Имрӯз, 13-уми марти соли 2025, дар доираи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон ва мулоқоти ӯ бо Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон миёни ду кишвар 16 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.

Пеш аз ҳама, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.

Баъдан, аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон миёни ду кишвар 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;

- Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;

- Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;

- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;

- Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;

- Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард.

Пас аз анҷоми музокирот Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров дар назди намояндагони расонаҳо суханронӣ карданд. Онҳо ба натиҷаҳои музокироти расмӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор доштанд, ки аз пагоҳ, 14 марти соли 2025 хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон бозкушоӣ мешавад. Фардо ширкати Сомонэйри Тоҷикистон нахустин парвози худро дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дирӯз, 12-уми март оғоз шуд. Ӯро дар Фурудгоҳи Бишкек Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон пешвоз гирифта, ба Боғи миллии “Ала Арча” бурд. Онҳо аз боғи миллӣ ва намоиши фарҳангӣ, ки ба хотири ташрифи президенти Тоҷикистон баргузор гардид, боздид намуданд.

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон имрӯз, 13-уми март анҷом меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.