Раёсати Вазорати корҳои дохила (ВКД) дар вилояти Суғд ду куштори мудҳиш, ки ҳарду даҳҳаи аввали моҳи август содир шудааст, шарҳ доданд. Дар як маврид шавҳар аз дасти ҳамсараш кушта шуда, дар ҳолати дигар ҷавондухтар аз ҷониби дӯстдоштааш ба қатл расонида шудааст.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи пулиси вилоят дар шарҳи ин кушторҳо дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гуфт, ҳодисаи якум, рӯзи 2-юми август дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен рух дода, Маърифат Исмоиловаи 27-сола шавҳараш Бутур Ҳомидови 49-соларо “куштааст”.
Сабаби куштор муноқишаи оилавӣ гуфта мешавад.
“Шавҳарам дар ҳолати мастӣ буд, гулуямро буғӣ карда, таҳдид кард бачаамро гирифта, ҷавоби худамро медиҳад. Аз дар ғазаб шуда чи кор карданамро намедонистам ва бо корд як маротиба задам ва ба китфи чапи шавҳарам задам”, - нақл мекунад зан дар барнома.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳодисаи дуввум, рӯзи 9-уми август дар шаҳри Хуҷанд рух додааст.
Ҷавондухтари 21-сола, сокини ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент дар манзили иҷорааш аз дасти дӯстписари 17-солааш ба қатл расонида шудааст.
Ба гуфтаи Акбар Шарифӣ, баъди “муноқишаи лафзӣ атрофи муносибатҳои маҳрамона”, ҷавон ба гулӯ ва шиками духтар 8 зарби корд зада, ба қатл расонидааст.
“Баъди анҷом додани ҷиноят барои пинҳон додани ҳодиса ҷасадро ба курпа печонида бо ноқил баста дар таги рахти хоб пинҳон ва ҷойи ҳодисаро тарк намудааст”, - гуфта мешавда дар гузориш.
Дар барнома ҳарду гумонбар ҳам ба гуноҳи худ иқрор мешаванд. Вале таҳти чӣ шароит сабт шудани ин навор маълум нест.
Ҳоло нисбати гумонбарони ҳарду ҳодиса барои одамкушӣ ё моддаи 104 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳарду дар боздоштанд.
Назари наздикони ҷабрдидаҳо маълум нест.
Куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ё дӯстдоштаҳо аз дасти якдигар ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд.
Тибқи иттилои Додситонии вилояти Суғд дар ним соли 2025-ум 10 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар тамоми Тоҷикистон дар ин давра 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста