Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар моҳи январи соли 2025 ба таври назаррас кам шуд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон, ҳаҷми он ҳамагӣ 35,2 млн долларро ташкил додааст, ки 7,12% камтар нисбат ба моҳи январи соли 2024 ва 9,28% камтар дар муқоиса бо моҳи январи соли 2023 мебошад.
Омили аслии коҳиши гардиши молу маҳсулот кам шудани амалиёти содиротӣ ва воридотӣ аст. Ҳаҷми воридот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон то 30,2 млн доллар кам шудааст, ки 10% камтар нисбат ба моҳи январи соли 2023 мебошад. Ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон низ аз 5,3 млн доллар дар соли 2023 то 5 млн доллар дар соли 2025 кам шудааст.
Яке аз сабабҳои асосии поинравии ҳаҷми савдои дуҷониба коҳиши содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон, аз ҷумла маҳсулоти минералӣ ба мисли семент, нерӯи барқ, маъдан ва консентратҳо дониста мешавад. Ин ба рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ дар Ӯзбекистон рабт дода мешавад, ки талабот ба воридоти ин маҳсулотро аз Тоҷикистон кам кард.
Масалан, мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои истеҳсоли семент ба коҳиши харидории ин маҳсулот аз Тоҷикистон боис гардид. Ҳаҷми содироти семент аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар муқоиса бо 342 ҳазор тонна дар соли 2023 то 260,2 ҳазор тонна дар соли 2024 кам шуд.
Моҳи апрели соли 2024 дар вохӯрии сарони кишварҳо Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон нияти афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот то 2 млрд доллар дар солҳои наздик таъкид шуд. Васеъ кардани номгӯи маҳсулоти воридотӣ аз ҳарду ҷониб ва бунёди минтақаҳои нави савдои наздимарзӣ барои суръат бахшидан ба тиҷорат аз ҷумлаи самтҳои асосии ҳамкорӣ номбар шуд.
Ба масоили мавриди баҳрабардорӣ қарор додани лоиҳаҳои муштараки самоягузорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика, бахши кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ ва дорусозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Ин ташаббусҳо бояд ба гуногунсамт сохтани савдои дуҷониба ва фароҳам овардани имконоти нав барои ҳамкорӣ кумак кунанд. Дар доираи созишномаҳо ҳамчунин истифодаи фаъолонаи захираҳои Ширкати сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои тиҷорати кишварҳо уфуқҳои нав муҳайё месозад.
Бино ба маълумоти ин ширкат, соли 2017 шумори корхонаҳои муштарак қариб 22 баробар - аз 17 то 370 ширкат афзуд. Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба бунёди минтақаи савдо дар гузаргоҳи сарҳадии “Ойбек - Фотеҳобод”, сохтмони маркази савдо ва логистикаи “Андархон” ва ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон дар қаламрави Тоҷикистон лоиҳаҳои муштаракро амалӣ мекунанд.
Футзалбозоне, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 7
То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста