Соли 2025 арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия тағйир меёбад ва дар минтақаҳои гуногун фарқиятҳои назаррас боқӣ мемонанд. Дар ин бора сомонаи расмии "Консультант Плюс" хабар медиҳад.
Патент, ки бидуни раводид ҳуқуқи кор карданро ба шаҳрвандони хориҷӣ медиҳад, аз се ҷузъ иборат аст: меъёри асосӣ (1200 рубл), коэффитсиенти дефлятор (2,594) ва коэффитсиенти минтақавӣ, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ муайян карда мешавад.
Арзиши гаронтарин патент дар соли 2025 дар вилояти Краснодар - 17 120 рубл, дар вилояти Челябинск - 15 000 рубл ва дар вилояти Твер - 14 973 рубл хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, арзонтарин патент дар Чеченистон - 3 113 рубл муқаррар шудааст.
Афзоиши арзиши патент дар Чеченистон (+233 рубл), Қрим (+372 рубл), Мордовия (+442 рубл) ва Тува (+446 рубл) нисбатан камтар мебошад. Дар ҳамин ҳол, дар вилояти Краснодар патент 7 040 рубл ва дар вилояти Челябинск 6 780 рубл гарон шудааст. Истисно Ҷумҳурии Хакасия аст, ки дар он ҷо арзиши патент аз 7 085 рубл то 6 226 рубл коҳиш ёфтааст.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар минтақаҳои Донетск, Луганск, Запороже ва Херсон кор мекунанд, бо шарти гузаштани дактилоскопия ва суратгирӣ аз зарурати харидани патент озод мебошанд.
Нархи патент дар ҳамаи субъекстҳои Русия дар аксҳои зерини “Азия-Плюс” бинед:
Туры в Узбекистан на Навруз: куда поехать и что посмотреть?
Незрячая из Шахритуса год не может оформить имущество на своё имя
В Таджикистане самые низкие цены на услуги частных дошкольных учреждений в ЦА
ШОС и ОДКБ приветствуют подписание договора по границе Таджикистана и Кыргызстана
В Кремле заявили, что Россия не хочет временного прекращения огня
Спецпосланник президента США прибыл в Москву
Как проект Tell me, sister помогает открыто говорить на закрытые темы в таджикском обществе
Совершайте покупки в популярных онлайн-сервисах с Mastercard от «Алифа»
Товарооборот между Таджикистаном и Узбекистаном снижается. В чем причина?
Таджикистан и Кыргызстан договорились создать межправительственный совет и увеличить товарооборот до $500 миллионов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста