Ин ҷавони 20-сола, ки моҳи сентябр бо гумони куштори бераҳмонаи духтари 19-сола, ки зоҳиран дӯстдоштааш будааст, дастгир шуда буд, бо қарори Додгоҳи вилояти Суғд 24 сол равонаи зиндон гардидааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ҷавон сокини ноҳияи Зафаробод буда, барои "одкамкушӣ бо бераҳмии махсус" ё моддаи 104 қисми 2, банди “е” гунаҳкор дониста шуд.
Дар гузориш аз ҷавон Шаҳбоз Нуруллоев ном бурда шуда, зикр мешавад, ки ӯ “моҳи сентябри имсол арусшавандааш Чарос Асророваи 19- соларо ба бо 16 зарби корд ба қатл расонида, барои руйпуш кардани ҷиноят ҷасади маҳрумро бо бензин оташ задааст”.
“Сабаби рух додани ҷинояти вазнини одамкушӣ ҷавоби хостгориро рад кардани ҳамсоядухтар мебошад, ки боиси адовату қасосгирии ҷавон гардидааст”, - зикр мешавад дар гузориш.
Назари худи гумонбар, наздикон ва вакили дифои ӯ дар робита ба қазия ва ҳамин тариқ, ба ҳукми додгоҳ маълум нест.
Куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ё дӯстдоштаҳо аз дасти якдигар ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, моҳи августи солди равон пулиси Суғд аз марги як ҷавондухтари 21-сола, дар манзили иҷорааш аз дасти дӯстписари 17-солааш хабар дода буд.
Ба иттилои ин ниҳод, баъди “муноқишаи лафзӣ атрофи муносибатҳои маҳрамона”, ҷавон ба гулӯ ва шиками духтар 8 зарби корд зада, ба қатл расонидааст.
Тибқи иттилои Додситонии вилояти Суғд дар ним соли 2025-ум 10 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар тамоми Тоҷикистон дар ин давра 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.





Осори пластика дар Тоҷикистон. 9 млн тонна партов дар як сол
Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста