуфт, ин охирин зимистони душвор аст ва аз зимистонҳои баъдӣ вазъ беҳтар мешавад.
“Моро дуруст фаҳмед. Мову шумо аз ҳама рӯзҳои сахту сангин дар солҳои навадро гузаронидем. Як зимистони дигар дар пеш аст, зимистони соли 2026 сабуктар мешавад. Мо иқтидорҳои нав ба истифода медиҳем ва соли 2027 маҳдудияти барқро фаромӯш мекунем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, ки президент дар паёми соли гузашта ҳам ба мушкили барқ ишора карда гуфта буд, ки “шояд ин зимистонҳои охире бошад, ки мову шумо паси сар мекунем. Зимистони дарпешистода вазъ хеле беҳтар мешавад, нисбат ба ин сол ва дар зимистони солҳои 2026-2027 мо кӯшиш мекунем, ки вазнинӣ паси сар шавад ва зимистони соли 2027 ин чизҳо дар таърих мемонад”.
Ӯ дар паёми имсола таъкид кард, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.
Ба иддаои ӯ, сабаби пеш омадани мушкили маҳдудияти барқ ин афзоиши аҳолӣ ва зиёдшавии корхонаҳои саноатӣ, дар маҷмуъ афзудани истеъмоли нерӯи барқ, камборишӣ ва кам гардидани воридшавии об ба НБО “Норак” буда, мушкили асосӣ талафоти аз ҳад зиёди нерӯи барқ аст.
Ба қавли ӯ, насби ҳисобкунакҳои биллингӣ мушкили талафоти барқро аз байн хоҳад бурд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, тибқи маълумоти “Барқи тоҷик”, то ҷорӣ шудани низоми биллингӣ, “гӯё аҳолӣ пули барқро намесупорид” ва баъди ҷорӣ гардидани ин низом, 100% аҳолӣ ҳамчун пурра пардохткунанди ҳаққи нерӯи барқ ба ҳисоб гирифта шудааст”.
Ӯ ҳамчунин ишора кард, ки баъзе кормандони соҳа аз вазифа “сӯистифода” мекарданд ва “пардохтҳоро пурра ба ҳисоб намегирифтанд”.

Маошу нафақа аз 15 то 25% боло бурда шавад
Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз моҳи сентябри соли 2026 маоши кормандони соҳаҳои гуногун ва нафақаву идрорпулӣ (стипендияҳо) аз 15 то 25% боло бурда шавад.
Ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ дар кадом соҳаҳо ва чӣ қадар зиёд мешавад, дар ин матлаби мо хонед: Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
Ҳамчунин аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши ҳадди ақал, ки феълан 1000 сомонӣ аст, ба 1300 сомонӣ бардошта мешавад.
Дар 25 соли оянда шумораи хонандагон ба 4 млн мерасад
Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонааш ба парлумони Тоҷикистон иброз дошт, ки ба рушди маориф бештар аҳамият дода шавад.
“Рушди ҳама соҳоти кишвар ба рушди маориф вобаста аст ва маблағгузорӣ ба маорифро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам”, - гуфт раисҷумҳури кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар 25 соли оянда шумораи хонандагон ба 4 млн мерасад. Бо ин мақсад, ҳукумати мамлакат вазифадор мешавад, ки Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нав дар ин самт гузошташуда такмил диҳад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, дар соли 2026 барои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд аст.
Ӯ гузариш ба низоми 12-солаи таҳсилро бори дигар ёдовар шуда, масъулинро вазифадор кард, ки барои омода намудани кабрҳои омӯзгорӣ, бунёди макотиб диққати бештар диҳанд.
“Куҷое президент меравад, вазирон аз пас қатор мешаванд”
Президенти кишвар дар паёми худ саҳми соҳибкоронро дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ, бахусус, кӯдакистону мактабҳо таъкид карда, ба онҳо миннатдорӣ кард.
Ба гуфтаи ӯ, аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, ки тайи се соли охир дар кишвар бунёду таҷдид шуданд, 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ анҷом шудааст. Ҳамчунин, 70% ё 26 ҳазор иншооту бино, ки бахшида ба 35-солагии иқтиқлолият бунёд мегардад, аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва шаҳрвандон будааст.
“Соҳибкорон ҳамин қадар мактабу роҳу муассисаҳои иҷтимоӣ месозанд, худашонро реклама намекунанд. Чуноне созмонҳои байналмилалӣ, ки як халта орд медиҳаду реклама мекунад, ки ман рафтам, тоҷиконро кӯмак кардаму дигар”, - гуфт раисҷумҳур.
Ӯ ҳамчунин дар ишора ба вазирон гуфт, “куҷое президент меравад, вазирон баъд аз пас қатор мешаванд, ки ана мо ҳам ҳастем. Ягон ҷо дидед, ки худашонро реклама карда бошанд (соҳибкорон дар назар аст, аз идора)”.

Ӯ бо муроҷиат ба вазирон ва бор таъкиди ҳиссаи соҳибкорон гуфт, “ҳисси миллӣ, нангу номуси миллиро дидед? Худшиносиву ватанпарастӣ, ин аст”.
“Барои хондан додам, на барои тоқчамонӣ”
Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба тақдими 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, ки дуввумӣ, дар кишвар то ҳол ҷараён дорад, аз сокинон тақозо кард, ки аз ин китобҳо истифода кунанд.
“Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро додам, ки хонед. Барои хондан додам, на барои токчамонӣ. Китобҳои “Шоҳнома”, “Қуръон”-ро тақсим кардем, ки хонеду маъниашро фаҳмед. Зиёдаравӣ накунед”.

Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиди “шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик” будани ин мероси таърихиву фарҳангӣ гуфт, “онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарстӣ ва исроф дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.
“Мусалмонии моро касе намегирад”
Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ аз хурофотпарастӣ ва хатарҳои он ёд оварда, онро яке аз сабабҳои дар илму тараққиёт қафо мондани кишвар номид.
“Ба хурофот давлат тараққӣ намекунад. Давлатҳои пешрафтаро бинед. Мо дар куҷо қарор дорем. 90 фоизи бозори мо аз хориҷа аст. Мо дар осиёби дигарон об рехта истодаем. Боигарии мо берун рафта истодааст”, - таъкид кард раисҷумҳур.
Ӯ бо ишора ба сохта шудани масҷидҳои зиёд дар Тоҷикистон, ки “дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ дар Тоҷикистон ду баробар зиёд” будааст, гуфт, ки “мусулмонии моро касе намегирад, ва вақти илм омӯхтан, касб омӯхтан, баланд бардоштани маърифати миллии тоҷик омадааст”.
Нигаронӣ аз сару либоси занон
Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба бонувони кишвар гуфт, “маданияти либоспӯширо фаромӯш накунанд”.
“Мо медидем, ки падару модаронамон чӣ гуна либос пӯшида, ба хонаи ҳамсоя ва чорабинии онҳо мерафтанд. Мо медидем, ки чӣ гуна барои хабаргии хешовандон ба шаҳру ноҳияҳои дигар ба меҳмонӣ мерафтанд. Чӣ гуна сару баданро тозаю озода карда, либосҳои тоза ва нав мепӯшиданд”, - гуфт ӯ.

Ӯ ба либосҳои тангу кутоҳ ва сатр, ки ба фарҳанги тоҷикон бегона аст, нигаронӣ карда, гуфт, ба бар кардани чунин либосҳо дар пойтахт, ки “симои миллат” аст, дар хориҷиён таассуроти ғалат нисбат ба миллати тоҷик пайдо мекунад.
“Пойтахти мамлакат симои миллат аст ва ҳам либоси шуморо хориҷиҳо мебинанд ва хулоса мебароранд, ки миллати тоҷикаш ҳамин будааст”, - изҳори нигаронӣ кард раисҷумҳур.
“Наврӯз ҷанбаи динӣ надорад”
Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи шашҳазорсолаи миллати тоҷик ишора карда, бузургдошти “Наврӯз”-у дигар ҷашну оинҳои қадимаи аҷдодонамонро таъкид кард.
“Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо пиндори нек, гуфтори нек, кирдори некро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. 6 ҳазор сол пеш. Ақли кӣ мегирад инро”, - гуфт ӯ.
Ӯ дастур дод, ки бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннат ва истифодаи он, дар шаҳри Душанбе “Маркази байналмилалии Наврӯз” бунёд карда шавад.
“Наврӯз ягон ҷанбаи динӣ надорад. На зардушт, на ислом, на дини дигар. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор, онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва ба наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи ҳувиятсоз ба мерос гузорем”, - гуфт раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ҳукумат ва шаҳрдории Душанбе дастур дод, ки барои бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ ҷораҷӯӣ намоянд.

Роҳсозӣ ва таҷдид фурудгоҳҳо
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар соли 2025 дар Тоҷикистон 236 киллометр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёт сохта шудааст.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, соли 2026 дар кишвар сохтмони 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маблағи 3 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.
Ваҳдат – Обигарм 70 км;
Гулистон - Кӯлоб 33 км;
Хоруғ - Роштқалъа 39 км;
Мурғоб – Қулма 67 км;
Балҷувон – Сарихосор 55 км;
Хистеварз – Конибодом 10 км;
Роҳҳо таворавии шаҳри Кӯлоб - 11 км;
Панҷ пули мошингузар дар роҳи Лабиҷар – Сангвор аз ҷумлаи ин бунёдкориҳо будааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар супориш дод, ки барои азнавсозӣ ва “ба шароити муосири хизматрасонӣ” мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешанд.
“Фурудгоҳҳои ба талаботи замона мутобиқ сохтанамон даркор”, - гуфт ӯ.
Таъсиси ҷойҳои корӣ
Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ гуфт, масъулони вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ вазифадоранд, дар панҷ соли оянда 1 миллион 400 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода, нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро баланд бардоранд.
Ӯ таъкид кард, ки дар ин раванд ба масъалаи бо кор таъмин кардани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ муссисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал занон, маъюбон ва дигар қишрҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд, эътибори хоса дода шавад.

Тибқи нақша то 35-солагии ҷашни истиқлол бояд 29 ҳазор корхонаву иншоот сохта шавад, ки то кунун 26 ҳазори он пурра сохта ва ба истифода дода шудааст. Беш аз 70 дарсади 26 ҳазор корхонаву иншоотро сокинону соҳибкорон бунёд кардаанд.
Таъмини аҳолӣ бо интернети баландсуръат аз нуктаҳоест, ки қариб ҳамасола дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад. Ӯ соли гузашта низ супориш дода буд, ки дар Тоҷикистон интернети босуръат бо шабакаи 5G роҳандозӣ гардад. Аммо то ҳол сифати пасти интернет ва дастрасӣ ба он аз мушкилоти умда ва нигаронкунандаи мардуми кишвар аст.
Оё Тоҷикистон бо интернети балансуръат таъмин мешавад?
Ӯ имсол низ барои бо интернети баландсуръат таъмин кардани аҳолӣ ва рушди инфрасохтори телекамуникатсионӣ супориш дода гуфт, барои таҷдиди хатҳои нахиву нурии байнишаҳрӣ ва зиёд намудани хатҳои байналмилалӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин, ба Хадамоти алоқа дастур дод, ки лоиҳаи Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон барои давраи то соли 2040-ро таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.
Афзоиши даромади аҳолӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ
Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём гуфт, даромади аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир 6 баробар афзудааст.
“Дар соли 2015 даромади аҳолӣ 26 миллиард сомонӣ буд ва соли 2025 ин нишондиҳанда ба 165 миллиард сомонӣ расид”, - изҳор кард ӯ.

Ӯ дар идома гуфт, дар 10 соли гузашта, иқтисоди Тоҷикистон 7,6% афзоиш ёфта, дар ин муддат беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ба кишвар ворид гардидааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, соли 2025 сатҳи камбизоатӣ то 19% коҳиш ёфтааст. Соли гузашта ин рақам 21,2% буд.
“Таъсири омилҳои инсониро коҳиш диҳем”
“Моро зарур аст, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
"Бахилӣ накунед..."
Раисҷумҳур дар поёни паёми худ ба парлумони кишвар дорои “қобилияти зеҳниву ҷисмонии хуб будани фарзандони тоҷик”-ро таъкид карда, гуфт, “ба насли ҷавон бахилӣ накунем. Дар кадом сатҳе набошад - маҳал, ҷамоат, деҳа..., онҳоро гулчин ва тарбия кунем.
Ӯ мисол овард, ки имрӯз дар ҳар гӯшаи канори дунё варзишгарони наврасу ҷавони тоҷик парчами Тоҷикистон боло кунанд.
“Вақте мо сарҷамъ ҳастем, муттаҳид ҳастем, бузургии мо аз ракетаҳои ҳастаӣ пурқувваттар аст...”, - паёми худро ба поён расонид раисҷумҳур.








Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста